Юсуфҷон Аҳмадзода

Юсуфҷон Аҳмадзода - шоир, нависанда, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1980), узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2000)

Юсуфҷон Аҳмадзода
Юсуфҷон Аҳмадзода
Таърихи таваллуд: 29 декабр 1947(1947-12-29) (76 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Конибодом вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ: Юсуфҷон Аҳмадзода Тоҷикистон
Навъи фаъолият: тарҷумон, нависанда, шоир
Ҷоизаҳо: Ордени Шараф (2002), «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (1999),«Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011)

Зиндагинома

Юсуфҷон Аҳмадзода 29 декабри соли 1947 дар ҷамоати деҳоти Пӯлодони ноҳияи Конибодом таваллуд ёфтааст. Соли 1965, баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш, таҳсилро дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин идома дода, ҳамзамон, дар нашриёти «Ирфон» машғули кори ноширӣ будааст. Дар тӯли чилу ҳафт соли заҳмат аз дараҷаи мусаҳҳеҳӣ то мақоми муҳаррири хурду муҳаррири калон, мудири шуъба ва ҷонишини раиси нашриёти «Адиб» камол ёфтааст. Ҳоло муовини раиси нашриёти «Адабиёти бачагон» аст. Ҳамчун шоир ва нависандаи кӯдакону калонсолон шинохта шуда, суруду таронаҳо ва ғазалу рубоӣ мегӯяд.

Эҷодиёт

Нахустин маҷмӯаи ашъораш «Туҳфаҳо» соли 1978 чоп шудааст. Минбаъда шеъру достон ва қиссаву афсонаҳои ӯ дар авроқи маҷмӯаҳои «Мурғобӣ, чӣ мекобӣ?!» (1981), «Хурсандӣ» (1982), «Ҳулбӯ» (1987 «Садсола шав-е, дурроҷ!» (1989), «Панҷоҳ барг» (1996), «Марзи баланд» (1997), «Оинаи дидор» (1999), «Мӯрчае дона ёфт…» (2003), «Абри сафед» (2003), «Хумори ишқ» (2004), «Наҷвои хӯшаҳо» (2007), «Дар хаймаи Хайём» (2011), «Хурӯсаки тоҷбасар», «Офтоби сарам», «Ситорачаҳои барфӣ» (2013) мунташир гардидаанд. Соли 2001 қисми якуми романи таърихии ӯ «Ҳафт рӯъё», соли 2010 романи «Ишқи духтари кулаҳпӯш»-аш ба нашр расидааст. Баробари таълифи асарҳои манзуму мансур, дар тарҷумаи осори адибони маъруфи ҷаҳон – Бародарон Гримм, И.Бунин, Ҳ.К.Андерсен, В.Ҳауфф, К.Чуковский, С.Маршак, П.Муъмин, А.Барто, В.Бубнис, А.Валтон, Л.Тудев ва дигарон саҳм гирифтааст.

Мукофот

  • Юсуфҷон Аҳмадзода  (2002);
  • «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (1999);
  • «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011)

Эзоҳ

Tags:

Юсуфҷон Аҳмадзода ЗиндагиномаЮсуфҷон Аҳмадзода ЭҷодиётЮсуфҷон Аҳмадзода МукофотЮсуфҷон Аҳмадзода ЭзоҳЮсуфҷон АҳмадзодаИттифоқи журналистони ТоҷикистонИттифоқи нависандагони ТоҷикистонНависандаТарҷумонШоир

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ВаксинаҲофизАмсилаНоҳияи ПанҷакентАвитаминозҚалъаи ХуҷандМукофотҳои давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонУзвҳои таносулМухотабБавосирГармигунҷоишҲидрогенОлами ҳайвоноти ТоҷикистонБарномаи таълимӣВазорати маориф ва илми Ҷумҳурии ТоҷикистонЗабони барноманависӣТелевизиони ТоҷикистонОҳанВавилон-МобайлФеълЧингизхонХунпешобӣАфсонаҶопонРисолаи дилкушоҲусайн Воизи КошифӣҶумҳурии ТоҷикистонАҳолии ЭронДавлатОзоносфераҲамлаи Эрон ба Исроил (2024)Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонҲисорТВ Илм ва табиатЗарфи тарзи иҷрои амалЭронЗабони русӣФирдавсӣБактерияҳоЁдгориҳои табиатБиосфераСотим УлуғзодаКонститутсияи ТоҷикистонСтрессАморати БухороКӯҳҳои ТоҷикистонФазлиддин МуҳаммадиевВазорати мудофиаи Ҷумҳурии ТоҷикистонХеопсҲоҷӣ Ҳусайни КангуртӣҲуқуқи молиявӣИнтихобот дар ТоҷикистонҶигарЗабони арабӣҶанги ҷаҳонии якумПайвандакДонишгоҳи давлатии омӯзгории ТоҷикистонГулГрузияГардолудшавӣАнтонимҳоТобистонЗарф (дастури забон)Зарфи замонХирсШоирВилоятҳои ТоҷикистонВараҷаСӯхторИродаИдҳои ТоҷикистонҶумҳурии Мардумии ЧинҶумҳурии Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонАдабиёти классикӣБонкНизоми ҳуқуқи конститутсионии ҶТЭмомалӣ РаҳмонМаркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонДар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)🡆 More