Ангиля

Анги́ля (Брит.) (англ. Anguilla, талаффуз ) — давлат, мулки Британияи Кабир.

Дарозии Ангиля қад-қади соҳил 61 км, масоҳаташ 108 км2, аҳолиаш 14436 нафар (2009).

Ангиля
англ. Anguilla
Парчам Нишон
Парчам Нишон
[[Суруди миллии {{{Номи одӣ}}}|Суруди миллии {{{Номи одӣ}}}]]
Ангиля
Забонҳои расмӣ инглисӣ
Пойтахт The Valley[d]
ММД (БҚХ)
 · Ҳамагӣ $108.9 миллион долл.
Воҳиди пул Eastern Caribbean dollar[d]
Интернет-домен .ai
Рамзи ISO AI
Пешшумораи телефон +1264
Минтақаи замонӣ UTC−04:00[d]

Пойтахташ шаҳри Валли.

Воҳиди пулӣ — доллари Кариби Шарқӣ.

Ҷуғрофиё

Дар ҷазираи ҳамноми гурӯҳи Ҷазираҳои Хурди Антил, дар Вест-Индия воқеъ гашта, дар шимол бо Уқёнуси Атлантик, дар ҷануб бо Баҳри Кариб ҳамсарҳад аст. Ба ҳайати Ангиля якчанд ҷазираҳои хурд (калонтаринаш Сомбреро) вориданд.

Табиат

Ҳудуди Ангиля борику дароз ва ҳамвор (нуқтаи баландтаринаш аз с. б. 65 м) аст. Хокаш асосан аз оҳаксанг иборат буда, атрофаш бо рифҳои марҷонӣ иҳота шудааст. Кони намак ва захираи фосфат дорад.

Иқлим

Иқлимаш тропикии пассатӣ, гарм. Набототи Ангиля саваннагии хушкидӯст. Соҳилҳои Ангиля аз моҳӣ ва дигар ҳайвоноти баҳрӣ бой аст.

Аҳолӣ

92 фоизи аҳолии Ангиля америкоиҳои африкоинажод, боқимонда — дурагаҳо ва сафедпӯстон. Забони расмӣ — англисӣ. Аҳолӣ мӯътақиди ҷараёнҳои гуногуни динӣ буда, протестантизм бартарӣ дорад.

Иқтисод

Иқтисоди Ангиляро асосан соҳаи хидматрасонӣ, шикори ҳайвоноти баҳрӣ, истеҳсоли конструксияҳои оҳанубетонӣ, ром, истихроҷи намак ва фосфат ташкил медиҳад. Савдояшро асосан бо ИМА, Тринидад ва Тобаго, Британия ба роҳ мондааст. Соҳаи кишоварзӣ он қадар тараққӣ накардааст. Барои таъмини эҳтиёҷоти дохилӣ картошка, нахӯд, ҷуворимакка, чойҷуворӣ кишт мекунанд; бо чорводорӣ — парвариши гӯсфанд, буз, хук ва парандапарварӣ машғуланд. Роҳҳои автомобилгард (105 км), бандарҳои баҳрӣ ва аэропорти байналхалқӣ дорад.

Эзоҳ

Сарчашма


Tags:

Ангиля ҶуғрофиёАнгиля ТабиатАнгиля ИқлимАнгиля АҳолӣАнгиля ИқтисодАнгиля ЭзоҳАнгиля СарчашмаАнгиляАлифбои овонигории байналмилалӣБританияи КабирДавлатЗабони англисӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

АдабиётМактабНоҳияҳои ТоҷикистонУзвҳои таносули занонаАврупоАбулқосим ЛоҳутӣC++Ҷонишинҳои шахсӣАттори НишопурӣТаърихГули садбаргБиосфераДулонаПӯсидагии дандонҚитъаИдҳои анъанавӣВожаҷӯМухтор АвезовАритмияи дилАтомДевонГазнаАбдурраҳмони ҶомӣРӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонСоли 2020Саҳеҳи БухорӣДавлати ФаластинИқлимОинномаБемориҳои санги гурдаҶадвали электронӣШаҳрҳои ТоҷикистонКишоварзӣ дар ТоҷикистонҶумъа ОдинаВазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии ТоҷикистонМеъёри ҳуқуқБайт (шеър)Воқеаҳои кунунӣВазифаи ҳифзи табиатАсри санг дар ТоҷикистонАдиб Собири ТирмизӣВосеъАспи тоҷикӣЛайлӣ ва МаҷнунСаноати ТоҷикистонШоирКалимаҳои забони тоҷикӣ аз ҷиҳати сохтДастури забонБухороАлгоритмМева20 сентябрВазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии ТоҷикистонВазорати фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонЗахираҳои меҳнатӣКонодоНишонҳо ва парчамҳои ТоҷикистонМаликушшуаро БаҳорИсоШакли идораи давлатСоли 1969ҶиноятЭнсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷикШоҳномаТоҳириёнИқболи ЛоҳурӣМаҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонКамолуддин БиноӣИззатулло ҲаёевМаҳмадулло ЛутфуллоевБритониёДинСаҳифаи аслӣ🡆 More