Абулхайр Махдуми Ҳофиз

Абулхайр Махдуми Ҳофиз (1856, Самарқанд — 1916, ҳамон ҷо) — мусиқидон, сароянда ва навозандаи тоҷик.

Абулхайр Махдуми Ҳофиз
Таърихи таваллуд 1856
Зодгоҳ Самарқанд
Таърихи даргузашт 1916(1916)
Маҳалли даргузашт Самарқанд

Зиндагинома

Дар оилаи донишманд, шоир ва ҳунарманд ба дунё омада, асосҳои илми мусиқиро аз падар, санъати навозандагӣ ва сарояндагиро аз ҳунарварони зодгоҳаш омӯхтааст. Абулхайр аслан риёзидон буда, овози басо фораму хуб дошт. Махсусан, мақомҳоро моҳирона иҷро мекард. Барои аз худ кардани асосҳои илмию амалии мақомҳо ба Бухоро рафта, аз устодони мақомхон Бобоҷалол Носирзода, Бобоғиёс Абдуғанизода, Қорӣ Каромат, Мирзо Назруллоҳ ва дигар роҳу равиши иҷрои мусиқии классикиро аз худ кардааст. Абулхайр баъди бозгашт аз Бухоро дар зодгоҳаш дастаи калони иҷроии касбии мусиқии халқӣ ва классикиро таъсис медиҳад. Ҳофизи машҳури тоҷик Ҳоҷӣ Абдулазиз то ба Бухоро рафтан дар ин даста асосҳои мақомхониро аз худ намудааст. Абулхайр дар инкишофи шашмақомхонӣ саҳми босазо гузошта, сабки сарояндагии ӯ дар Самарқанд ва атрофи он ҳаводорони зиёде пайдо карда буд. Бахусус қисматҳои созию овозии мақомҳои «Ироқ», Дугоҳ", «Сегоҳ», «Чоргоҳ», инчунин шохаҳои таронавии мақомҳои «Рост», «Бузург» ва сурудҳои халқӣ дар иҷрои ӯ таровати хосе пайдо мекарданд. Абулхайр чун оҳангсоз шуҳрати калон дошта, зимни мақомҳо асарҳо тасниф кардааст. Илова бар ин ӯ ба як силсила ғазалҳои Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Бедил, Сайидо таронаҳои дилошӯб эҷод кардааст, ки аз байни онҳо «Нақши Махдумӣ», «Уфари Махдумӣ», «Савти Махдумӣ» ва ғайра дар ҳаёти мусиқии Самарқанд эътибори зиёд доштаанд.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Баёзи Шашмақом, Д., 2008; Донишномаи Шашмақом, Д., 2009.

Tags:

18561916МусиқӣНавозандаСамарқандСарояндаТоҷик

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

СиёсатшиносӣҲокимияти сиёсӣБемории вабоГурӯҳи хунӣИттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъНоҳияҳои ТоҷикистонШакли идораи давлатИёлоти Муттаҳидаи АмрикоЗокир НайкСохти шумораҳоҶанги ҷаҳонии якумРагҳои хунӮзбекистонДарёҳои ТоҷикистонАлкалоидҳоПарагвайҒунчаҳои захмӣДеҳаХоҷа Абдуллоҳи АнсорӣНаврӯз18 июнИнтихоботи президентӣ дар Тоҷикистон (2020)ЗабоншиносӣОлмонҲусомуддин СолорОморАгентии омори назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонШоҳномаНамакҲиссаҳои нутқ28 мартТабиатФеъл (дастури забон)АфсонаИстихораВазифаи ҳифзи табиатАллаЭмомалӣ РаҳмонПарандаТемурҲуқуқвайронкунии маъмурӣСиғаҳои феълТелескопи ҲабблСафо ва МарваРоҳи оҳани ТоҷикистонВладимир ПутинДарсРӯзи забони давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонСаномӣГули садбаргНуруддин АтосӣСироҷиддини ФозилАбдулмалики ШерозӣФеҳристи кишварҳои мустақил ва сарзаминҳои вобаста дар ОсиёАср (намоз)Мир МафтунБемориҳои пӯстОриёӣМалтаПарчами ТоҷикистонАврупои ҒарбӣНикол КидманЗарфи маконНерӯгоҳи барқи обии НоракСанкт-ПетербургРусияҶонибеки МуродГенВавилон-МобайлШабакаи компютерӣХадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонВилояти ХатлонАҳдЧашмЗарфи тарзи иҷрои амалВоҳидҳои забон🡆 More