Муҳаммадқул Ҳазратқулов (5 ноябри 1944, Истаравшан, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон — 8 октябри 2020, Тоҷикистон) — файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа (1992).
Муҳаммадқул Ҳазратқулов | |
Таърихи таваллуд | 5 ноябр 1944 |
Зодгоҳ | Истаравшан, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 8 октябр 2020 (75 сол) |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фалсафа |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқу фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои фалсафа |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, ИҶШС |
Муҳаммадқул Ҳазратқулов факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин соли 1967 ба поён расондааст. Солҳои 1969-1972 дар Эрон ба ҳайси тарҷумон кор кардааст, соли 1974 рисолаи номзадиро дифоъ кардааст. Солҳои 1980-1990 ӯ роҳбари ҳайати таҳририяи фалсафа ва ҳуқуқ, баъдтар роҳбари шӯрои таҳририяи назорати илмӣ ва бадеии Энсиклопедияи Советии Тоҷик буд. Соли 1991 рисолаи доктории худро дар мавзӯи "Фалсафаи Шаҳобуддини Суравардӣ" дифоъ кард. Солҳои 1992-1996 аввал профессори кафедра, сипас мудири кафедраи фарҳангшиносӣ, этика ва эстетикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Аз соли 1996 ҳамчун ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1996—2006 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон машғули тадрису таҳқиқ буд.
Доманаи таҳқиқаш васеъ аст, мавриди ҳикмати адибони классикии форс-тоҷик, ҷараёни тасаввуф, анъанаҳои бостонии мардуми форсзабон , идҳои суннатии ниёгон, аз ҷумла Наврӯз, тамаддуни ориёиҳо ва ғайра зиёда аз дусад асару мақола навиштааст. Солҳои охир М. Ҳазратқулов китоби дарсӣ барои донишҷӯёни донишгоҳ "Сӯфия" ва таҳқиқоти "Ислом ва Абу Ҳанифа"-ро нашр намудааст.
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Муҳаммадқул Ҳазратқулов, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.