Нерӯгоҳи Барқи Обии Норак

Неругоҳи барқи обии Норак ба номи Турсун Ӯлҷабоев НБО Норак - дар дарёи Вахш сохта шудааст.

Сохтмони нерӯгоҳ соли 1961 оғоз гардида, гидроагрегати нахустини он соли 1972, охиринаш соли 1979 ба кор дароварда шудааст. Дар Нерӯгоҳи барқи обии Норак 9 гидроагрегати иқтидори лоиҳавиашон 300 ҳазор кВт насб шудаанд. Иқтидори умумии муайяншудаи неругоҳ 3000 ҳазор кВт - ро ташкил медиҳад.

Нерӯгоҳи барқи обии Норак
Нерӯгоҳи Барқи Обии Норак
Кишвар Нерӯгоҳи Барқи Обии Норак Тоҷикистон
Дарё Вахш
Силсиланерӯгоҳ Вахш
Молик ҶСП «НБО Норак»
Вазъ амалкунанда
Соли оғози сохтмон 1961
Соли бакордарории агрегатҳо 1972-1979
Мушаххасоти асосӣ
Коркарди солонаи энергияи барқ, млн кВт⋅с 11,2 млрд.кВт.с
Навъи нерӯгоҳи барқӣ саддӣ
Фишори ҳисобӣ, м 223
Тавоноии барқӣ, МВт 3 000
Тавсифоти таҷҳизот
Навъи турбина радиально-осевые
Шумора ва маркаи турбинаҳо 9 х РО 310-В-475
Хароҷот ба воситаи трубинаҳо, м³/с 9 х 150
Шумора ва маркаи генераторҳо 9 х
Тавоноии генераторҳо, МВт 9 x 305
Иншооти асосӣ
Навъи сарбанд каменно-набросная
Баландии сарбанд, м 300
Шлюз надорад
Дар харита
НБО Норак (Тоҷикистон)
Нуқтаи сурх
НБО Норак
Нерӯгоҳи Барқи Обии Норак Парвандаҳо дар Викианбор

Нерӯгоҳи Барқи Обии Норак
Нерӯгоҳи барқии обии Норак ба номи Турсун Ӯлҷабоев
Нерӯгоҳи Барқи Обии Норак
Бинои Нерӯгоҳи барқии обии Норак ва обанбор

Таърих

Сохтмони НБО-и Норак соли 1961 оғоз ёфт, агрегати якуми он 15 ноябри соли 1972, бо иқтидори 300 МВт ва нерӯгоҳ бо иқтидори пурраш (2700 МВт) - соли 1979 ба истифода супорида шуд. Соли 1988 ҳамаи нуҳ агрегати нерӯгоҳ таҷдид гардида, иқтидори ҳар кадом ба 335 МВт ва иқтидори умумии нерӯгоҳ ба 3000 МВт расонида шуд. Бо ин иқтидори бузург НБО-и Норак афсонае буд, ки дар кишвари мо ба ҳақиқат табдил ёфт, номи Тоҷикистонро дар арсаи олам машҳур намуд. Аз дигар тараф маҳз НБО-и Норак исбот сохт, ки захираҳои гидроэнергетикии кишвари мо, ки дар як сол 527 миллиард кВт.сатро ташкил медиҳад ва он аз ибтидои солҳои сиюми асри гузашта таҳқиқ мешаванд, воқеӣ буда, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии тамоми минтақа нафъовару манфиатбахшанд.

Дар заминаи нерӯи барқе, ки дар ин нерӯгоҳ ва дигар нерӯгоҳҳои дар дарёи Вахш сохташуда истеҳсол мегардад, аз солҳои 70-ум асри гузашта сар карда, комплекси истеҳсолии Ҷануби Тоҷикистон, аз ҷумла Заводи нуриҳои азотии Вахш, Заводи электрохимиявии Ёвон, Ширкати алюминийи тоҷик ва ғ. созмон ёфт.

Баландии сарбанди НБО Норак — 300 метр (то соли 2013 аз ҳама баландтарин сарбанд дар ҷаҳон ба шумор мерафт).

Нерӯгоҳи Барқи Обии Норак 
НБО-и Норак дар маркаи почта, соли 1974

Обанбори Норак

Обанбори Норак дар дарёи Вахш барои таъмини НБО Норак бо об сохта шудааст. Обанбори Норак чунин параметрҳо (сатҳу ҳаҷм)ро дорост:

  • масоҳати обанбор – 98 км²;
  • дарозии обанбор дар сурати сатҳи максималӣ – 70 км;
  • чуқурии миёна - 107 м;
  • фаррохӣ - 5 км;
  • ҳаҷми умумии лоиҳавӣ – 10,5 км3;
  • ҳаҷми фоиданоки лоиҳавӣ – 4,5 км3;
  • баландии призмаи истифодашаванда – 53 м;
  • сатҳи максималии об – 910 м;
  • сатҳи минималии об - 857 м.

То 1 январи соли 2010 НБО Норак 353,6 млрд. кВт.соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст.

Лоиҳаи «Барқарорсозии НБО «Норак»

20 марти соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии НБО «Норак» оғози расмӣ бахшиданд. Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳа НБО «Норак» таҷдид ва эътимодноктар гардида, иқтидори лоиҳавияш аз 3000 ба 3300 МВт бардошта хоҳад шуд.

Нигаред

Пайвандҳо

Эзоҳ

Tags:

Нерӯгоҳи Барқи Обии Норак ТаърихНерӯгоҳи Барқи Обии Норак Обанбори НоракНерӯгоҳи Барқи Обии Норак Лоиҳаи «Барқарорсозии НБО «Норак»Нерӯгоҳи Барқи Обии Норак НигаредНерӯгоҳи Барқи Обии Норак ПайвандҳоНерӯгоҳи Барқи Обии Норак ЭзоҳНерӯгоҳи Барқи Обии Норак196119721979Дарёи ВахшНБО Норак

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ТоҷикистонНоҳияи АштМуҳаммад Раҳимбий (Амир)Ҷонишинҳои ишоратӣГардиши сармояМигел де СервантесХусрави ДеҳлавӣРагҳои хунАбулқосим Фирдавсӣ. «Шоҳнома» (Дастхат)Варзиш дар ТоҷикистонҶонишинҳои нафсӣШоҳаншоҳии КӯшонӣАврупои ҒарбӣВилояти Бадахшон (Афғонистон)Сифати нисбӣИттиҳоди АврупоАбдуррауфи ФитратМурургари вебДавлати СалҷуқиёнНоҳияи БалҷувонҶомеаи иттилоотӣҚоидаҳои имлои забони тоҷикӣДарахтСайидои НасафӣНоҳияи ЗафарободБонки миллии ТоҷикистонБекдорШаҳрҳои ТоҷикистонСарезЗабти давлатҳои Осиёи Миёна аз ҷониби РусияАморати БухороФеълҳои монда ва гузарандаИспанияШутурИбни ЯминАбдуқодири АбдуқаҳҳорОдамШом (намоз)ПарандаНашри рақамӣМасдарҒалтаки индуктивӣGoogle EarthБаёнотҶоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ РӯдакӣСолшумории мелодӣАрманистонМаънои аслӣ ва маҷозии калимаҳоШумораПанҷакентИбни СиноМӯъмин ҚаноатМеъморӣГургАфлотунБароккоФароштурукТуғрал АҳрорӣАндоз аз даромади шахсони воқеӣҶумҳурии Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонДонишномаРӯдакӣСиёсати хориҷии ТоҷикистонДавлати ФаластинҶанги УҳудДавлати ҳуқуқбунёдҶигарЮнонАз Ориён то СомониёнОзарбойҷонБонкБозорСураи ФотирАтом🡆 More