Занахдон

Занахдон (аз авестоии zanva — занах) — занах, манаҳ, чона, зақан, поинтарин бахши рӯй, воқеъ дар зери лаби зерин.

балъамӣ дар «Тарҷумаи «Таърихи Табарӣ» меорад, ки силоҳи Шамшуни Обид аз устухони з.-и шутур буд, бо душманон «бад-он ҳарб кардӣ ва эшонро ҳазимат кардӣ ва ҳамекуштӣ аз эшон бад-он занахдони шутур». Дар адабиёт ба маънои маҷозӣ ва кинояву ташбеҳ, ҳамчун тасвири бадеӣ фаровон истифода шудааст. Мас.: Чоҳи з., чоҳи занах, чоҳи зақан, чоҳи ғабғаб — фурӯрафтагии андаке, ки дар зақани зеборӯён аст:

« Эй фурӯғи моҳи ҳусн аз рӯйи рахшони шумо,

Обрӯйи хубӣ аз чоҳи занахдони шумо!

Ҳофиз
»

Занахдон ба ҷайб фурӯ бурдан ё даст ба зери занах сутун кардан — ғарқи андеша будан, ба тафаккур фурӯ рафтан:

« Варо дид бо дидагони пур зи хун,

ба зери занах даст карда сутун.

Фирдавсӣ
»

Занахдон гушодан — намоиш додани ҳусну ҷамол:

« Бад-он оин, ки хубонро будаст,

занахдон мегушоду зулф мебаст.

Низомӣ
»

Занахдон бар зону мондан — андуҳгин будан:

« Ба Юмгон ман ғарибу хору танҳо,

Аз инам монда бар зону занахдон.

Носири Хусрав
»

Дар тасаввуф з. лутфи маҳбуб аст, аммо қаҳромез, ки соликро аз ҷоҳи ҷовидонӣ ба чоҳи зулмонӣ меандозад («кашшофу истилоҳоти-л-фунун»).

Эзоҳ

Адабиёт

Tags:

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Конститутсияи ҶШС ТоҷикистонБайнаннаҳрайнЗабони инглисӣҲиссача (дастури забон)Шӯриши ВосеъМастона ЭргашеваДастури забонНосири ХусравУқёнусСиёсатшиносӣҚувваҳои мусаллаҳи ТоҷикистонМаскавАминҷон ШукӯҳӣФаронсаКалимаКарбогидратҳоСолҳоДарёҳои ТоҷикистонБорони офтобӣРубоӣБаргҶанги ҷаҳонии якумЧопгарҚонунЭкологияСохти таркибии пешояндҳоВНМОМир МафтунСоли 2020ГандумМуайянкунандаҶумҳурии Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонНоҳияи РаштҚирғизистонДастгоҳи иҷроияи Президенти ТоҷикистонДеваштичНоҳияи ДеваштичМор­фология (мазмунҳо)ЗабоншиносӣХилофати АббосиёнВилям ШекспирВолейболФунксияҳои тригонометрӣСуннатОташМаркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонСаразмҶазои маъмурӣТағйирпазирӣАломатҳои китобатСуруди миллии ТоҷикистонЗабони тоҷикӣБаҳорҲол (забоншиносӣ)ҚуръонЭҳсосҶонишинҳои шахсӣАдабиётСомонВладимир ЛенинИскандаркӯлТабиатФарҳангТемуриёнТуркияРӯзи забони давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонКитоби сурхи Ҷумҳурии ТоҷикистонЗебоишиносӣҚасидаҶонишинҳои манфӣВосеъТазкирату-л-авлиёАгенти андозЗарфи монандӣМизоҷ (равоншиносӣ)Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон🡆 More