Марям (арабии مريم, юн.
Μαρία, лот. Maria, русӣ Мария) — модари Исо, дар масеҳият ва ислом аз бузургтарин чеҳраҳо ва солеҳтарин занон. Марям ягона зане аст, ки номаш дар Қуръон зикр шуда ва 70 бор ба он ишора рафтааст.
Марям | |
---|---|
араб. ором. ܡܪܝܡ ибрӣ: מרים | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Таърихи таваллуд: | асри I то м. |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | асри I ё 48 |
Маҳалли даргузашт: |
|
Маҳалли дафн: | |
Кишвар: |
|
Миллат: | Jewish people[d] |
Эътиқод: | яҳудият ва масеҳият |
Падар: | Joachim[d] |
Модар: | Saint Anne[d] |
Ҳамсар | Юсуф[d] |
Фарзандон: | Исои Масеҳ |
Шабоҳат: | Our Lady of the Snows[d], Our Lady of Sorrows[d], Mary in Islam[d], Our Lady of Lourdes[d], Our Lady of Guadalupe, Mexico[d], Our Lady of Fátima[d] ва Our Lady of the Pillar[d] |
Иттилооти иловагӣ | |
Лоиҳаҳои алоқаманд: | Викианбор |
Вироиши Викидода |
Достони Марям дар се сураи маккӣ (19, 21, 23) ва чор сураи маданӣ (3, 4, 5, 66) омада, сураи 19-ум ба номи ӯ «Марям» номгузорӣ шудааст. Тибқи ривоятҳо, падараш Имрон қабл аз таваллуди ӯ даргузашт, модараш Ҳинна умедвор буд, ки писар мезояд, аз ин рӯ, қавл дод, ки кудакро барои хидмат дар маъбад диҳад, аммо духтар зоид ва ӯро Марям номид. Марям дар маъбад зери сарпарастии Закарийё – шавҳари холааш қарор гирифт. Яке аз муҳимтарин муъҷизаҳои илоҳӣ таваллуди Исо аз батни Марям дар бокирагии ӯст. Бо вуҷуди шабоҳатҳое миёни ривояти Қуръон аз таваллуди бокира (19:17–21) ва ривояти Инҷили Луқо (1:26–38) дар ин бора тафовутҳое ҳам ба назар мерасад. Дар ҳар ду китоб ҳам ривоят аз баёни ба Закарийё аз тавлиди Яҳё башорат додани фаришта оғоз мешавад. Марям дар Қуръон «хоҳари Ҳорун» (19:28) хитоб шудааст. Дар Аҳди Қадим нафаре, ки ҳамчун «хоҳари Ҳорун» ёд мешавад, Мирям ном дошта (Хуруҷ, 15:20), яке аз се фарзанди Имром аст; ду фарзанди дигараш Мусо ва Ҳорун мебошанд (Аъдод, 26:59). Аз ин рӯ, гоҳе Марям-ро иштибоҳан бо ӯ як донистаанд.
Марям дар дараи Кедрон дар доманаи кӯҳи Зайтун дар Уршалим мадфун аст. Муътақидон аз «Ҳаммоми Марям» дар Уршалим боздид мекунанд, бо ин эътиқод, ки ӯ дар он ҷо як бор ғусл дода шудааст. Марям бо лақабҳои Сиддиқа (Ростгӯ), Тоҳира (Пок), Батул (Покдоман), Азро (Дӯшиза) ёд мешавад. Бархе аз гиёҳҳо ба номи ӯ номгузорӣ шудааст, монанди «гули Марям», «чанги Марям» («кафи Марям»). Рӯзаи Марям – ишора ба рӯзаи сукут, ки Марям ба дастури Худованд гирифт ва он сухан нокардан бо касе буд (Қуръон, 19:26).
Рӯҳ ба рӯзи висол рӯзаи Марям гирифт,
Иди Масеҳ аст, хез, рӯзагиёҳе биёр!
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Марям, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.