Ноҳияи Сангвор, аввал Тавилдара (форсӣ: ناحیۀ طویلدره) — яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар кишвари Тоҷикистон аст.
Ноҳияи Тавилдара | |
---|---|
Донистаниҳо | |
Кишвар : | Тоҷикистон |
Вилоят : | Ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ |
Марказ: | Ҷамоати Тавилдара |
Замони таъсис : | 27 октябри соли 1939 |
Раиси ноҳия: | |
Ҷуғрофиёи табиъӣ | |
Паҳноварӣ : | км² |
Шумораи шаҳракҳо : | 0 |
Шумораи ҷамоатҳо : | 5 |
Мардум | |
Аҳолӣ (2022) : | 25,1 ҳаз. кас |
Забони расмӣ : | тоҷикӣ |
Забонҳои гуфторӣ : | тоҷикӣ |
Мазҳаб : | ҳанафӣ |
Нишониҳо | |
Сарвожа : | TV |
ISO-намоя : | TJ.RR.TV |
Пешшумора : | +992 3156 |
Нишонии почта : | 737450 |
Замон : | UTC+5 |
Вебгоҳ : | .tj |
Шумораи мошинҳо : | 01TJ |
Ин ноҳия 27 октябри соли 1939 дар бахше аз вилояти Ғарми ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта аст.
Маркази ин ноҳия шаҳраки Тавилдара аст, ки 190 км шарқтар аз шаҳри Душанбе дар канори рӯди Хингоб ҷойгир аст.
Ноҳияи Сангвор дар дараи рӯди Хингоб ва доманаи кӯҳистони Помир ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Тоҷикобод, дар шимолу шарқ — бо ноҳияи Лахш, дар шимолу ғарб — бо ноҳияи Рашт, дар ғарб — бо ноҳияи Нуробод аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар ҷанубу ғарб — бо ноҳияи Ховалинг аз ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар ҷануб — бо ноҳияи Дарвоз, дар ҷанубу шарқ — бо ноҳияи Ванҷ ва дар шарқ — бо ноҳияи Мурғоб аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаммарз аст.
Дар соли 1939 ноҳияҳои Сангвор (10961 нафар) ва Тавилдара (17916 нафар) дар якҷоягӣ 28877 нафар аҳолӣ доштанд, ки аз онҳо 28469 нафар (ё 98,6%) тоҷик буданд.
Бино бар саршумори январи соли 2010, дар ин ноҳия 19,4 ҳаз тан бошанда будааст. Мардуми ноҳияи Сангвор ба забони тоҷикӣ сухан мегӯянд.
сол | 2010 | 2014 | 2015 | 2019 | 2020 |
---|---|---|---|---|---|
шумора (ҳаз. нафар) | 19,4 | ↗20,7 | ↗21,2 | ↗22,9 | ↗23,3 |
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Сангвор 5 ҷамоати деҳот дорад:
Ҷамоатҳои ноҳияи Сангвор | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Тавилдара | 4067 | ||||||||||
Заршӯён | 4149 | ||||||||||
Чилдара | 4444 | ||||||||||
Вахио | 2847 | ||||||||||
Ваҳдат | 2112 |
Сарвари ноҳияи Сангвор Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Сангвор — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Сангвор ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Ноҳияи Сангвор, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.