Галлий

Галлий (лот.

31
Галлий
69,723
3d104s24p1

Таърих

Кашф ва номгузорӣ

Галлийро соли 1875 кимиёдони фаронсавӣ Л. Де Буабодран кашф намудааст. Ба шарафи номи лотинии Фаронса — Galliа Галлий ном мондаанд.

Хосиятҳо

Физикӣ

Филиззи зудгудози сафеди нуқрагун; ҳарорати гудозишаш 29,8°С, ҳарорати ҷӯшишаш 2403°С, зичиаш 5,1 г/см3. Галлий ягона филиззест, ки дар фосилаи ҳарорати 29,8-2400°С моеъ мебошад.

Химиявӣ

Хосияти кимиёии Галлий ба алюминий мушобеҳ аст. Дараҷаи оксидшавии пайвастҳои Галлий +3 мебошад; пайвастҳои дараҷаи оксидшавиашон +1 Ga2O ва +2 GaCl2 низ маълуманд. Дар ҳаво бо пардаи оксидӣ пӯшида мешавад. Дар шароити муқаррарӣ бо хлору бром, ҳангоми гарм кардан бо йод, оксиген ва сулфур вокуниш мекунад. Дар кислотаҳои сероб бо ихроҷи ҳидроген ҳал мегардад. Бо оксиди Ga2O3 ва ҳидроксиди Ga(OH)3 хосияти амфотерӣ зоҳир менамояд, бо кислотаву ишқорҳо ба реаксия дохил шуда, намак ҳосил мекунад. Галлийи холисро аз электролизи маҳлули Ga(OH)3 ба даст меоранд. Пайвастҳои Галлий дар ҳарорати паст гудохта ва бухор мешаванд. Галлий бо филиззот хӯлаҳои зудгудоз ҳосил менамояд, масалан, хӯлаи он — индий дар ҳарорати 16°С гудохта мешавад. Пайвастҳои Галлий бо сурма Sb ва арсен As хосияти нимноқилӣ доранд. Аз сабаби он ки Галлий филиззи зудгудоз ва безаҳр аст, онро метавон ба ивази симоб дар дандонсозӣ истифода намуд. Галлийи моеъ бо аксари филиззот хӯла ва пайвастҳои хосияти механикиашон заиф ҳосил менамояд. Бинобар ин, мавҷудияти Галлий дар таркиби филиззот боиси суст шудани устувории онҳо мегардад.

Изотопҳо

Галлий дар табиат дар шакли ду изотоп — 69Ga (60,5 %) ва 71Ga (39,5 %) вуҷуд дорад. Изотопҳои радиоактиви он низ маълуманд. Галлит CuGaS2 аз ҷумлаи минералҳои Галлий аст. Галлий дар таркиби руҳ, оҳан ва алюминий дучор меояд.

Мавҷудият дар табиат

Мавҷудияти Галлийро Д. И. Менделеев чор сол қабл аз Л. Де Буабодран пешгӯӣ карда, онро экаалюминий номида буд. Галлий 1,5∙10−3% -и массаи қишри заминро ташкил медиҳад. Мансуби унсурҳои пароканда аст.

Эзоҳ

Адабиёт

Пайвандҳо

Галлий 
Логотипи Викилуғат
Викилуғат дорои мақола бо номи «Лоуренсий» аст
Галлий 
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:



Tags:

Галлий ТаърихГаллий ХосиятҳоГаллий ЭзоҳГаллий АдабиётГаллий ПайвандҳоГаллийЗабони лотинӣУнсури кимиёӣҶадвали даврии унсурҳои кимёӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Феълҳои монда ва гузарандаАхлоқХабари феълӣВилояти ХатлонОлами ҳайвоноти ТоҷикистонНоҳияи ЁвонАбдулҳақ БетобФеълҳои таркибии номӣГандумБаҳрайнҚуръонШахси ҳуқуқӣБидон (китоб)АхтаршиносӣТитаникЛолаРейнАвестоФакултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии ТоҷикистонАминоспиртҳоИсмҳои шахс ва ғайришахсАбдурраҳмони ҶомӣБоқӣ РаҳимзодаИттиҳоди иқтисодии АвруОсиёҲуқуқи маъмурӣВоқеаҳои кунунӣВйетнамҲамлаи Русия ба Укроин (2022)КамхунӣРангПиряхи ФедченкоБозорМаҷмаи Умумии Созмони Милали МуттаҳидАфриқоШаҳрҳои ТоҷикистонМеъёри ҳуқуқГулчеҳра СулаймонӣКӯлобЗубайр ибни АввомПайвандакҳои пайвасткунандаНоҳияи АштҚарзАдабиёти русӣМӯъмин ҚаноатОсиёи МарказӣВикипедияи ТоҷикӣКайҳоншиносӣЗиндагиномаи ҳазрати МуҳаммадСаҳеҳи БухорӣДинАдабиётДонишгоҳи давлатии ХуҷандБорбадИфторИнтихобот дар ТоҷикистонИнформатикаБуддо дар ҳолати нирванаҲиссача (дастури забон)Рӯйхати кишварҳо аз рӯи аҳолӣКалисои протестантӣДонишкадаи кӯҳию металлургии ТоҷикистонПокистонИсломМуҳаммад Раҳимбий (Амир)СиёҳалафБемории силВилояти Мухтори Кӯҳистони БадахшонФотосинтезАломатҳои роҳБадминтонДавлати МитанКамоли ХуҷандӣЛорен ЛондонБитНоҳияи Ҷайҳун🡆 More