Физиология Боздорӣ

Боздорӣ — дар физиология, фаъолияти асаб, ки ангезишро суст ё пешгирӣ мекунад.

Боздориро соли 1862 физиологи рус Иван Сеченов кашф кардааст. Вобаста ба маҳалли пайдоиш боздорӣ канорӣ (дар мушакҳо ё аносири ғадуддор) ва марказӣ (дар доираи силсилаи асаби марказӣ) мешавад. боздорӣ ба воситаи моддаҳои махсуси кимиёӣ, ки нӯги торҳои асаб ҷудо мекунанд, ба вуҷуд меояд. Медиаторҳо (моддаҳое, ки ангезишро аз нӯги торҳои асаб ба узвҳо ва аз як ҳуҷайраи асаб ба ҳуҷайраи дигари асаб мебаранд) ба молекулаҳои мембранаҳои ҳуҷайраи асаб таъсир карда, ҳадди ҳаяҷонпазирии онҳоро паст ё ҳаяҷони бархестаро «хомӯш» месозанд. Тарзи боздорӣ пурра омӯхта нашудааст, вале аҳаммияти он дар танзими фаъолияти физиологии организм маълум мебошад. Мас., боздории афферентӣ ҳаяҷони унсурҳоеро, ки акси якдигар фаъолият доранд, суст мекунад ва боиси ҳамамалии онҳо мегардад. Аз ҷумла, ангезише, ки дар унсурҳои асаб ба вуҷуд меояд, фақат мушакҳоро таҳрик дода, боиси боздории мушакҳои ба ҳам зид (мас., мушакҳои хаму росткунандаи буғумҳо) мешавад. боздории бозгарданда, ки ба воситаи торҳои бозгардандаи асаби нейронҳои эфферентӣ ва ориятӣ ба вуҷуд меояд, барои тасбити ин ё он гурӯҳи нейронҳо мусоидат мекунад. боздорӣ монанди ҳаяҷон метавонад дар асоси рефлексҳои шартӣ низ пайдо шавад (нигар Фаъолияти олии асаб). Физиологи рус И. П. Павлов фаъолияти рефлексҳои шартиро омӯхта, ду навъи боздорӣ — берунӣ (ғайришартӣ) ва дохили (шартӣ)-ро ҷудо кард. Павлов боздории муҳофизро, ки силсилаи асабро аз ангезиши барзиёд ё хастагӣ дифоъ мекунад, шакли асосии боздорӣ гумон мекард.

Фаъолияти муҳофизию мутобиқгардонии боздорӣ барои тиб аҳаммияти калон дошта, ба туфайли он комёбиҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Аз ҷумла, ба ин васила татбиқи доруҳои хобовар ва таскинбахш ҳангоми муолиҷаи шоки садамавӣ ва баъзе намудҳои невроз роҳи ҳалли худро пайдо кард. .

Эзоҳ

Адабиёт

Tags:

Физиология

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Шом (намоз)ҚонунОлами набототи ТоҷикистонМуҳаммадМизоҷ (равоншиносӣ)ДарахтМаҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонМаликушшуаро БаҳорБемории силҶамъияти Ҳилоли Аҳмари ТоҷикистонРӯбоҳШукурҷон ЗуҳуровЗабти давлатҳои Осиёи Миёна аз ҷониби РусияУбайди ЗоконӣКӯҳҳои ТоҷикистонҶумҳурии Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонИқтисоди ҷаҳонӣk9hryКонститутсияи ТоҷикистонИбни СиноВазорати фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонДавлати СомониёнҶанги Бузурги ВатанӣҶалолуддини БалхӣТемурмаликАврупоМаркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонФеҳристи баландтарин қуллаҳои ЗаминСадриддин АйнӣСотим УлуғзодаИттиҳоди ШӯравӣОриёӣДастгоҳи иҷроияи Президенти ТоҷикистонАлифбои тоҷикӣЗабоншиносӣВоситаи ахбори оммаБемории панкреатитДавлати исломии Ироқу ШомСадонокҳоДонишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории ТоҷикистонДавлати ҲайтолиёнРӯзи забони давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонПойгоҳи додаҳоНоҳияҳои ДушанбеБозиҳои дидактикӣШутурИнсонАвфВазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии ТоҷикистонПудинаКитобҲаёти ҷинсӣҶанги ҷаҳонии якумГоҳшумории ҳиҷрӣГурбаОсорхонаи миллии ТоҷикистонИҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонМукофотҳои давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонБандак (забоншиносӣ)Мудофиаи гражданӣЭнсиклопедияи Миллии ТоҷикАмир ОлимхонЛайлӣ ва МаҷнунФарҳанги тафсирии забони тоҷикӣХати АвестоТабиатМиланЗаминТаърихи ТоҷикистонҶанги ҷаҳонии дувумИсломШамсиддини ШоҳинТазкирату-л-авлиёҶонишинҳои шахсӣСоли 1969Интернет дар ТоҷикистонНуқтаҳои канории ТоҷикистонҲол (забоншиносӣ)🡆 More