Қурбон Собир

Қурбон Собир (Қурбон Нусрати Собир; 8 марти соли 1961, деҳаи Ширинчашмаи ноҳияи Ёвон) — ҳунарпешаи театру синамо, нависанда, профессор.

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1997), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2011).

Қурбони Собир
Таърихи таваллуд: 8 март 1961(1961-03-08) (63 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Ёвон
Шаҳрвандӣ: Қурбон Собир Тоҷикистон
Касб: ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи синамо

Зиндагинома

Қурбон Собир 8 марти соли 1961 дар деҳаи Ширинчашмаи ноҳияи Ёвон ба дунё омадааст. Дар соли 1982 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст.

Хонавода

Қурбон Собир бо Гулчеҳраи Сафар баъд хатми донишкада издивоҷ кард. Онҳо аз замони донишҷӯӣ ҳамдигарро дӯст доштанд ва ҳосили ин муҳаббат издивоҷ ва рӯи қадам омадани чор фарзанд: Мунира, Фаридун, Соро ва Суруш буд. Солҳои аввал Гулчеҳра ҳам вориди саҳна буд ва нақшҳои дилнишин меофарид.

Корнома

Пас аз хатми донишгоҳ дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Қурғонтеппа кор кардааст. Аз соли 1990 назди устодаш Фаррух Қосимов омада ҳунарпешаи Театри Аҳорун шуд. Баъдан дар Театри ҷавонони Тоҷикистон ва Театри Лоҳутӣ кор кардааст.

Бозӣ дар театр

Нақшҳои асосиро дар намоишномаҳои аз лиҳози мӯҳтаво, мундариҷа ва бандубаст комилан тоза — «Юсуфи гумгашта…», «Исфандиёр», «Даҷҷол», «Таърихи ишқ» ва ғайра иҷро намуда, номаш вирди забонҳо гардид. Ин намоишномаҳоро тамошогарон дар Эрон, Туркия ва бисёр давлатҳои Аврупо бо завқ диданд ва ҷоизаҳои зиёд ҳам гирифтаанд. Солҳои охир дар саҳнаи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ як силсила нақшҳои хотирмон бозидааст.

Филмҳо

Филмҳои «Орзуи иҷронашаванда», «Чашмаи хостаҳо», «Нерӯи ишқ», «Дуо вора», филми бисёрқисматаи телевизионии «Дар орзуи падар», «Дар чашми бод» (филми бисёрқисматаи истеҳсоли Эрон) ва ғайра аз балоғати истеъдодаш шаҳодат медиҳанд.

Таълифот

Муаллифи китобҳои «Фаррухнома» (2007), «Дардҳои паси парда», (2010) ва «Як ҷоми пур аз дард», (2011) мебошад.

Эзоҳ

Пайвандҳо

Tags:

Қурбон Собир ЗиндагиномаҚурбон Собир КорномаҚурбон Собир ТаълифотҚурбон Собир ЭзоҳҚурбон Собир ПайвандҳоҚурбон Собир19618 мартНависандаНоҳияи ЁвонҲунарпешаҲунарпешаи халқии ТоҷикистонҲунарпешаи шоистаи Тоҷикистон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Иқболи ЛоҳурӣГурӯҳи хунӣТемурмаликОбБемориҳои ҷигарЗабонхатРавоншиносНоҳияи РаштУзвҳои таносули занонаМудофиаи гражданӣЭронҶиноятҚирғизистонБемориҳои пӯстАспҶазоДонишНеъмат ҚаробоевКонодоБлез ПаскалПанҷакентЗарф (дастури забон)Алишер НавоӣФаронсаДавлати Ҳайтолиён14 апрелДастгоҳи иҷроияи Президенти ТоҷикистонҶанги шаҳрвандии ТоҷикистонҶумҳурии Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонИбора (мазмунҳо)Тоҷикон (китоб)Бозрасии давлатии автомобилӣДонишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин АйнӣКалимаХаргӯшЗарфи сабабАндоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣНоҳияҳои ТоҷикистонВатандӯстӣШеър дар адабиёти тоҷик (асри XX )Соли 980Мор­фология (мазмунҳо)Ҳаким КаримАлоқа дар ТоҷикистонАминҳоРӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонИнсоншиносӣҲофизБандакҳои хабарӣҲикояҳои хурд-хурдСадонокҳоҒурурВазорати мудофиаи Ҷумҳурии ТоҷикистонДараҷаи низомӣАфғонистонАнгурҶопонБемории силАломатҳои китобатИроқЗардолуМаҳмадулло ЛутфуллоевФароштурукДонишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди ТоҷикистонКалимаҳои туфайлӣЭшони АлломаКумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонАдабиётКамоли ХуҷандӣКонститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонМаркетингИтолиёТабхол🡆 More