Хуан Грис

Хуáн Грис (исп. Juan Gris, номи аслӣ: Хосе Викториано Кармело Карлос Гонсалес Перес (исп. José Victoriano González-Pérez); 23 март 1887, Мадрид — 11 май 1927, Булун-Бийонкур ё Порис) — наққош, тарроҳ, мусаввир ва нависандаи испониёӣ.

Хуан Грис
исп. Juan Gris
Суратҳо
Таърихи таваллуд 23 март 1887(1887-03-23)[…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 11 май 1927(1927-05-11)[…] (40 сол)
Маҳалли даргузашт
Мамлакат:
Жанр кубисми таҳлилӣ[d], табиъати беҷон, ҳунари интизоъӣ, ҳунари фигуротив[d] ва такчеҳра
Хуан Грис Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

Аслан дар Фаронса кор кардааст. Яке аз устодони барҷастаи мактаби кубизм дар наққошӣ. Дар Мадрид дар назди Х. Морено Карбонеро сабақи наққошӣ гирифт. Аз соли 1906 дар Порис зиндагии доимӣ ихтиёр карда, бо шахсиятҳое ҳамчун П. Пикассо, Ж. Брак, Г. Аполлинер ошно шуд. Дар нахустин давраи кубизм (1911—1914) тарҳи муътадили ин ҷараёнро таҳия кард, ки моҳияти муроқибати зоҳирии объектро аз чанд мавқеъ ҳифз мекард («Суроҳӣ ва корд», 1912).

Дар лавҳаҳои рассомии Хуан Грис, ки реша бар натюрморти испаниягии асри 17 доранд, вижагиҳои сояравшан бо сароҳату назму таркиби композитсионӣ афзалият пайдо кардааст («Кӯза, митҳара ва истакон», 1911). Робита бо суннатҳои ҳунарии гузашта (осори А. Ватто, К. Кора, П. Сезанна), ки барои Хуан Грис ҳамеша муҳим буд, дар класситсизми кубистии ӯ (1916—1921), ки аз ҷониби худи мусаввир ҳамчун василаи наздик шудан ба кубизми «соф» баррасӣ шудааст, инъикос ёфтааст. («Абр» 1921)

Солҳои 1920 осори Хуан Грис. шакли хос мегиранд: дар пуробурангӣ муносибати бештар табиӣ ба ашёи мавриди тасвир ва тобиши сабуки ҳаҷвомез («Арлекини дарозкашида дар рӯи миз», 1924). Дар ин давра Хуан Грис ҳамчунин фаъолона ба ороиши китобҳо, тарроҳии костюмҳо ва ороиши саҳнаи «Балети русӣ»-и С. Дягилев машғул буд.

Эзоҳ

Адабиёт

Tags:

11 май23 мартd:Q151152Булун-БийонкурЗабони испанӣМадридПорисСоли 1887Соли 1927

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ШиъаНоҳияи ХовалингШаби қадрАлифбои кирилликӣПайвандакҳои пайвасткунандаИёлоти Муттаҳидаи АмрикоИллинойсОзахЗебоишиносӣШаҳрGmailВазоратҳои Ҷумҳурии ТоҷикистонТағйирпазирии ирсӣҲаёти ҷинсӣРомантизмАндоз аз молу мулки ғайриманқулПанҷакентЗаминФароштурукСаратонУқёнуси ОромХокШумораҳои таркибӣРагҳои хунСиёсатшиносӣМултфилмАштархониёнКислотаҶанги ҷаҳонии дувумАлифбои форсӣБадминтонНоҳияи ФархорИдеологияМаймунАдабиёти русӣМассаи атомӣДонишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории ТоҷикистонФеҳристи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонМаҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонТандурустӣ дар ТоҷикистонФурудгоҳи иончнг нонионгУзвҳои таносулСоиби ТабрезӣТеатри ЛоҳутӣЯъқуби ЛайсШаҳрҳои ТоҷикистонБарномаи таълимӣБиосенозГургСаъдӣҶонишинҳои шахсӣЗуф (барги зулф)Ҳазрати ИсоThe DoorsСловакияЭмомалӣ РаҳмонДастури забонПомирКувайтМарк ТвенТермодинамикаБисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳимДавлати ФаластинҲуқуқДонишгоҳи давлатии ХуҷандГаструлаРӯйхати кишварҳо аз рӯи масоҳатМухотабДонишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии ТоҷикистонХурмоТаърихДаромадЗабони арабӣБарелйефБемориҳои сироятӣ🡆 More