Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — мақомоти олии қонунгузорӣ ва намояндагии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи ба даст овардани истиқлол 9 сентябри соли 1991 то 26 феврали соли 1995 — то Интихоботи парлумонии Тоҷикистон соли 1995 ва таъсиси парлумони нави миллӣ — Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — парлумони якпалатагӣ (пас аз раъйпурсии конститутсионии соли 1999 — дупалатагӣ) мебошад.

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидо якпалатагӣ буд. Он ҳамчун порлумоне маъруф аст, ки 9 сентябри соли 1991 истиқлоли Тоҷикистонро эълон кард. Дар таърих ҳамчун як ниҳоди муҳими давлатӣ дар давраи аввал ва шадидтарин давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон низ маъруф аст.

То замони эълони истиқлоли Тоҷикистон дар 9 сентябри соли 1991 раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Қадриддин Аслонов буд. Аз лаҳзаи ба даст овардани истиқлол ва то 20 ноябри соли 1992, раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан шахси сеюм дар кишвар ба ҳисоб мерафт (пас аз президент ва ноиби президент). Дар натиҷаи баҳсҳои шадид ва рӯёрӯӣ 20 ноябри соли 1992 бинобар ихтилофи сиёсӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ мансабҳои Президент ва Ноиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда шуданд. Салоҳияти президент ба зиммаи раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шуд ва Тоҷикистон аз ҷумҳурии президентӣ ба ҷумҳурии парлумонӣ табдил ёфт. Ҳамин тариқ, раиси парлумони ҷумҳурӣ воқеан роҳбар ва шахси аввал дар кишвар гардид. Худи ҳамон рӯз, дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади бепартиявӣ, Эмомалӣ Раҳмонов раиси нави Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воқеан роҳбари ҷумҳурӣ ҳамчун номзади созиш байни тарафҳои даргир интихоб шуд. Дар аввали моҳи ноябри соли 1994 мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда шуд ва раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992-1994) Эмомалӣ Раҳмонов (ба ҳайси номзади ғайриҳизбӣ) дар интихоботи президентии 6 ноябри соли 1994 бо 59,5% овозҳо пирӯз шуд. 26 феврал (даври аввал) ва 12 март (даври дуюм) аз соли 1995, дар аввалин интихоботи парлумонӣ дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон сурат гирифт. Аллакай интихобот ба порлумони миллии давлати навтаъсисдодашуда — Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — порлумони якпалатагӣ сурат гирифт. Пас аз раъйпурсии конститутсионии соли 1999 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парлумони дупалатагӣ Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт.

Раисони Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон

Ҳамчунин нигаред

Эзоҳ

Сарчашма

Tags:

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раисони Шӯрои Олии Ҷумхурии ТоҷикистонШӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамчунин нигаредШӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ЭзоҳШӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон СарчашмаШӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон26 феврал9 сентябрИнтихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон (1995)Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонРаъйпурсии конститутсионии Тоҷикистон (1999)Соли 1991Соли 1995ТоҷикистонҶанги шаҳрвандии Тоҷикистон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии ТоҷикистонМор­фология (мазмунҳо)НамозПадарДулонаҲисорТемурмаликОсорхонаи мардумшиносии АИ ТоҷикистонКамоли ХуҷандӣЛондонКонденсаторТезгӯякМуҳаррики дарунсӯзХаритаДастурамалЗарфи сабабФарҳанги забони тоҷикӣЧопгарТӯби футболФотеҳ НиёзӣСиёсатДушанбеОшобаҲиссача (дастури забон)Таърихи ТоҷикистонДаромадҶадвали электронӣҶамъияти дорои масъулияти маҳдудШоҳаншоҳии АшконӣC++СитораЗабони лотинӣРубоиёти ХайёмДонишТаърихи Ҷумҳурии ТоҷикистонСарвазири Ҷумҳурии ТоҷикистонНАТОҲуқуқҳои инсонҚорӣ Раҳматуллоҳи ВозеҳСоли 1037Соли 1888Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим ЛоҳутӣМирганд ШаҳбозовБолта ОртиқовШоҳаншоҳии СосонӣҶалолуддини БалхӣВазорати фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонХати АвестоИмперотурии УсмонӣНеъмат ҚаробоевАмир ОлимхонХушнависии арабӣБоқӣ РаҳимзодаПайвандак (дастури забон)Ҷанги ҷаҳонии якумЭронСифати аслӣДавлати ҒазнавиёнҶонишин (дастури забон)ЮнонИқлимFTPҶанги шаҳрвандӣСозмони ҳамкории ШанхайЧингизхонДин дар ТоҷикистонНасрониёнҶанги шаҳрвандии ТоҷикистонБемориҳои асабФарҳанги ТоҷикистонКумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонБободархон (деҳа, н. Ашт)Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонФизиология🡆 More