Соли 2014

Соли 2014 (ду ҳазору чордаҳум) дар гоҳшумории мелодӣ — насоли кабиса, оғоз дар рӯзи чоршанбе.

Ин 2014 соли даврони ҳозир, 14 соли ҳазораи 3, 14 соли садаи XXI, 4 соли даҳаи 2 садаи XXI, 5 соли даҳаи 2010-ум.

Рӯйдодҳо

Декабр

  • Сохтмони бузургтарин маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ дар Осиёи Марказӣ дар ноҳияи Данғара}}

19.12.2014. (АМИТ "Ховар") - дар ноҳияи Данғара ба сохтмони бузургтарин маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ дар Осиёи Марказӣ оғоз бахшида шуд, ки дар марҳилаи аввали он беш аз 52 000 тонна нахи пахта мавриди коркарди саноатӣ қарор мегирад. Дар ин ҷо 4 корхонаи нав - ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯзандагӣ бунёд ёфта, дар маҷмӯъ 6 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Ин маҷмааи муштараки Тоҷикистону Чин буда, коргоҳҳои саноатии он бо ворид намудани навтарин технология аз ширкатҳои дорои шуҳрати ҷаҳонӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кишварҳои аврупоии Италия, Швейсария, Олмон ва аз худи Чин бунёд меёбад. Дар навбати аввал ё худ дар корхонаи ресандагии маҷмаа, ки то моҳи октябри соли 2015 ба кор омода хоҳад шуд, 600 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба кор ҷалб карда мешаванд. Ин маҷмаа бо харҷи қариб 1,5 миллиард сомонӣ дар зарфи 2 соли оянда сохта ва пурра ба кор дароварда мешавад.

Сентябр

Аз рӯи иттилооти расонаи хабарии "Ховар" 13 сентябри соли 2014 маросими оғози сохтмони қитъаи лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ - Хитой» дар қаламрави Тоҷикистон шуда гузашт. Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи сохтмони лӯлаи гази «Тоҷикистон – Хитой» соли 2013 ба имзо расида буд. Лӯлаи газ дар маҷмӯи лӯлаҳои гази «Осиёи Марказӣ - Хитой» хатти чорум ва кӯтоҳтарин мебошад ва дар муқоиса бо се хатти дигар ба масофаи як ҳазор километр кӯтоҳтар аст. Лӯлаи газ аз Туркманистон ба Хитой аз тариқи қаламрави Ӯзбекистон ва Тоҷикистону Қирғизистон мегузарад ва қитъаи тоҷикистонии он, ки зиёда аз чорсад километрро ташкил медиҳад, аз ҳама тӯлонӣ мебошад. Сохтмони лӯлаи газ дар ҳудуди Тоҷикистон се сол идома ёфта, дар ҷараёни он бунёди 47 нақб ба масофаи умумии 76 километр ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 24 нақб дар зери об сохта мешавад. Арзиши лоиҳа дар қаламрави Тоҷикистон 3 миллиарду 200 миллион доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. Дар давраи сохтмон зиёда аз се ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбад.

Август

Июн

Март

  • 20 марти соли 2014 Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти Наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар. Дар ин мулоқоти наврӯзи Эмомалӣ Раҳмон гуфт:"Имрӯзҳо аз ҷониби ҷавонони ватанпараст «Википедияи тоҷикӣ» пайдо шудааст ва ин ташаббуси нек аз ҷониби давлат дастгирӣ хоҳад ёфт. Аз ин рӯ, ба Сарредаксияи энсиклопедияи миллии тоҷик супориш дода мешавад, ки манбаи бузурги иттилооти илмиву оммавии худро ба ин қомуси ҷаҳонии электронӣ ворид намояд ва сомонаи хосаи худро низ таъсис диҳад."

Феврал

  • Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон нақби «Чормағзак», ки моҳи ноябри соли 2013 ифтитоҳ гардида буд, ба «Хатлон» тағйири ном кард.

Амалисозии лоиҳаи сохтмони ин нақб бо арзиши умумии 68 млн. доллари ИМА 15 марти соли 2010 оғоз гардид. Дарозии нақб 4 ҳазору 430 метрро ташкил медиҳад. Лоиҳа дар доираи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара татбиқ карда шуд. Пас аз ба истифода додани ин нақб масофаи роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб дар муқоиса бо роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб 100 километр кӯтоҳтар шуд.

  • Бо ҳамин қарор нақби «Шар-Шар», ки моҳи сентябри соли 2009 мавриди истифода қарор гирифта буд, «Озодӣ» номгузорӣ шуд.
  • Накби «Шар-Шар» зери кӯҳи ҳамном дар километри 68 шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Мурғоб-Қулма воқеъ аст. Ифтитоҳи нақби мазкур имкон дод, ки вақти сафар аз Душанбе то Кӯлоб 40 дақиқа камтар шавад. Аз ду ҷониби нақб ба масофаи 5 километр роҳҳои даромад ба нақб бунёд шуданд. Ғайр аз ин, дар яке аз роҳҳои сӯи нақб пули дарозиаш 178 метр сохта шуд. Барои сохтмони ин иншоот, ки моҳи октябри соли 2006 шурӯъ гардида буд, ҳукумати Чин ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 40 млн. доллари ИМА бурс ҷудо кард.
  • Қобили зикр аст, ки қаблан ҳамчунин нақбҳои «Майхӯра» ва «Анзоб» низ тағйири ном карда, феълан «Дӯстӣ» ва «Истиқлол» номида мешаванд. Ин иншоот маркази ҷумҳуриро ба минтақаи шимоли кишвар мепайванданд.

Январ

  • 30 январ - имрӯз 10 баҳманмоҳ (30.01.2014) рӯзи ҷашни Сада мебошад. Дар ин рӯз ниёкони мо ба истиқболи гармӣ, барои ҳар чӣ зудтар аз чанголи зимистони қаҳратун берун омадан ва ба гармиҳои баҳор расидан ҳар гуна маросимҳо барпо мекардаанд. Оташафрӯзӣ менамуданд ва базму шодию хурсандиҳо баргузор мекарданд. Тибқи пажуҳишҳо, дар даврони хеле қадим ориёйҳо бовар доштанд, ки дар ин рӯз эзад Меҳри навтаваллуд пас аз чил рӯз аз ғор ба берун меояд. Яъне чиллаи Меҳр дар ғор сипарӣ мешавад ва миёни мардум мебарояд. Дар тақвими халқии мо имрӯз чиллаи калон анҷом ёфта, чиллаи хурдак оғоз шуд ва он 20 рӯз давом меёбад. Фарорасии чиллаи хурдак бигзор мубораку шодиовар бошад.
  • 16 январ - ширкати мобилии Вавилон-Мобайл дастрасии ройгон ба ҳамаи бахшҳои Википедиаро барои мизоҷонаш эълон кард. Ширкати Вавилон-Мобайл яке аз бузургтарин ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон мебошад. Дар айни замон пойгохи муштариёни ширкат зиёда аз 3 000 000-ро ташкил медиҳад.
  • 1 январ - мувофиқи нишондоди омории Википедия - (Рэнкинг всех 287 википедий на 1 января 2014 r.) 1 январи соли 2014 шумораи сахифаҳои Википедияи тоҷикӣ - 25878 сахифаро дарбар мегирифт, ва аз байни 287 забонҳои кории википедия дар ҷойи 89 қарор дошт.

Зодрӯзҳо

Бознигаред: Гурӯҳ:Зодагони соли 2014

Даргузаштҳо

Бознигаред: Гурӯҳ:Даргузаштагони соли 2014

Нигаред низ

Эзоҳ

Tags:

Соли 2014 РӯйдодҳоСоли 2014 ЗодрӯзҳоСоли 2014 ДаргузаштҳоСоли 2014 Нигаред низСоли 2014 ЭзоҳСоли 2014Даҳаи 2010 (мелодӣ)Садаи XXIЧоршанбе

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ДӯстАбуҳанифа Нуъмон ибни СобитСулҳНишони давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонҚирғизистонАфандӣСаидмурод ДавлатовАъзои ҷумлаДонишкадаи исломии ТоҷикистонПешояндҳои аслӣАвестоАбдуллои СултонНамудҳои вақти корАлександр ПушкинШабакаи компютерӣГандумМубтадоЧароғи роҳнамоМошинсозӣЭшони НуриддинҷонИнтернетАфриқоҶиноятГумрукСарбадоронСӯхторАртиклХати АвестоҶумҳурият (рӯзнома)ШуллукГенМуродифВазорати маориф ва илми Ҷумҳурии ТоҷикистонВилоятҳои ТоҷикистонБедилИқтисоди ТоҷикистонТандурустӣ дар ТоҷикистонОинномаҒуриёнЭҳсосНоҳияи ДанғараВазорати молияи Ҷумҳурии ТоҷикистонГардиши моддаҳо дар табиатДарсИтолиёУзвҳои таносули мардонаИсмоили СомонӣБритониёи КабирMicrosoft WordАсадии ТӯсӣНазорати молиявӣМирсаид МиршакарФунксияҳои тригонометрӣМир Сайид Алии ҲамадонӣПулпитМухотабҲулбукАломатҳои роҳ дар ТоҷикистонСуръатМирзо ТурсунзодаАфғонистонМанғитияВараҷаМутадорикIPv6БиометрияВазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии ТоҷикистонМаликушшуаро БаҳорОлами ҳайвоноти ТоҷикистонДонишХунҶамъияти дорои масъулияти маҳдудНофСозмони ҳамкории Шанхай🡆 More