Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сосиалистӣ (Иттиҳоди Шӯравӣ, ИҶШС; русӣ: Союз Советских Социалистических Республик, СССР) — кишваре буд, ки дар солҳои 1922 — 1991 дар бахши бузурге аз шарқи Аврупо ва шимоли Осиё вуҷуд дошт.
Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сосиалистӣ | |||||||||
Союз Советских Социалистических Республик | |||||||||
| |||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| |||||||||
Гимн | |||||||||
Пойтахт | Маскав | ||||||||
Забон(ҳо) | русӣ | ||||||||
Воҳиди пул | Soviet ruble[d] | ||||||||
Майдон |
| ||||||||
Аҳолӣ |
| ||||||||
Шакли ҳукмронӣ | ҷумҳурии шӯравӣ[d], Ҷумҳурии порлумонӣ, single-party system[d], federation[d] ва communist dictatorship[d] | ||||||||
Давлати Шуравӣ: Инқилоби солҳои 1905 – 1917, ҷанги шаҳрвандӣ, ташкилёбии давлати Шуравӣ, ки аз октябри соли 1917 то охири 1991-ум сол вуҷуд дошт. Бӯҳрони ҷамъиятие, ки дар Русия сар зада буд ба ҷудошавии ҳукумату ҷомеа ва баъдтар ба шӯришҳои солҳои 1902 - 1905 оварда расонд. Гарчанде, ки ин шӯришҳо бебарор буду ба ивази ҳукуматдорон оварда нарасонд, лекин ин шӯришҳо инқилоби ба соли 1917 рух дода шуда асос гузошт.
Иштироки Русия дар Ҷанги якуми Ҷаҳон (1914 – 1918), ба болоравии нархҳо дар бозор, камшавии молу маҳсулот ва инчунин ба гуруснагии аҳолӣ оварда расонд, дар натиҷа зимистони соли 1917 бӯҳрони сиёсӣ боз ҳам тезу тунд гашт. Феврали соли 1917, шӯриши яроқноке ки дар Санкт – Петербург шуда буд, ба дасткашии Николайи II аз тахт оварда расонд, ки ба ҷои ӯ акнун мамлакатро Ҳукумати муваққатӣ идора мекард. Аммо дар натиҷаи шӯриши моҳи октябри соли 1917 ба сари ҳукумати Русия болшевикон (РСДРП(б) омаданд (Минбаъд РКП(б), ВКП(б), КПСС - Партияи Коммунистии Русия (Партияи Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ) бо сардории В. И. Ленин). Баъд аз 3 соли ҷанг бо душманони дохиливу хориҷӣ болшевикон тавонистанд ҳокимятро дар собиқ Империяи Русия ба даст оранд.
Дар натиҷаи Инқилоби Октябрии соли 1917 дар мамлакат ҷанги Шаҳрвандӣ (солҳои 1917 – 1923) ба амал омад, ки мубориза баҳри ҳукмронии давлат байни болшевикҳо (артиши “сурхҳо”) ва душманони онҳо (артиши “сафедҳо”) мерафт. Барои ба мақсади худ расидан ҳам “сурхҳо” ва ҳам “сафедҳо” террорро истифода бурданд, ки дар натиҷа бештар аҳолии бегуноҳ ранҷ кашиданд. Ғайр аз ин давлатҳои хориҷӣ низ дар ин ҷанг иштирок карданд, онҳо мехостанд, ки давлати Русро суст кунанд ва онро ба қисмҳо ҷудо кунанд. Лекин болшевикон тавонистанд, ки ғалаба кунанд ва сиёсати ягонаро дар Русия ҷорӣ кунанд. Давлати наве, ки ба он масоҳати бештари империяи пештараи Русия дохил мешуд номи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сосиалистӣ (ИҶШС) гирифт. Умуман дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ва инқилоб дар Русия: 25 млн аҳолӣ ба ҳалокат расид, истеҳсоли саноат 5 маротиба ва маҳсулоти кишоварзӣ низ 40% кам шуд.
Дар ин ҳолатҳои ногувор аз нав барқароркунии иқтисодиёти Русия оғоз гардид. Дар ин вақт бештар ба саноаткунонии мамлакат: саноати мошинасозӣ, металургӣ, ҳарбӣ, коркарди конҳо ва сохтмони стансияҳои электрикӣ маблағгузории Ҳукумати шӯравӣ сарф карда мешуд. Тараққиёти саноати вазнин зарари худро бештар ба саноати сабуку кишоварзӣ расонид. Ҳаёти одамони одӣ дар ин давра хело ҳам бад буд, сатҳи зиндагии аҳолии шӯравӣ паст буд нисбат ба дигар давлатҳо, маҳсулотҳои одӣ намерасиданд, мушкилоти ҷиддӣ, ки ин таъмини аҳолӣ бо маскан буд боқӣ монд.
Рӯзи таъсисёбии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС - СССР) 30 декабри соли 1922 мебошад.
Дар давоми мавҷудияти Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС - СССР) се маротиба Конститутсияи ИҶШС қабул шудааст:
Сараввал, мувофиқи Шартнома оид ба таъсиси ИҶШС (30 декабри соли 1922), ба ҳайати ИҶШС ҷумҳуриҳои зерин ворид шуданд:
ҷумҳурӣ | масоҳат, ҳаз. км² | аҳолӣ, ҳаз. наф. (1966) | аҳолӣ, ҳаз. наф. (1989) | шумораи шаҳрҳо | шумораи шаҳракҳо | Маркази маъмурӣ |
---|---|---|---|---|---|---|
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Федералӣ Русия | 17075,4 | 126561 | 147386 | 932 | 1786 | Москва |
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Украина | 601,0 | 45516 | 51704 | 370 | 829 | Киев |
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии белорусия | 207,6 | 8633 | 10200 | 74 | 126 | Минск |
ҶШС Ӯзбекистон | 449,6 | 10581 | 19906 | 37 | 78 | Тошканд |
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Қазоқистон | 2715,1 | 12129 | 16538 | 62 | 165 | Алмаато |
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Гурҷистон | 69,7 | 4548 | 5449 | 45 | 54 | Тбилиси |
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Озарбойҷон | 86,6 | 4660 | 7029 | 45 | 116 | Боку |
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Литва | 65,2 | 2986 | 3690 | 91 | 23 | Вилнюс |
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Молдавия | 33,7 | 3368 | 4341 | 20 | 29 | Кишинёв |
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Латвия | 63,7 | 2262 | 2681 | 54 | 35 | Рига |
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Қирғизистон | 198,5 | 2652 | 4291 | 15 | 32 | Бишкек |
ҶШС Тоҷикистон | 143,1 | 2579 | 5112 | 17 | 30 | Душанбе |
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Арманистон | 29,8 | 2194 | 3283 | 23 | 27 | Ереван |
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Туркманистон | 488,1 | 1914 | 3534 | 14 | 64 | Ашқобод |
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Эстония | 45,1 | 1285 | 1573 | 33 | 24 | Таллин |
СССР | 22402,2 | 231868 | 286717 | 1832 | 3418 | Москва |
Масоҳати умумии ИҶШС августи соли 1991 22,4 млн км² ташкил мекард.
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Иттиҳоди Шӯравӣ, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.