А’капелла

Аʼкапелла, А капе́лла (итол. a cappella – ҳамсароӣ) — сарояндагии дастаҷамъии бисёровоза бе ширкати созҳои мусиқӣ.

А’капелла
Акапелла

Тавсифот

Yale Whiffenpoofs а капелла таронаи «Bright College Years» иҷро мекунанд

Истилоҳи «Аʼкапелла» аз калимаи капелла гирифта шуда, дар охири садаи XVII ба истифода даромад. Дар ибтидо услуби муайяни мусиқии хориро ифода мекард, ки диққати асосӣ на фақат ба амиқию равшании матн, балки ба тарзи овозхонӣ ва таркибу мувофиқати умумии овозҳо равона шуда буд. Услуби аʼкапелла бисёровоза (полифонӣ) буд; бештар пардаҳои аслӣ (диотонӣ) истифода мешуданд. Ба овозҳои вокалӣ созҳои мусиқӣ низ ҳамовоз мешуданд. Ҳанӯз дар асрҳои миёна, то даме ки истилоҳи «аʼкапелла» мавқеъ ёфт, ин услуб – услуби асосии маданияти мусиқӣ гардид. Он дар давраи Эҳё дар асарҳои полифонии композиторони нидерландӣ (Жоскен Депре, Орландо Лассо) ва мактаби румӣ ба авҷи аъло расид. Аз аввали садаи XIX сар карда, ҳангоме ки услуби аʼкапелла дар санъати мусиқӣ ҷойи муайянеро ишғол намуд, созҳои мусиқӣ аз сафи ҳамовозӣ баромаданд ва истилоҳ маънои ҳозиразамонро гирифт. Дар ин услуб бойгарӣ, назокат, тароват ва зебоии овози сарояндагӣ ба таври пурра нишон дода мешавад, бинобар ин таваҷҷуҳи композиторони давраҳои гуногун ба услуби аʼкапелла бештар гардид.

Аʼкапеллаи тоҷик

Аʼкапелла дар эҷодиёти як зумра композиторони муосири тоҷик мавқеи хос дорад. «Чархофалак», «Сад доғ», «Регравон», «Кӯҳи Ҳисор», «Панди Ҳофиз»-и Х. Абдуллоев, «Рӯи гулгун», «Дар кӯҳу дар дашт», «Ман доғ»-и Ф. Одинаев, «Акрамҷон»-и М. Атоев, «Дарё, ки калон шавад», «Лолаҳо дар ёлаҳо»-и Т. Сатторов, «Базми наврӯзӣ», «Гуларӯсак»-и Д. Дӯстмуҳаммадов, «Соқиномаи рок», «Суруди меҳнат»-и Ҷ. Охунов, «Барқи зафар»-и Ф. Баҳор, «Суруди дӯстӣ»-и Ш. Пӯлодӣ ва ғайра ба тарзи аʼкапелла таҳия шудаанд. Хормейстери соҳибистеъдоди тоҷик К. Ҳалимов зиёда аз 40 суруди хориро ба тарзи аʼкапелла таҳия кардааст, ки қариб 20-тои онҳо дар иҷрои ансабли «Шарора»-и ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода садо дода, дар хазинаи мусиқии радиои тоҷик маҳфузанд.

Эзоҳ

Сарчашма

Tags:

А’капелла ТавсифотА’капелла Аʼкапеллаи тоҷикА’капелла ЭзоҳА’капелла СарчашмаА’капеллаЗабони итолиявӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Намози шукри вузӯТошкандСаидҷаъфар УсмонзодаВНМОФурудгоҳи иинчуон ҳидунгНақшбандияНоҳияи БалҷувонСифати аслӣДавлатАминокислотаҳоШӯрои АврупоВикипедияи ТоҷикӣЗабти давлатҳои Осиёи Миёна аз ҷониби РусияБоғи миллии ТоҷикистонСохти шумораҳоАҳолии ЗаминРухсатии ҳарсолаи пардохтшавандаи меҳнатӣМуҷассамаи Исмоили СомонӣМултфилмФеҳристи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонДонишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии ТоҷикистонИмороти Муттаҳидаи АрабӣНоҳияи ВахшДандонСотим УлуғзодаМуродифЛаппишДинБозорБелгияСозмони Милали МуттаҳидЗуф (барги зулф)Донишгоҳи давлатии омӯзгории ТоҷикистонИдрокМирзо ТурсунзодаШукрулло ХайрзодаҲизбҳои сиёсии ТоҷикистонНерӯгоҳи барқи обии «Хоруғ»Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонФарҷ (узв)ДеҳаВилояти Мухтори Кӯҳистони БадахшонОриёӣБарги зулфНоҳияи АштВазорати адлияи Ҷумҳурии ТоҷикистонГулистон (асар)Саъд ибни АбиваққосБорбадВосеъМегаполисТоҷикистонЛоиқ ШералӣТоҷикон (китоб)Забони тоҷикӣҶумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонҲадисБобоҷон ҒафуровМаҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонИҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонАбуҳанифа Нуъмон ибни СобитМисрОзахСиёсатАгентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонСозмони ҳамкории ШанхайҶигарХаритаСоли 1415Арза ва тақозоВасоити ахбори оммаРаиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии ТоҷикистонМубтадоАлюминий🡆 More