Арахнозҳо

Арахнозҳо (юн.

arachne — тортанак ва nosos — беморӣ) — як навъ касалии ҳайвонот, ки тортанакшаклҳо ба вуҷуд меоваранд.

Ба чорводорӣ бештар канаҳои хоришак, демодекоз, канаи сурхак ва ғ. зарари калони иқтисодӣ мерасонанд. Ғизои онҳо лимфа, хун, ҳуҷайраҳои пӯст ва маҳсули илтиҳоб мебошанд. Арахнозҳоро ҳамчунин канаҳои хунмак ба вуҷуд меоранд. Дар мавриди бисёр кана задан ҳайвон гирифтори камхунӣ мешавад. Мувофиқи баъзе маълумот як канаи болиғ то 0,1 мл хун мемакад. Чунин навъҳои арахнозҳо мавҷуданд: лингватулез, акароз, псороптоз, хориоптоз, кнемидокоптози паранда, нотоэдрози гурба, саг, харгӯш, отодектози саг, рӯбоҳ, рӯбоҳи шимолӣ, гурба, демодекоз, пиемотози хукбачаҳо ва ғ. А.-и ҳайвонотро арахнологияи ветеринарӣ (байторӣ) меомӯзад. Арахнологияи ветеринарӣ дар баробари дарёфт намудани тадбирҳои мубориза ба муқобили арахнозҳо паҳншавии бемориҳои риккетсиозию вирусии одамро, ки ба воситаи канаҳо мегузаранд, пешгирӣ мекунад. Арахнозҳо хусусан дар ҷавонаҳо ва чорвои лоғар вазнин мегузаранд.

Эзоҳ

Адабиёт

Tags:

Ҳайвонот

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Намози қасрАудитШӯрои Амнияти Созмони Милали МуттаҳидМуҳаммадНоҳияи ЗафарободҲуқуқу озодиҳои шахсӣТемурмаликЛаҳистонОиша бинти АбубакрДмитрий МенделеевАлифбои тоҷикӣСуруди миллии ПокистонПӯсидагии дандонВилояти Мухтори Кӯҳистони БадахшонСиёсатмадорТасрифи феълҳоФурудгоҳи лиҷионг сониШӯриши Маҳмуди ТоробӣШумораҳои таркибӣЛозиқияДонишгоҳи давлатии тиббии ТоҷикистонЗабони арабӣЗаминСоли 446Ҳоҷат (намоз)ДеҳаҶаҳонЭдвард УайтЛайло ФуруҳарҶанги БадрҲиссачаҳои ишоратӣЛондонИстраАлкалоидҳоИдеологияМаҷмаи Умумии Созмони Милали МуттаҳидУзвҳои таносули мардонаҲисорМассаи атомӣВарзиши сабукКарбогидратҳоДонишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории ТоҷикистонСиёҳалафИбора (дастури забон)ВотиконТанбалӣАбуҳанифа Нуъмон ибни СобитАсадулло ҒуломовГандумФарҳанги ТоҷикистонҶонишинҳои саволӣҶонишинҳои нафсӣҶумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонКумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонИбораҳои феълӣИспурчВоқеаҳои кунунӣМарям ИсоеваҲуқуқҳои инсонҲиссаҳои нутқИнститути таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. ДонишҚасидаи Шикоят аз пирӣРутбаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонФеъл ( дастури забон)Серҷиу МатареллаИстанбулВорухБактерияҳоДавлати СалҷуқиёнДиэлектрикГулистон (асар)Ададҳои бутунОкруги ХуҷандСохти ҳиссачаҳоШумораХизматчии давлатӣҲастишиносӣ🡆 More