Соли 2018
Соли 2018 (ду ҳазору ҳашдаҳум) дар гоҳшумории мелодӣ — насоли кабиса, оғоз дар рӯзи душанбе.
Ин 2018 соли даврони ҳозир, 18 соли ҳазораи 3, 18 соли садаи XXI, 8 соли даҳаи 2 садаи XXI, 9 соли даҳаи 2010-ум.
Рӯйдодҳо
- соли 2018 — «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар Тоҷикистон.
- 16 ноябри — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд.
- соли 2018 — Даҳсолаи байналмилалии «Об-барои Рушди Устувор» барои солҳои 2018—2028 шурӯъ гардид.
- 25 октябр — Дар рӯзи чоруми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Арбоб аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, дар тантанаҳои Фестивали «Оши палав», «Иди асалу харбуза» ва «Шириниҳои миллӣ» иштирок карданд..
- 24 октябр — Дар феҳристи 500 мусулмони пурнуфузи дунё Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Шурои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ҷой гирифтаанд. Феҳристи 500 мусулмони асаргузори ҷаҳонро ҳар сол Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти роҳбурдии исломии Уммон тартиб медиҳад..
- 22 октябр — Дар рӯзи аввали сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағалро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд..
- 22 октябр — Дар бахши озмуни байналмилалӣ ҷоизаи аслии кинофестивали 8-уми «Дидор» ба филми «Хаёлӣ»-и коргардон Парвиз Раҷабзода аз «Хатлонсинамо», ҷоизаи беҳтарин филми аниматсионӣ ба филми «Сандуқчаи зулбиё»-и Алексей Румянтсев ва дар бахши «Озмуни филмҳои тоҷикӣ» ба филми «Таксӣ»-и Файзулло Файзов супорида шуд..
- 12 октябр — Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 12/10/2018 дар шаҳри Душанбе доир гардид, даҳ қарори Шўрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ ва ду санади нави ҳамкорӣ байни вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои аъзои СҲШ ба имзо расиданд..
- 10 октябр — Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бо медалҳои нуқраи Чемпионати Осиё ба пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе баргашт.
- 28 сентябр — Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар рафти ҷаласаҳои хосса ва бо иштироки ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаласа табодули афкори пурмуҳтаво сурат гирифта, доир ба ҳамкории минбаъда дар доираи Созмон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд..
- 27 сентябр — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Турсунзода ба Корхонаи воҳиди давлатии «Корхонаи воҳиди давлатии „Ширкати Алюминийи Тоҷик“ (ТАЛКО)» ташриф оварда марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТАЛКО-КРАНТАС»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд..
- 27 сентябр — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-ро дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд..
- 20 сентябр — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ» — ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд..
- 14 сентябр — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вазъияти тантанавӣ бинои Донишгоҳи Осиёи Марказиро ифтитоҳ намуданд..
- 5 сентябр — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт дар маросими ифтитоҳи аввалин эстакада дар Тоҷикистон иштирок намуданд..
майи соли 2018
- 9 апрел — Баъди танаффуси шашсола охири ҳафтаи гузашта интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон барқарор шуда, айни замон ба ҷумҳурӣ дар як соат 1 ҳазор метри мураббаъ газ интиқол дода мешавад. (/news.tj/tj/ 9.04.2018).
- 6 апрел — Аз рӯи раддабандӣ аз ҳама нашрияи серхонандатарин нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (34 %) мебошад. Сипас, бо фосилаи камтар нашрияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон «Омӯзгор» (23,8 %) ва нашрияи марказии ҲХДТ рӯзномаи «Минбари халқ» (22,2 %) ҷойгир шудаанд.(// khovar.tj/ 06.04.2018 Бойгонӣ шудааст 16 июни 2020 сол.).
- 20 январ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иваз намудани номи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд, ноҳияи Бохтар, шаҳраки Восеъ ва деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, деҳаҳои Шота Руставели, Тошохӯр ва Будинободи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба имзо расониданд. Дар асоси қарори мазкур номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Бохтар, шаҳри Сарбанд ба шаҳри Левакант, ноҳияи Бохтар ба ноҳияи Кӯшониён, шаҳраки Восеъи ноҳияи Восеъ ба шаҳраки Ҳулбук, деҳаи Қурбоншаҳиди деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ ба Меҳробод, деҳаи Шота Руставелии деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Саргаҳ, деҳаи Тошохӯри деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ба деҳаи Боғдара ва деҳаи Будинободи деҳоти Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Зарриндашт иваз карда шуданд.(khovar.tj/ 22.01.2018 Бойгонӣ шудааст 15 май 2021 сол.).
- 10 январ — соли 2017 дар Ҷаласаи 11 — уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ номинатсияи «Оши палав» — и тоҷикон дар қатори беҳтарин намунаҳои ғайримоддии ҷаҳон сабти ном шуд. (jumhuriyat.tj/ 10.01.2018).
Зодрӯзҳо
Бознигаред: Гурӯҳ:Зодагони соли 2018
Даргузаштҳо
Бознигаред: Гурӯҳ:Даргузаштагони соли 2018
Нигаред низ
Эзоҳ
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Соли 2018, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.