Исмҳои шахс ва ғайришахс аз ҷиҳати маъно, қабули шаклҳои грамматикӣ, калимасозӣ ва мувофиқати хабар бо онҳо аз ҳам фарқ мекунанд.
Дар забони тоҷикӣ танҳо исмҳои шахс ба саволҳои кӣ?, киҳо? дигар ҳамаи исмҳо ба саволҳои чӣ?, чиҳо? ҷавоб мешаванд. Хабар бо исмҳои шахс, ки мубтадо шуда омадаанд, одатан мувофиқат мекунад. Агар исм дар шакли танҳо ояд, хабар низ дар шакли танҳо меояд, агар исм дар шакли ҷамъ бошад, хабар ҳам дар шакли ҷамъ воқеъ мешавад. Вале ин қоида ҳангоми мубтадо шуда омадани исмҳои ғайришахс пурра риоя намешавад, зеро бо исмҳои ҷамъи ғайришахс дар шакли танҳо омадани хабар низ дида мешавад:Шохҳои дарахтон меҷунбид (Айнӣ). Дар шароити алоҳидаи нутқ - ҳангоми бо эҳтиром ном бурдани шахс исм шаклан танҳо бошад ҳам, хабар дар шакли ҷамь меояд:Устод шахси бузург буданд. Он кас ҳеч гоҳ бе далелу бурҳон гап намезаданд (Ҷалол Икромӣ).
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Исмҳои шахс ва ғайришахс, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.