Саттор Қувватов

Саттор Дилдорович Қувватов (тав.

1.06.1968, д. Чихох, н. Ванҷ) — омӯзгор, сурдопедагог, равоншинос.

Саттор Қувватов
Саттор Дилдорович Қувватов
Таърихи таваллуд 1 июн 1968(1968-06-01) (55 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ванҷ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар Саттор Қувватов Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Ҷоизаҳо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» (2005)

Зиндагинома

Саттор Қувватов баъд аз хатми мактаб то соли 2009 ба ҳайси омӯзгор дар муассисаҳои маорифи ноҳиям Ванҷ кор кардааст. Ӯ солҳои 2003-2008 донишҷӯи факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ. Соли 2009 баъд аз кушода шудани ихтисоси сурдопедагоика дар назди факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ӯ ба ҳайси омӯзгори фанни сурдопедагогика ва алифбои дактилӣ ба кафедраи тарбияи томактабӣ даъват мешавад. Соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи назария ва методикаи таълими томактабии факултети психология, таҳсилоти томактабӣ ва аз 2017 инҷониб муаллими калони кафедраи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогири факултети психология ва таҳсилоти фарогир.

Саттор Қувватов узви гурӯҳи кории Созмони байналмилалии ношунавоён оиди таҳияи имову ишораҳои миллӣ, аъзои гурӯҳи кории таҳсилоти инклюзивии кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Баҳри ҳадафҳои муайян солҳои 2009-2012 дар курси тарҷумони имову ишора дар ш. Москва таҳсил намуда, баъдан такмили ихтисосро дар Донишгҳои дефекталогия ва маркази имову ишора ва таълими кӯдакони ношунаво дар ш. Москва гузаштааст. Иштирокчии чандин мизи муддавар ва семинар- машваратҳо, аз Қабили семинари омӯзиши оид ба ишораҳои миллӣ ш. Москва (2013), мизи мудаввар дар мавзуи таълими кӯдакони ношунаво дар мактабҳои ҳамагонии ш. Кобул (соли 2013), семинари омӯзиши оид ба таълими фарогири давлати Литва (соли 2011), мизи мудаввар дар мавзуи имову ишора дар таълими кӯдакони ношунавоёни ш. Москва (2010), Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи хуқуқҳои забоншиносии ношунавоён ш. Москва (2007), мизи мудаввар дар мавзуи “Бартараф кардани монеаҳои забоншиносӣ дар таълими кӯдакони ношунаво (2014) мебошад.

Фаъолияти илмӣ

Нақши забони ишораро дар таълим, тарбия ва инкишофи кӯдакони ношунаво ва дигар масъалаҳои педагогикаи махсус аз тарафи ӯ таҳҚиҚ шуда истодаанд. Муаллифи 5 китоби дарси барои кӯдакони ношунаво, 5 китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ, зиёда 30 мақолаи илмӣ мебошад. Хизматҳояш бо ифтихорномаҳо ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2005) қадр карда шудааст.

Осор

Луғати ишоравии забони тоҷикӣ. Д., 2008; Алифбо барои синфи тайёрӣ. Д., 2010; Талаффуз барои синфи 1-2. Д., 2010; Инкишофи нутқ барои синфи 2. Д., 2011; Хониш барои синфи 3. Д., 2013; Олегофренопедагогика барои мактабҳои олӣ. Д., 2013; Имову ишора. Д., 2015; Олегофренопедагогикаи умумӣ ва томактабӣ. Д., 2017; Асосҳои дефектология. Д., 2017; Роҳҳои такмили корҳои ислоҳнамоӣ бо кӯдакони ноқисии нутқ дошта дар раванди таълим. Д., 2016; Нақши забони имову ишора дар таълиму тарбия ва инкишофи кӯдакони ношунаво. Д., 2017; Эҳсоси дарди лолои ҳар кас наметавонад. Д., 2018; Таърихи ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони ношунаво. Д., 2019; Ношунавоён ва роҳҳои таълимоти онҳо. Д., 2019; Мазмун ва мавқеи забон дар таълими мактаббачагони ношунаво. Д., 2021

Пайвандҳо

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

Эзоҳ

Tags:

Саттор Қувватов ЗиндагиномаСаттор Қувватов Фаъолияти илмӣСаттор Қувватов ОсорСаттор Қувватов ПайвандҳоСаттор Қувватов ЭзоҳСаттор Қувватов

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

НоҳияАудитИёлоти Муттаҳидаи АмрикоКонфутсийПӯсидагии дандонАмрикои ҶанубӣФайзулло ШарифзодаСармояХуҷандИстра3 июлВазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии ТоҷикистонҲиҷоИмом БухорӣМӯъмин ҚаноатТермодинамикаҶадвали электронӣФеълҳои таркибии номӣПротеинҳо дар реҷаи ғизоҚонунАтмосфераи ЗаминПешоянд ва пасояндҳо (дастури забон)Осорхонаи миллии ТоҷикистонГенерал-губернатории ТуркистонАз Ориён то СомониёнДастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонШоҳаншоҳии СосонӣБеларусДеҳоти ҶомӣРаиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии ТоҷикистонОсорхонаи мардумшиносии АИ ТоҷикистонСаффориёнМаҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонСаразмГулгардонӣУмари ХайёмИбни ЯминАбдуқодири АбдуқаҳҳорФеъли ҳолҲайдаршо ПирумшоевОкруги ХуҷандСифати аслӣ5 октябрХаритаПуркунандаСурхчаАттори НишопурӣМайкл ҶексонПорисАрманистонСаратонЛондонФеълҳои бевосита ва бавоситаҶазоИндонезияЗуҳраДафтарУзвҳои пешобАҳолии ЗаминРусияИбораи рехтаИмперотурии УсмонӣМуродифБобоҷон ҒафуровНоҳияи Ҷалолиддин БалхӣСуманакСохти сифатҳои феълӣҲофизВазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии ТоҷикистонАрабистони СаудӣХолид ибни ВалидФарҳанги ТоҷикистонНоҳияи ЛахшБозиҳои олимпӣЭронРомантизм🡆 More