Кумитаи Рушди Сайёҳии Назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — мақомоти марказии ҳокимияти иҷ­роияи Ҷумҳурии Тоҷики­стон дар соҳаи сайёҳӣ.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва ба низоми муайян даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои заруриро фароҳам меорад.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарӣ
Масъули иҷроия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси Кумита Камолиддин Муминзод
Муовини якум Ҳабибулло Амирбекзода
Вебгоҳ ctd.tj

Таъсис

Бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хидматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Вазорат фаъолияти худро дар асоси Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонун­ҳои кон­сти­тут­сионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии То­ҷи­кистон, санадҳои Маҷ­лиси миллӣ ва Маҷ­лиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳу­рии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳу­рии Тоҷики­стон ва асноди ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон медиҳад.

Сохтори кумита

  • Роҳбарият
  • Раёсати рушди сайёҳӣ
  • Шуъбаи иҷозатномадиҳӣ
  • Шуъбаи муҳосибот ва хоҷагӣ
  • Бахши иқтисод ва банақшагирӣ
  • Бахши муносибатҳои байналмилалӣ
  • Бахши кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ
  • Бахши умумӣ ва назорат
  • Бахши котибот

Роҳбарияти кумита

  • Раиси Кумита: Муминзод Камолиддин
  • Муовини якуми раис: Амирбекзода Ҳабибулло
  • Муовини раис:

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Мақолаи асосӣ: Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Соҳаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои сердаромади иқтисодиёти ҷаҳон ва феномени иқтисодии асри ХХ эътироф гаштааст. Дар бештар кишварҳо сайёҳӣ дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши муҳим бозида, ба инкишофи соҳаҳои мухталиф, аз қабили нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар бахшҳои иқтисодиёт таъсири мусбат мерасонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди туристони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Бо дарназардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.

Эзоҳ

Пайвандҳо


Tags:

Кумитаи Рушди Сайёҳии Назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ТаъсисКумитаи Рушди Сайёҳии Назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сохтори кумитаКумитаи Рушди Сайёҳии Назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбарияти кумитаКумитаи Рушди Сайёҳии Назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайёҳӣ дар ТоҷикистонКумитаи Рушди Сайёҳии Назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ЭзоҳКумитаи Рушди Сайёҳии Назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ПайвандҳоКумитаи Рушди Сайёҳии Назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ФароштурукИбни ЯминХотираи берунии компютерЗардолуФеъли ҳолЭкологияФаронсаИндонезияСаҳеҳи БухорӣВазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии ТоҷикистонСураи ЁсинХусрави ДеҳлавӣСозмони ҷаҳонии тандурустӣҲизби демократи ТоҷикистонҒуриёнБПНМСифати феълӣПанҷакентТуркияУкроинДамирбек ОлимовРутбаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонAМуҳаммадшариф ГулханӣБиосфераЯкшанбеНидоПудинаКонвенсияи ҳуқуқи кудакМасдарШумораҳои таркибӣБозиҳои олимпии зимистонаАдабиётОзарбойҷонИёлоти Муттаҳидаи АмрикоСоли НавБаҳроми ГӯрИнсонМуҳаммадиқболи СадриддинМуҳаммад ибни Мӯсои ХоразмӣЗардуштКуруши КабирНерӯгоҳи барқи обии РоғунИнститути таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. ДонишСадонокҳоФурудгоҳи иончнг нонионгВйетнамЯъқуби ЛайсГурдаВазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии ТоҷикистонАвестоПротеинҳо дар реҷаи ғизоҲазрати ИсоВНМОХонии ҚӯқандСаломатӣИттифоқи нависандагони ТоҷикистонҶумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон12 октябрЭнсиклопедияи советии тоҷикСадриддин АйнӣВазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии ТоҷикистонТемурмаликМирзо ТурсунзодаҲизби наҳзати исломии ТоҷикистонШералӣ МирзоРухсатии ҳарсолаи пардохтшавандаи меҳнатӣТоҷмаҳалМуҳаммад ибни Ҷарири ТабарӣМучалДаромадБоғи миллии ТоҷикистонБандина (тиб)ҶонваронГулмаҳмад Зокиров🡆 More