Дилан О’Брайен (англ. Dylan O’Brien; зод.
26 август 1991, Ню-Йорк, иёлати Ню-Йорк) — ҳунарпеша, навозандаи амрикоӣ, байни мухлисон дар силсилафилми «Гург-бача» шуҳрати худро ёфтааст.
англ. Dylan O'Brien | |
| |
Таърихи таваллуд: | 26 август 1991 (32 сол) |
Зодгоҳ: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпеша, YouTuber, мудел, ҳунарпешаи телевизиюн |
Корнома: | 2010 — то ҳол |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 3729721 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Дилан 26 августи соли 1991 дар шаҳри Ню Йорк таваллуд шудааст. Бачагии ӯ дар шаҳри Спрингфилди штати Ню Ҷерси гузаштааст. Вақте ки Дилан ба синни 12 расид, оилаи ӯ ба Ҳермоса-Бич, Калифорния кӯчиданд. Падари ӯ видеооператор ва модараш ҳунарпеша буданд. О’Брайен аҷдодони ирландӣ, англисӣ, итолиёӣ ва испанӣ дорад. Соли 2009 мактаби миёнаи Mira Costa High School-ро хатм кард.
Соли 2006 дар Youtube бо видеоҳои ҳаҷвиёнаи худ машҳур шуд. Ҳамаи видеоҳоро мустақилона гирифта коргардонӣ кардааст.
Дилан нақша дошт, ки якбора донишгоҳ ва мактаби санъати филмсозиро тамом кунад, аммо дар ин вақт, ӯро ба нақши асосӣ дар силсилафилми Гург-бача интихоб карданд. Баъди 4 бор шунидан, Диланро ба нақши асосии Скотт муайян намуданд, аммо баъди хондани асар, ӯ фаҳмид, ки нақши дӯсти наздики Скотт — бо номи Стайлз ба ӯ мувофиқтар аст.
Соли 2013 О’Брайенро ба нақши асосӣ дар филми «Бодпои Лабиринт» муайян намуданд. Ба ғайр аз фаъолияти ҳунарпешагӣ, Дилан дар гурӯҳи «Slow Kids At Play» нақорачӣ мебошад.
Аз рӯи сол:
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Дилан О'Брайен, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.