Робиа бинти Каъби Қуздорӣ (ар.
Ӯ ҳам ба форсӣ ва ҳам ба арабӣ шеър сурудааст.
форсӣ: رابعه بلخى | |
Таърихи таваллуд: | асри X |
Зодгоҳ: | |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда |
Жанр: | рубоӣ |
Забони осор: | форсӣ |
Ӯ дар Балх дунё омада, бо Рӯдакӣ ҳамаср буд ва бо номаҳо додугирифт мекард. Робиа дар ҳусну ҷамол, фазлу камол, зехни тез ва қудрати шоирӣ ба форсӣ, дарию арабӣ машҳур буд. Уро дар чавонӣ бо гуноҳи ишқ бародараш дар ҳамом буғ карда мекушад.
Робиа ба Бектош, ки гуломи бародараш буд, дил баст. Саргузашти шурангези Робиаи Балхӣ бисёр адибонро ба илхом овардааст. Шоири бузург Аттор (асри ХIII), Ризокулхони Хидоят (асри ХIХ) ва чанд нависандаи Тоҷикистону Афғонистони замони мо дар бораи ӯ асарҳои бадеӣ навиштаанд.
Робиа духтари Каъби Қаздорӣ аввалин суханварест аз ҷумлаи занон, ки номи ӯ дар радифи шоирони форсигӯй зикр шудааст. Ӯ аз муосирони Рӯдакӣ буд. Шайх Аттор дар маснавии «Илоҳинома» достоне аз зиндагии ӯ нақл кардааст, ки беасос буданаш ба ҳақиқат наздиктар менамояд, вале мазмунаш ғазалҳои шӯрангезу равони Робиаро тавзеҳ медиҳад.
Ба гуфтаи Аттор Робиа духтари ҳокими Балх буд. Баъди марги падар бародари бузургаш Ҳорис ӯро сарпарастӣ мекард. Робиа ба Бектош ном ғуломи бародараш ошиқ шуд ва дар ишқи ӯ шеър мегуфт. Вақте ки асрори ошиқон фош гардид, бо фармони Ҳорис Робиаро дар ҳаммоми тафсон андохта, раги хунашро буриданд ва ӯ ҳалок шуд. Ризоқулихони Ҳидоят ҳам дар ин мавзӯъ манзумае ба номи «Гулистони Ирам» навиштааст.
Робиа асосан дар сурудани ашъори ошиқона устод буда, шеърҳои ишқии Рудакиро сармашқи худ қарор медодаст. Мегуянд, ки Робиа дар ҳамом вақти мурдан сари ангушташро хуншор намуда, ба девори ҳамом шеърхо навишт, ки ҳама ошиқона ва пур аз сузу гудоз ва дарду ҳасрат буданд: Аз Робиа 7 ғазал, 4 дубайтӣ ва 2 фардбайт боқӣ мондааст.
Нахустин маҳфили фарҳангие роҷеъ ба ҳаёту осори Робиаи Балхӣ дар Тоҷикистон, шоирону нависандагон ва олимону коршиносон ва алоқамандони ӯро аз Афғонистону Эрон ва Тоҷикистон гирди ҳам овард. Ҳамоиши байналмилалии бузургдошти Робиаи Балхӣ, нахустин бонуи порсигӯй, бо ин суханони пурҷаззоби Гулрухсор Сафиева, шоираи маъруфи тоҷик оғоз гардид:
«Чанд шеъре, ки аз Робиаи Балхӣ мондааст, дар пояи баландтарини шеъри форсӣ эҷод шудааст. Ҳатто рубоие, ки Робиа навиштааст, ба сатҳи рубоии Рӯдакӣ баробар аст. Ман фикр мекунам, ҳамоиши Душанбе ба ифтихору муносибати чанд Робиа, Робиаи мазлум, Робиаи бегуноҳ кушташуда, Робиаи шаҳид, Робиае, ки суханашро ба мо гуфтааст, аммо то ҳол барнагардондаем ва Робиае, ки бояд кашф карда шавад, сурат мегирад»
Муҳаммадбоқири Иштиҳодӣ, намояндаи сафорати Эрон, бар ин назар аст, ки бо вуҷуди он, ки аз Робиаи Балхӣ мероси хеле каме боқӣ мондааст, аммо ҳамнавоӣ бо Абуабдуллои Рӯдакӣ, падари шеъри порсӣ, ба ашъори ӯ ширинӣ ва шур офаридааст ва дар боби эҷодиёти Робиаи Балхӣ чунин гуфт:
"Робиаи Балхӣ дар замони Рӯдакӣ зиста ва ҳамнаво бо ӯ шеър сурудааст ва бо ишқу зебогии худ ширинӣ ва шӯр офаридааст. Ҳамон ки шайх Аттор дар бораи шеъраш мегӯяд:
- «Чунон дар шеър гуфтан хушзабон буд,
- Ки гӯи аз лабаш тамъе (шаҳде) дар он буд»
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Робиаи Балхӣ, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.