Бордо

Бордо́ (фр. Bordeaux (итт.), окс.

Bordèu, баск. Bordele) — шаҳр дар қисми ҷануби ғарбии Фаронса. Маркази маъмурии департаменти Жиронда. Дар соҳили рӯди Гаронна, 97 км дуртар аз халиҷи Бискай ҷойгир аст. Аҳолиаш 285,1 ҳазор нафар (2010, бо атрофаш 750 ҳазор нафар). Маркази муҳимми нақлиётӣ, бандарҳои калони баҳриаш Пойак ва Ле-Вердон-сюр-Мер (муомилоти бор дар 1 сол 10 млн т). Маркази роҳоҳан, аэропорти байналмилалӣ дорад.

Маҳалли аҳолинишин
Бордо
фр. Bordeaux
Бордо
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар Бордо [[|]]
Роҳбар Pierre Hurmic[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис асри V то м.
Масоҳат
  • 49,36 км²
Баландии марказ 6 м
Минтақаи замонӣ UTC+1[d] ва UTC+02:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Нишонаи почта 33000, 33100, 33200, 33300 ва 33800
bordeaux.fr(фр.)
Бордо Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих

Дар аҳди қадим дар ҷойи маҳалли зисти қавмҳои келтӣ (Бурдигала — Burdigala) ба вуҷуд омадааст. Баъди аз тарафи юнониҳо тасарруф гардидани Галия (асри 1 то м.) маркази музофоти юнонии Аквитания гардид. Аз асри 6 дар ҳайати давлати франкҳо ва солҳои 1153-54 зери мустамликаи шоҳони англис қарор дошт. Дар асри 16 яке аз марказҳои ҷангҳои динӣ ва дар асри 18 маркази бузургтарини тиҷоратии Фаронсаи Ҷанубӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳангоми инқилоби Фаронса дар асри 18 такягоҳи жирондистҳо (аъзои ҳизби жирондӣ) буд. Бордо дар таърихи сиёсии Фаронса нақши муҳим бозидааст. Дар рафти ҷангҳои байни Фаронса ва ПРусия (1870), солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (2 сентябр — 18 ноябри 1914) ва Ҷанги ҷаҳонии дувум (аз 14 июн то 2 июли 1940) қароргоҳи ҳукумат буд.

Саноат

Соҳаи асосии саноаташ — мошинасозӣ, аз ҷумла киштисозӣ, самолётсозӣ, коркарди нафт, хӯрокворӣ, кимиё, чӯбгарӣ ва филиззот. Бордо яке аз марказҳои муҳимми шаробпазӣ ва тиҷорати он дар мамлакат мебошад.

Фарҳанг

Осори меъморӣ: калисои ҷомеи романӣ-готии Сент-Андре (асри 12-14), калисоҳои Сен-Сёрен, Сент-Круа, Сен-Мишел, калисои ҷомеи Андрейи Муқаддас (асри 11-16) ва ғ. Маҷмӯи шаҳрсозии бандари Луна намунаи олии давраи класситсизми ибтидоӣ буда, соли 2007 ин қисмати шаҳр ба Рӯйхатти Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дар соҳаи маориф, илм ва маданият ворид карда шуд. Симои маънавии Бордо-ро асосан биноҳои сохти классикӣ ва маҷмӯи иморатҳои асрҳои 18-19 (Майдони Биржа, Майдони шоҳона, Театри Калон, Меҳмонхонаи баҳрӣ ва Биржа) зинат мебахшанд. Дар қатори иншооти асри 20 маҷмӯи биноҳои иқоматӣ дар Песак (1922-23), бинои донишгоҳ (1441) ва Академияи миллӣ қомат афрохтаанд. Дар Бордо осорхонаҳои саноеи нафиса, санъати ороиши амалӣ, осорхонаи мардумшиносӣ ва Осорхонаи таърихи Аквитания мавҷуд аст. Бордо маркази сайёҳии мамлакат мебошад.

Эзоҳ

Адабиёт

Tags:

Бордо ТаърихБордо СаноатБордо ФарҳангБордо ЭзоҳБордо АдабиётБордоFr-Paris--Bordeaux.oggАкс:Fr-Paris--Bordeaux.oggЗабони баскӣЗабони фаронсавӣФаронсаШаҳр

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Ҷумҳурии Федеролии Олмон (1949—1990)Камоли ХуҷандӣСомонашиносӣНоҳияҳои тобеи ҷумҳурӣСиёсатномаҶигарОбхезӣGoogleОрҳан БийиклӣБохтарҲиссаҳои нутқСтандарти байналмилалии рақамгузории китобЮсуф ва ЗулайхоНақби ХатлонПешояндЧилахон ХоловОсиёи МарказӣӮзбекистонМоҳиҳоФарҳангҳои тоҷикӣ-форсӣМоҳӣНишони давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонНишони ТоҷикистонХобҲиссача (дастури забон)АндозМаънои аслӣ ва маҷозии калимаҳоФормулаи химиявӣСиғаи амрӣНазарияи эҳтимолиятҚандҶанинЭкологияМусиқии ТоҷикистонЧаканНамакПайдоиши ҳаётМиллионери зоғанишинЗабоншиносӣҲуқуқКишварНоҳияҳои ДушанбеНасим РаҷабНамози қасрТемурмаликКобулҶамъияти дорои масъулияти маҳдудРамазон РаҳимзодаҶонишинҳои саволӣАбумуслими ХуросонӣФарҳанги луғатОфтобҶумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонАввалин Бонки Молиявии ХурдМуайянкунандаСамарқандПуркунандаАритмияи дилИсроилМубтадоНасрониёнМеҳраки НӯшзодНизомномаЛимӯҶанги ҷаҳонии дувумСиёсати хориҷии ТоҷикистонИнсонКислотаи дезоксирибонуклеатДавлати СалҷуқиёнВазифаи ҳифзи табиатБонки тиҷоратӣТомирисАттори НишопурӣНоҳияи ЁвонГулистон (асар)Абуҳанифа Нуъмон ибни СобитБемории қандБешаи палангон🡆 More