Бобуна

Бобуна (лот.

Бобуна
Гули бобуна
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Matricaria L., nom. cons.
Мутародифот
Chamomilla Gray
Номенклатурный тип
Matricaria recutita L. (1753) = Matricaria chamomilla L. (1753)
Виды

Гулбуттаи сафедаш меваи сертухм мебандад. Гули бобуна дар саросари Тоҷикистон ва бештар дар минтақаҳои Кӯлоб, Қурғонтеппа, Зарафшон, Рашт, Дарвоз, Ҳисор — дар алафзори паст, қад — қади роҳҳо, доманаи кӯҳҳои сералаф, дарахтзор ва назди иқоматгоҳҳо нашъу нумӯъ меёбад.

Корбурдҳои пизишкӣ

Таркиби садбарггули бобуна, ки дар тиб истифода мешавад, аз равғани эфир, флавоноидҳо, фитостеринҳо, талхӣ, кумаринҳо, витамини С, каротин, кислотаҳои органикӣ, апинин, апигенин ва ғайра иборат аст. Дар тибби қадим гули бобунаро барои рафъи бемориҳои гуногун истифода мебурданд.

  • Дар «Алқонун»-и Абуалӣ ибни Сино омадааст, ин гул мағзро қувват мебахшад. Ибни Сино гули бобунаро барои табобати дарди сар, зардпарвин, балғамрониву пешобронӣ ва зидди ташаннуҷ (рагкашӣ)-и пилки чашм истифода мебурд.
  • Муҳаммад Ҳусайн дар китобаш «Махзану-л-адвия» гули бобунаро дақиқтар таҳқиқ карда, оид ба ҷиҳатҳои дигари шифобахшии он гуфтааст: «Гули бобуна ба бемориҳои нафастангӣ, дард дар қисмати қафаси сина, ҷигар ва рӯда дармон аст. Он кори гурда ва пешобдонро мӯътадил намуда, санги мавҷудбударо нобуд мекунад».
  • Дар тибби Чин обҷӯш ва дамхӯрдаи бобунаро барои муолиҷаи ихтилоҷ, дами рӯдаҳо ва рафъкунандаи исҳол ба кор мебаранд.
  • Дар тибби муосир табибон гули бобунаро давобахши ҳазорҳо дард дониста, барои муолиҷаи бемориҳои гуногун тавсия медиҳанд.
  • Садриддин Насруддиншоҳ — табиби мардумӣ ва гиёҳшиноси Маркази тиббии «Ориён», мегӯяд: «Бобуна бавижа барои бемороне, ки аз хунукӣ сарашон дард мекунад ва гирифторони бемории зардпарвин давои хуб аст. Ҳангоми обравии чашм докаро дар обе, ки гули бобуна дам андохта шудааст, тар карда, ба болои чашм бигузоранд, оби чашмро манъ мекунад».

Чойи бобунаро барои муолиҷаи илтиҳоб (варам, газак)-и пардаи луобии меъда, захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, халадарди меъдаву рӯда, бемориҳои ҷигар, талха, касалиҳои занона, дарди нимсара, рагкашӣ ва ҳамчун доруи хобовар, обҷӯши онро барои ғарғара кардани даҳону гулӯ, шустани захмҳои фасоддор, табобати зардзахму илтиҳоби бандҳо (артрит), бемориҳои чашм, облатаашро барои муолиҷаи омосҳо истифода мебаранд. Пажӯҳишҳои тиббӣ исбот намуданд, ки гули бобуна барои илтиҳоб (газак), манъи хунравӣ, оромбахшии дард, асаб, ташаннуҷ, арақи бадан, кори дил ва захми илтиҳобии меъдаву рӯда даво мебошад. Онҳое, ки ба бемории газаки чашм гирифторанд ва аз захмҳои чиркдор азият мекашанд, метавонанд ҷӯшобаи гули бобунаро дар шакли гармбандӣ истифода баранд. Ҳамчунин ҷӯшобаи гули бобуна дарди ҷонгудози ниқроз (подагра) ва ревматизмро оромӣ мебахшад. Гули бобуна оромибахши асаб аст. Касоне, ки асабонӣ мешаванд ё бехобӣ мекашанд, метавонанд 2 қошуқи калон решаи сунбул (валериан), 3 қошуқи калон бобуна, 2 қошуқи калон гиёҳи хоргулак (пустирник) ва 1 қошуқи калон зираи сиёҳ (тмин) — ро дар 200 грамм оби ҷӯшомада муддати 1 соат дам карда, сипас аз дока гузаронанд ва дар як рӯз ду маротиба — 100 грамм субҳ ва 100 грамм бегоҳӣ пеш аз хоб муддати 2 — 3 рӯз нӯшанд, шифо меёбанд.

Эзоҳ


Tags:

ГиёҳЗабони лотинӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Рӯзи истиқлолиятШумораҳои тартибӣДоктори илмМаҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонМухотабВазорати нақлиёти Ҷумҳурии ТоҷикистонПанҷакентХолмуроди СиддиқDИстихораВйетнамЗабони арабӣСоли 1978Ҷоизаи НобелТаваррумДонишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии ТоҷикистонПротеинҳо дар реҷаи ғизоДамирбек ОлимовВазири мудофиаи Ҷумҳурии ТоҷикистонAESНоҳияи МасчоХунАврупоМегаполисВергулВазорати кишоварзии Ҷумҳурии ТоҷикистонХолид ибни ВалидНоҳияСубҳи ҷавонии моГурӯҳи хунӣХоқонии ТуркЭкосистемаАҳолии ТоҷикистонИстанбулБемориҳои ҷигарШералӣ МирзоВерфПӯсидагии дандонНамакФеъл ( дастури забон)Аломатҳои китобатСамаки айёрЛаҳистонАҳолии ЗаминОрдени КанадаВитаминҳоСоли НавПокистонСерҷиу МатареллаСуръатДеҳоти ҶомӣНоҳияи Абдураҳмони ҶомӣДонишгоҳи давлатии ХуҷандБеларусИнститути таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. ДонишМаҳмадулло ЛутфуллоевҲизбҳои сиёсии ТоҷикистонВорухАргентинаАгентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонСурхаконХизматчии давлатӣШуурФарҳанги забони тоҷикӣБемориҳои асабФутуҳоти МаккаТахачРухсатии ҳарсолаи пардохтшавандаи меҳнатӣБоқӣ РаҳимзодаҲиндустонТоҷмаҳалНерӯгоҳи барқи обии НоракМаликушшуаро БаҳорШириншо ШотемурМамнӯъгоҳи РомитШӯриши ВосеъНармбаданҳо🡆 More