Оташбор (форсӣ: آتشبار) — ягоне роҳкунишӣ ва иҷроӣ дар воҳидҳои оташборгон, ки дар ягонҳои пиёда ва дигар растаҳои низомӣ баробар бо вашт аст ва маъмулан чаҳор тӯпро дар бар мегирад.
БАТАРЀЯ, ҳарбӣ (фр. batterie, аз batter – задан), қисми ҳарбии асосии оташфишони артиллерӣ. Батареяҳо алоҳида (масалан, Батареяи полк, Батареяи артиллерияи соҳилӣ) ва ё дар ҳайати дивизион (полк)-ҳои артиллерӣ буда метавонанд. Дар ибтидо мафҳуми Батарея миқдори муайяни тӯпҳои дар як мавқеъ ҷойгирифтаро ифода мекард (масалан, Раевский дар Муҳорибаи Бородино). Дар Россия ҳамчун воҳиди штатии оташфишонӣ аз соли 1833 (бар ивази ротаи артиллерӣ) ҷорӣ шуд. Батареяи артиши замони ҳозира аз 2–3 взводи оташфишон, взводи идоракунӣ ва 2–6 тӯп (миномёт) иборат аст. Қисмҳои инктишофоти топографӣ, садометрӣ ва оптикиро низ Батарея гӯянд.
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Оташбор, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.