Саидмуҳаммад Одинаев

Саидмуҳаммад Одинаев (19 октябр 1942, ноҳияи Ховалинг — 3 август 2023) — физикдон, доктори илмҳои физикаю математика (1995), профессор (1996).

Академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (2008), узви Академияи илмҳои Ню-Йорк (1994), академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (2004)

Саидмуҳаммад Одинаев
Саидмуҳаммад Одинаев
Саидмуҳаммад Одинаев
Таърихи таваллуд 19 октябр 1942(1942-10-19)
Зодгоҳ ноҳияи Ховалинг
Таърихи даргузашт 3 август 2023(2023-08-03) (80 сол)
Маҳалли даргузашт шаҳри Душанбе
Кишвар Саидмуҳаммад Одинаев Тоҷикистон
Фазои илмӣ физика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ, Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникии Академияи илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин
Роҳбари илмӣ Акобир Адҳамов
Ҷоизаҳо Ордени Шараф

Зиндагинома

Саидмуҳаммад Одинаев Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро ба поён расондааст (1965). Фаъолияти кориаш дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин аз ассистенти кафедраи физикаи назарӣ оғоз шудааст (1965—1966).

  • 1968—1988 — ходими калони илмии Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон,
  • 1988—1996 — дотсенти кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
  • 1996—1999 — профессори ҳамин кафедра,
  • 1999—2001 — директори Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон, 2001—2005 — ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ,
  • 2005—2008 — ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
  • 2008 — то имрӯз — профессори кафедраи физикаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ. Ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, раиси Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникии Академияи илмҳои Тоҷикистон

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: Назарияи молекулӣ-кинетикии равандҳои релаксатсионӣ, ҳодисоти интиқол, хосиятҳои чандирӣ ва акустикии моеъҳои классикӣ. Муаллифи зиёда аз 170 монографияҳо ва мақолаҳои илмӣ. Ӯ яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи назарияи статистики ҳолати моеъи моддаҳо буда, роҷеъ ба таҳқиқи сохтори микроскопии муҳити конденсӣ дар байни олимони соҳаи физика эътироф шудааст.

Осор

  • Молекулярная теория структурной релаксации и явлений переноса в жидкостях. — Душанбе,1998 (бо ҳаммуаллиф)

Ҷоизаҳо

  • Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
  • Бо ордени «Шараф» (2004) сарфароз гардидааст.

Эзоҳ

Tags:

Саидмуҳаммад Одинаев ЗиндагиномаСаидмуҳаммад Одинаев ОсорСаидмуҳаммад Одинаев ҶоизаҳоСаидмуҳаммад Одинаев ЭзоҳСаидмуҳаммад Одинаев19 октябр20083 августАкадемияи илмҳои ТоҷикистонДоктори илмНоҳияи ХовалингПрофессорСоли 1942Соли 2023Физикдон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Бумиёни АвстралияРӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонМорхӯрЮсуф АкобировСулҳВикипедияи ТоҷикӣСосониёнҶалолуддини БалхӣМусоҳибаи қисман тартибдодашудаТобеъшавии Осиёи Миёна ба империяи РусияГастритОбхезӣБевазнӣҶумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонСаҳифаи аслӣШӯриши СпитаменҶумъа ОдинаУторидАморати БухороДеваштичРӯзи истиқлоли Ҷумҳурии ТоҷикистонСомониёнЭмомалӣ НасриддинзодаГвардияи миллии Ҷумҳурии ТоҷикистонДилАломатҳои роҳСадриддин АйнӣСайёраАбуҳанифа Нуъмон ибни СобитБемориҳои пӯстГардиши хунҶуғрофиёи РусияИмороти Муттаҳидаи АрабӣХаритаҲуқуқи кӯдакФотеҳ НиёзӣНоҳияҳои ТоҷикистонМаздаясноДевонУмари ХайёмМастона ЭргашеваМисри ҚадимИсмКитоби сурхБофтаБомдод (намоз)ПойтахтФунксияҳои тригонометрӣҒаффор МирзоҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»Барги зулфҒазалИқболи ЛоҳурӣЧаканИскандаркӯлШумораIMEI.TJБаёнотМор­фология (мазмунҳо)ҚирғизистонРубоӣАбдулқодирхоҷаи СавдоТаърихи ТоҷикистонМаориф дар ТоҷикистонҶазои маъмурӣЛатифаФирдавсӣҲиҷоСаратонИди РамазонФизикаВазорати адлияи Ҷумҳурии ТоҷикистонВоҳид АсрорӣҶанги ҷаҳонии дувумШайбониёнМудофиаи гражданӣМузаффар (амир)Низоми гумрукӣ🡆 More