Сайидризо Ализода

Сайидризо Ализода (15 феврал 1887, Самарқанд, генерал-губернатории Туркистон — 24 декабр 1945, Боку) — рӯзноманигор, воқеанигор, мутарҷим, забоншинос ва омӯзгори тоҷик.

Саидризо Ализода
Таърихи таваллуд: 15 феврал 1887(1887-02-15)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 24 декабр 1945(1945-12-24) (58 сол)
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: нависанда, рӯзноманигор, тарҷумон

Зиндагинома

Ализода Сайидризо 15 феврали 1887, маҳаллаи Боғи шамоли шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Мактаби усули ҷадидро хатм кардааст (1912), иштирокчии фаъоли корпартоиҳои коргарони Самарқанд (1905—1907), коргари корхонаи бофандагӣ, ҳуруфчини матбааҳои Самарқанд (1909—1919), котиби якӯми ҳизби болшевикии н. Боғи шамоли ш. Самарқанд, муҳаррири аввалин нашрияи шӯравии тоҷикӣ «Шӯълаи инқилоб» (1919—1921), муаллими забони арабӣ, форсӣ ва тоҷикӣ Донишгоҳи давлати Самарқанд (1933—1937)

Эҷодиёт

Mуаллифи аввалин алифбои тоҷикӣ «Китоби нахустин», «Дабистони тоҷик» (1920), «Сарфу наҳви тоҷикӣ» (1926), муҳаррир ва мураттиби аввалин луғати русӣ-тоҷикӣ (ду ҷилд, 1933 −1934), муаллифи маҷмӯаи мақолаҳои публисистии «Ба ҳам бипайвандед, эй ранҷбарони ҳамаи ҷаҳон!», «Сарватмандон навмед мешаванд», «Инглиспарварон бихонанд», «Имрӯз наврӯз аст», «Ба муносибати хабарҳои Бухоро», «Мотами бузург» (дар бораи ба таври фоҷиавӣкушта шудани Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, 1919) ва ғ., шеърҳои «Зан ва мулло», «Ба порахӯр», «Бойамак», «Марсияҳои мушфиқона ба фаранҷӣ». Чун донандаи забҳои арабӣ, форсӣ, русӣ, узбеки, тоторӣ, туркӣ, курдӣ асарҳои «Сад фоиз»-и нависандаи амрикоӣ Эптон Синклер (1934), «Дубровский» (1935), «Духтари капитан» (1936), «Моткаи қарамашшоқ» (1937), «Ҳикояҳои Белкин»-и А. С. Пушкин (1938), «Семент»- и Ф. Гладков (1936), «Пӯлод чӣ тавр обутоб ёфтааст»-и Н. Островский (1937), «Каждум аз меҳроб»-и адиби ӯзбек Абдулло Қодириро (1938) ба тоҷикӣ гардонидааст, аввалин тарҷумон ва муҳаррири асарҳои классикони марксизм-ленинизм.

Некдошт

Соли 1997 ба муносибати 100-умин солгарди таваллудаш дар шаҳри Самарқанд хона-музеи Сайидризо Ализода таъсис ёфтааст. Дар Тоҷикистон асарҳои тарҷуманамуда ва маҷмӯаи мақолаҳои публисистии Сайидризо Ализода ҳамчун мероси адабӣ омӯхта мешаванд.

Эзоҳ

Пайвандҳо

Tags:

Сайидризо Ализода ЗиндагиномаСайидризо Ализода ЭҷодиётСайидризо Ализода НекдоштСайидризо Ализода ЭзоҳСайидризо Ализода ПайвандҳоСайидризо Ализода15 феврал24 декабрБокуВоқеанигорӣГенерал-губернатории ТуркистонЗабоншиносӣОмӯзгорРӯзноманигорСамарқандСоли 1887Соли 1945Тарҷумон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Самаки айёрЧкалов (ноҳияи Бозор-Қӯрғон)Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёСутунмуҳраНазорати молиявӣБешаи палангонСарбадоронЗарафшондарёЗабоншиносӣСиғаҳои феълҚобусномаАл ПачиноТуғрал АҳрорӣИтолиёАкадемияи миллии илмҳои ТоҷикистонРӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонБаҳогузорӣМучалВазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии ТоҷикистонЗебунниcоДавлати ягонаНоҳияи АйнӣШабнами СурайёМаҷлисАдабиёти бадеӣПуркунандаПайвандакҳои хилофӣЗабонДонишгоҳи славянии Русияву ТоҷикистонКалила ва ДимнаПешояндХоҷа Абдуллоҳ АнсорӣМамнӯъгоҳи РомитХилофати УмавиёнЗабони барноманависӣТабиатРӯзи кайҳоннавардонSomon.tjҶазои интизомӣҶумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонПарандаҲиҷоАндоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣВазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии ТоҷикистонФарҳанги луғатВахшШумораҳои тартибӣАбуҳанифа Нуъмон ибни СобитСпитаманНигора ХоловаВазорати адлияи Ҷумҳурии ТоҷикистонБоғдорӣИбораи рехтаБуддоияМанғитияПайвандакҳои тобеъкунандаIPv6Адади транccендентӣГулафзо СавриддиноваAҶадидияАрабистони СаудӣТурсун ӮлҷабоевВазорати фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонРӯзи забони давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонМубтадоТелевизиони Тоҷикистон (Шабакаи 1)СабзавотГулрухсор СафиеваМаҷмӯъи маҳсулоти дохилӣМушхорЛоиқ РаҷабовЭронHTMLВирусҳоҶонишинҳои номуайянӣ🡆 More