Банокат

Банокат (форсӣ: بناکت‎) Бинокас, Банокос, Фанокат — шаҳри қадимии бузурге буд дар Мовароуннаҳр марбут ба давлати Чоч (Шош).

Банокат
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Вилояти Тошканд

Ба суғдӣ ин шаҳр ба унвони Бинкат ва баъзан Бункат (яъне пойтахт) ёд шудааст. Харобаҳои Банокат охири садаи 19 дар канори соҳили рости Сайҳун (Сирдарё), андаке болотар аз резишгоҳи дарёи Оҳангарон (Ангрени ҳозира), ҳафр шудаанд. Азбаски шаҳр манзалати стратегӣ, маркази тиҷорат (роҳи асосии СуғдЧочҲиндХитой аз он убур мекард) ва аҳолии бисёр дошт, монанди диг. шаҳрҳои қадим ҷиҳати ҳифозат аз ҳамлаҳо ва ғоратгариҳои хешу бегонагон гирдогирди онро хандақи чуқуре кандаанд. Шаҳристони Б. қад-қади соҳили дарё тахминан ба 800–900 м тӯл дорад. Работи калонмасоҳати Банокат аз Ш. бо девори мустаҳками паҳнбар иҳота шуда, 18 адад бурҷ доштааст. Дар ибт. интишори дини ислом Банокат ба авҷи олии равнақаш расида буд, ҳарчанд аз ин пештар ҳам аз марказҳои муҳимми савдои Суғд маҳсуб мегардид. Ибт. соли 1220 лашкари сершумори муғул Банокатро, пас аз муҳосираи тӯлонӣ, забту харобу валангор кард. Соли 1392 Темур онро аз нав барқарор, работи қадимиро бо девори мустаҳкам иҳота ва ба номи писараш Шоҳрух Шоҳрухия номгузорӣ кард. Қисме аз биноҳои боқимондаи Банокат асрҳои 16–17 қалъаҳои мулки Тошканд ба ҳисоб рафта, ворисони хонҳои Тошканд дар онҳо зиндагӣ мекарданд. Ҳоло деворҳои мудофиавии қисмати шарқӣ ва хандақҳояшон маҳфуз мондаанд.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Бартольд В. В. Соч.. Т. 3. М., 1965;
  • Буряков Ю. Ф. О втором караванном пути из Согда в Шаш // Общественные науки в Узбекистане. Ташкент, 1972;
  • Неъматов Н. Давлати Сомониён. Д., 1989.
  • ابن خردادبه. المسالک و الممالک. لیدن، ۱۹۲۷؛
  • مقدسی. احسن التقاسیم. بیروت، ۱۴۰۸.

Сарчашма

Tags:

Забони форсӣМовароуннаҳрШаҳр

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ОдамАгентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонИсми хосИнститути таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. ДонишМаликушшуаро БаҳорМуҳаммадиқболи СадриддинБедилAdobe FlashНишони давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонАсри сангИттиҳоди АврупоХати томилӣНоҳияҳои тобеи ҷумҳурӣМӯъмин ҚаноатСоли 1977Бомдод (намоз)Ибора (дастури забон)Давлати ФаластинХуҷандМаҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонСамаки айёрҲиҷрати МуҳаммадБемориҳои рӯҳӣРӯзномаи деворӣЮнонИдрокРутбаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонТиҷорати электронӣМармарҚонунШумораҳои тахминӣНоҳияБуддо дар ҳолати нирванаВазорати фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонНавзодЛаппишЭронМарк ТвенАтмосфераи ЗаминБозиҳои олимпӣБохтарКалимаҳои туфайлӣАлифбои кирилликӣФарҳанги забони тоҷикӣШӯрои Амнияти Созмони Милали МуттаҳидАморати БухороСиёҳалафМисри ҚадимЧеҳраҳои мондагор (китоб)Пайвандакҳои тобеъкунандаКуруши КабирВикидодаИстихораПиряхи ФедченкоАврупоМасеҳиятАлкалоидҳоШаби қадрСурайё ҚосимоваАбуҳанифа Нуъмон ибни СобитЗарбАминокислотаҳоВилояти СуғдОсиёи МарказӣАдабиёти русӣИсаак НютонСуннатКитоби МуқаддасИдеологияИттилоотЯхдонДиэлектрикДевори Бузурги ЧинХолмуроди СиддиқСадриддин АйнӣАъзои ҷумла🡆 More