Воҳидҳои Ҳосилавӣ

Воҳидҳои ҳосилавии бузургиҳои физикавӣ — воҳидҳое, ки бо ёрии муодилаҳои содаи байни бузургиҳо (дар ҳолати ба воҳид баробар будани зарибҳои ададӣ) ҳосил карда мешаванд.

Чунончи, барои муқаррар кардани суръати хаттӣ ба сифати муодилаи муайянкунанда аз ифодаҳои суръати ҳаракати мунтазами ростхатта : v=l/t истифода бурдан мумкин аст. Ҳангоми дарозии масофаи тайшуда (бо метрҳо) ва вақти t, ки дар давоми он масофаи мазкур тай шудааст (бо сония), суръатро бо метр бар сония (м/с) чен мекунанд. Аз ин сабаб воҳиди суръат дар Системаи байналмилалии воҳидҳо (СИ) – метр бар сония – суръати нуқтаи ростхатта ва мунтазам ҳаракаткунандаест, ки ҳангоми он нуқта дар муддати 1 с масофаи 1 метрро тай мекунад. Агар ба муодилаи муайянкунанда зариби ададӣ дохил шуда бошад, барои ҳосил кардани воҳиди ҳосилавӣ ба қисми рости муодила он миқдори ададии бузургиҳои аввалаеро ворид мекунанд, ки миқдори ададии воҳиди ҳосилавии муайяншаванда ба воҳид (як) баробар шавад. Мас., воҳиди энергияи кинетикии Системаи байналмилалии воҳидҳо – килограмм-метр дар квадрат (кг-м2) бар сония дар квадрат (с2) ин энергияи кинетикии ҷисми массааш 2 кг аст, ки бо суръати 1м/с ҳаракат мекунад ё энергияи кинетикии ҷисми массааш 1 кг аст, ки бо суръати √2 м/с дар ҳаракат аст. Ин воҳидро ҷоул (Ҷ) меноманд. Воҳидҳои ҳосилавӣ инҳоанд: м2 (воҳиди масоҳат), м/с (воҳиди суръат), Ҳс = 1/с (воҳиди басомад), Па (воҳиди фишор), Вт (воҳиди тавоноӣ), Ф (воҳиди электргунҷоиш) ва ғ.

Эзоҳ

Сарчашма

Tags:

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ИлмТобистонАммиакТемуриёнОлами набототМукофотҳои давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонМучалЗабони лотинӣСаидмурод ДавлатовТасаввуфРуслан СаликовФарҳанги ТоҷикистонЗабони арабӣНоҳияи ПанҷакентБемории ғалаёни хунАлифбои форсӣАтмосфераАмрикои ШимолӣВазорати адлияи Ҷумҳурии ТоҷикистонВоқеаҳои кунунӣИқболи ЛоҳурӣЗаминшиносӣЗабоншиносӣХуҷандКалимаҳои тақлидӣДушанбеКофарниҳон (дарё)РӯдакӣСайидои НасафӣАлгебраХаритаИқлимБулғористонШахси ҳуқуқӣМорхӯрФеҳристи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонШиркати Алюминийи ТоҷикБуҷети давлатӣГумрукСанъатСифати нисбӣКитоби сурхи Ҷумҳурии ТоҷикистонКислотаУмари ХайёмСалмони ФорсӣСотим УлуғзодаДонишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди ТоҷикистонОзарбойҷонАсри санг дар ТоҷикистонПудинаЗебунниcоЗахираҳои табиъии ТоҷикистонХабар (дастури забон)ЧистонУбайд РаҷабПрезиденти Ҷумҳурии ТоҷикистонРусияТаҳияи масҷидВирусҳоБемориҳои чашмФормулаи химиявӣҶигарДавлати ҲайтолиёнОриёӣЮрий ГагаринҲизбҳои сиёсии ТоҷикистонЛуғати дузабонаКодексҶонибеки МуродШӯриши СпитаменФутболЗабони тоҷикӣМуҳаммад ҒоибХонии ҚӯқандТаърихи Тоҷикистон🡆 More