Бернини, Ҷованни Лоренсо

Ҷованни Лоренсо Бернини (Ҷон Лоренсо Бернини; итол. Giovanni Lorenzo Bernini; 7 декабри 1598, Неапол — 28 ноябри 1680, Рум) — меъмор ва пайкарасози итолиёӣ, яке аз барҷастатарин намояндагони ҳунари барокко дар Рум ва тамоми Итолиё.

Бернини, Ҷованни Лоренсо
Суратҳо
Таърихи таваллуд 7 декабр 1598(1598-12-07)[…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 28 ноябр 1680(1680-11-28)[…] (81 сол)
Маҳалли даргузашт
Мамлакат:
Жанр Christian art[d], наққошии манзара[d], ҳунари бараҳна[d], такчеҳра ва Карикатура
Бернини, Ҷованни Лоренсо Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

Аз соли 1605 дар шаҳри Рум зиндагӣ ихтиёр кард. Писар ва шогирди пайкарасози маъруф Петро Бернини. Бернини дар ҷавонӣ ҳаккокии рӯйи мармар ва рассомиро аз падар омӯхт. Шуҳрати ҳунари ӯ то ба дарбори папаи Рум расид. Кардинал Ссипион Боргезе (ҷияни папа) ба ӯ таваҷҷуҳ зоҳир кард ва ӯро зери ҳимоят гирифт. Бернини пайкараҳои ғайримуқаррарии «Эней ва Анхиз», «Рабудани Прозерпина» (1621–1622), «Довуд» (1623–1624), «Апполон ва Дафна» (1624)-ро офарида, ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Ӯ дар асари машҳураш – «Ҷунуни Терезаи Муқаддас» (дар калисои Санта-Мария; 1645–1652) пайванди рӯҳонӣ бо эҳсоси ҷисмониро ба авҷи аъло расондааст. Дар замони папа Урбани VIII Бернини дар меъморӣ ба дастовардҳои бузург ноил гашт. Ӯ дар воқеъ бо осори дар услуби барокко офаридааш ба шаҳри Рум симои зебо бахшид. Дар ин замина машҳуртарин ва бузургтарин шоҳкориҳои меъмории ӯ маҷмааи муҳташами Сан-Петро (1657–1663) мебошад. Бернини дар ансамбли меъмории майдони Пётри Муқаддас (1657–1663), меъмории калисои Сант-Андреал Квиринале (1653–1658), ороиши даромадгоҳи Сахраи Раҷа дар Ватикан (1663–1666) барои офаридани фазои бузург қаторсутунҳо, шаклҳои барҷаста ва фурӯхамидаро моҳирона истифода бурда, зимни ин дар ҳама қисматҳои бино мувозанати ҷиддии таъсирбахшро ба вуҷуд овардааст. Бернини илова ба иҷрои тарҳҳои бузурги меъморӣ ва пайкарасозӣ, нимпайкараҳои шахсиятҳои мазҳабӣ ва дарбориро сохтааст (аз ҷумла «Тасвири Ссипион Боргезе», «Нимпайкараи папа Урбани VIII»). Дар ин қабил асарҳо жарфнигарӣ дар шахсиятҳо ва чирадастии фаннии ӯро метавон мушоҳида кард.

Бернини католики муъмин ва ҳунарманди воло дар даврони ҷунбиши зидди ислоҳи динӣ буд. Ҳамчун меъмор ва пайкарасоз рақибоне чун Алгуродиро пушти сар гузошт ва бар ҳунари садаи XVII таровати тоза бахшид. Вале салиқаи неокласситсизм дар садаи 18 бо осори ӯ созгар наомад. Аз ин рӯ арзиши ҳунари ӯ ҳатто то садаи 20 ба дурустӣ шинохта нашуд.

Сабки пайкарасозии Бернини аз осори Микеланҷело, Караваҷо, Каротичи сарчашма гирифтааст. Ӯ бар ваҳдати муҷассама ва муҳити он таъкид кард, ки ин нуктаро дар оромгоҳҳои сохтааш ба хубӣ метавон дид. Назокату таровати иҷрои кор ва низ ҳолатҳои ноороми пайкараҳо бинандаро водор месозанд, ки ба муҷассама аз зовияҳои мухталиф нигоҳ кунад. Вале ин тазод ғолибан дар нерӯ ва ҳаракати сареҳи пайкараҳо зоҳир мешавад. Бернини ба наққошӣ ва тарроҳӣ низ мепардохт, ки дар ин ҷода низ осоре дорад. Илова бар ин карикатура мекашид ва намоишномаи ҳаҷвӣ менавишт. Осори меъморию пайкарасозии вай ба ҳунари Аврупои асрҳои 17–18 таъсири бузург гузошт.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Большая советская энциклопедия. Т. 3. М., 1970;
  • Новая российская энциклопедия. Т. III (1). М., 2007;
  • دائرةالمعارف هنر. تهران، ۱۳۹۰ هـ

Tags:

1598168028 ноябр7 декабрБароккоЗабони итолиявӣМеъморНеаполРум

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Маориф дар ТоҷикистонҶанги ҷаҳонии якумНармбаданҳоДонишгоҳи давлатии ХуҷандГаагаМучалИсм (дастури забон)Ҷадвали даврии унсурҳои кимёӣҚандИсаак Нютон15 августФарҷ (узв)БухороҶанги шаҳрвандии ТоҷикистонҶанги Бузурги ВатанӣВоситаи ахбори оммаШарқи НаздикАҳолии ЗаминҲафт муъҷизаи оламҲуқуқи маъмурӣМаҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонКамоли ХуҷандӣШушФеҳристи мамнуъгоҳҳои ТоҷикистонСарезСаноати ТоҷикистонПокистонКитоби МуқаддасБедилКӯлобКарбогидратҳоПӯсидагии дандонИқлимҲиҷрати МуҳаммадСаъд ибни АбиваққосСайид Абдуллоҳи НурӣХайрулло РаҳимовБеморӣАбдуҷаббор РаҳмонзодаМултфилм12 октябрДаромадИттилоотТемурмаликВорухБадруддин ҲилолӣТермодинамикаҲиссачаҳои саволӣСоли 1534Сураи ЁсинИсмҳои шахс ва ғайришахсҚалъаи ҲисорШутурАндорраРӯзи кайҳоннавардонАлифбои форсӣҲуқуқи гражданӣШералӣ МирзоШоҳроҳи АбрешимФеълҳои монда ва гузарандаСоли НавХизматчии давлатӣНизоми бонкии ТоҷикистонСифати аслӣТоҷикистонКитобхонаи миллии ТоҷикистонРӯзаДавлати ҳуқуқбунёдЗабоншиносӣҲуқуқи меҳнатӣИнформатикаХолид ибни ВалидТасрифи феълҳоВилояти ФарғонаАндоз аз даромади шахсони воқеӣИттиҳоди Шӯравӣ🡆 More