2020 Тавофуқномаи Оташбаси Қарабоғи Кӯҳӣ

Тавофуқномаи оташбаси Қарабоғи Кӯҳӣ (2020) — изҳороти сеҷонибаи оташбас аст, ки онро Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин имзо кардаанд.

Изҳороти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон ва Президенти Федератсияи Русия
русӣ: Заявление Президента Азербайджанской Республики, Премьер-министра Республики Армения и Президента Российской Федерации
Дата подписания 9 ноябри Соли 2020
— место Боку, Ереван, Москва
Вступление в силу аз соати 00:00 (ба вақти Москва) 10 ноябри соли 2020
Подписали Илҳом Алиев
Никол Пашинян
Владимир Путин
Стороны 2020 Тавофуқномаи Оташбаси Қарабоғи Кӯҳӣ Озарбойҷон
2020 Тавофуқномаи Оташбаси Қарабоғи Кӯҳӣ Арманистон
2020 Тавофуқномаи Оташбаси Қарабоғи Кӯҳӣ Русия

Замина

Дар охири солҳои 80, муноқишаи дарозмуддати байниҷамоавӣ байни озарбойҷониҳо ва арманиҳо дар солҳои азнавсозӣ шадидан авҷ гирифт.

Дар солҳои 1991—1994 ин муқовимат ба амалиёти густардаи низомӣ барои назорат бар Ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи Кӯҳӣ ва баъзе қаламравҳои шафати он оварда расонд. 5 майи соли 1994 байни Арманистон ва Ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи Кӯҳӣ аз як тараф ва Озарбойҷон аз тарафи дигар Протоколи Бишкек дар бораи яроқ ва оташбас ба имзо расид. Дар давраи аз 9 май 11 майи соли 1994 созишномаи оташбас аз 12 майи соли 1994 ба имзо расид. Дар натиҷаи ҷанг, аксари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Қарабоғи пешини ҶШС Озарбойҷон ва минтақаҳои ҳамсоя, аз ҷумла онҳое, ки робитаи байни Қарабоғи Кӯҳӣ ва Арманистонро таъмин мекарданд, таҳти назорати ҶҚК монданд.

2020 Тавофуқномаи Оташбаси Қарабоғи Кӯҳӣ 
Тағйироти ҳудудӣ тибқи шартнома. Макони бо сурх ишорашуда, дар зери идораи Озарбойҷон мемонад. Ҳудуди штрихшуда бошад ба зери идораи Озарбойҷон то 1 декабри 2020 мегузарад. Дар тӯли сарҳади ҳудуи сабзи рӯшан қувваҳои сулҳпардози рус қарор хоҳанд дошт.
2020 Тавофуқномаи Оташбаси Қарабоғи Кӯҳӣ 
Харита бо қоидаҳо ва санаҳои гузариш барои ҳар як минтақаи алоҳида.

Дар моҳи сентябри соли 2020 ҷангҳои густарда аз сар оғоз ёфтанд, ки дар ҷараёни он Озарбойҷон як қисми назарраси қаблан таҳти назорати ҷониби Арманистон қарордоштаро дар тамоми марз бо Эрон забт карда, гирифт ва минтақаи таҳти идораи худро таъсис дод, 8 ноябри соли 2020 эълон шуд, ки шаҳри стратегии Шуша таҳти назорати қувваҳои мусаллаҳи Озарбойҷон гузашт.

Мазмуни изҳорот

Дар изҳорот аз соати 00:00 ба вақти Маскав, 10 ноябри соли 2020 оташбаси комил аз ҳама гуна амалиёти ҷангӣ дар минтақаи низои Қарабоғи Кӯҳӣ эълон шудааст.

  1. Пас аз оташбаси комил ва ҳама ҷангҳо дар минтақаи низои Қарабоғи Кӯҳӣ, аз соати 00:00 ба вақти Маскав, 10 ноябри соли 2020, Озарбойҷон ва Арманистон дар мавқеъҳои ишғол ишғолкардаи худ хоҳанд истод.
  2. Ноҳияи Ағдам ва қаламравҳое, ки ҷониби Арманистон дар ноҳияи Ғозохи Озарбойҷон дар ихтиёри он аст, то 20 ноябри соли 2020 ба Озарбойҷон баргардонида мешаванд.
  3. Дар хатти тамос дар Қарабоғи Кӯҳӣ ва дар долони Лачин як контингенти посдорони сулҳи Русия ҷойгир хоҳанд шуд.
  4. Контингенти посдорони сулҳи Федератсияи Русия дар баробари хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон ҷойгир карда мешаванд.
  5. Маркази посдорони сулҳ барои назорати оташбас ҷойгир карда мешавад.
  6. Арманистон то 15 ноябри соли 2020 ноҳияи Калбаҷар ва то 1 декабри соли 2020 ноҳияи Лачинро ба Озарбойҷон бармегардонад, дар ҳоле ки долони Лачинро (бараш 5 км) боқӣ мегузорад, ки робитаи Қарабоғи Кӯҳиро бо Арманистон таъмин мекунад ва ҳамзамон ба шаҳри Шуша таъсир нахоҳад гузошт. Дар тӯли се сол нақшаи сохтани роҳи нави трафикӣ дар тӯли долони Лачин муайян карда мешавад, ки иртиботи Степанакерт ва Арманистонро фароҳам меорад. Бо тағйири минбаъдаи контингенти посдорони сулҳи Русия барои ҳифзи ин масир равона хоҳад шуд. Озарбойҷон бехатарии ҳаракати шаҳрвандон, воситаҳои нақлиёт ва молро, дар ҳарду самт дар тӯли долони Лачин (русӣ: Лачинский коридор) кафолат медиҳад.
  7. Муҳоҷирони дохилӣ ва гурезагон ба қаламрави Қарабоғи Кӯҳӣ ва минтақаҳои атрофи он таҳти назорати Дафтари Комиссари Олии СММ дар умури гурезагон, бармегарданд.
  8. Мубодилаи асирони ҳарбӣ ва дигар ашхоси боздоштшуда ва ҷасади мурдаҳо низ ба назар мерасад.
  9. Ҳама робитаҳои иқтисодӣ ва нақлиётӣ дар минтақа кушода хоҳанд шуд. Арманистон байни ноҳияҳои ғарбии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Мухтори Нахичевони Озарбойҷон робитаҳои нақлиётӣ фароҳам меорад. Назорати нақлиётиро мақомоти Хадамоти марзбонии ФСБ Русия амалӣ мекунанд.

Аксуламал

Озарбойҷон

Сокинони шаҳри Боку ғалабаро рӯзи 10 ноябри соли 2020 ҷашн гирифтанд.

  • Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев гуфт, ки «ин созишнома — таслимшавии Арманистон мебошад
  • Ин созишнома истилои чандинсоларо хотима бахшид». Дар Озарбойҷон имзорасии ин созишномаро бо хушҳолӣ пешвоз гирифтанд ва тамоми шаб ҷашн гирифтанд. Дар тамоми Озарбойҷон, асосан дар Боку ҳангоми эълони созишнома, тантанаҳои бошукӯҳ баргузор гардиданд.

Арманистон

Мақолаи асосӣ: Эътирозҳо дар Арманистон (2020)
  • Баъди баимзорасии созишнома сарвазири Арманистон Никол Пашинян изҳор дошт, ки «ин ғалаба нест, ва мағлубият ҳам нест, то даме ки шумо худро мағлуб наҳисобидед, ва ин оғози давраи ҷадиди ваҳдат ва эҳёи миллии мо хоҳад буд». Дар Ереван баимзорасии созишномаи сулҳ ба бӯҳрони сиёсӣ ва ҳаракатҳои эътирозӣ оварда расонд. Эътирозгарон дар назди бинои ҳукумати Арманистон сухангӯи Маҷлиси миллӣ, Арарат Мирзоянро латукӯб кардаанд. Ва ҳамчунон эътирозгарон муҳофизонро низ зери латукӯб қарор дода, ба толори маҷлисгоҳ ворид шуданд ва аз болои минбар давом додани амалҳои ҷангиро дар Қарабоғ талаб карданд.

Байналмилалӣ

  • 2020 Тавофуқномаи Оташбаси Қарабоғи Кӯҳӣ  Президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвили Арманистон ва Озарбойҷонро бо ба хотима андохтани ҷанг табрик кард ва ба оилаҳои зарардидагон ҳамдардӣ баён кард, ва изҳор дошт, ки умед дорад, то дар Қафқози Ҷанубӣ даврони нав оғоз хоҳанд ёфт.
  • 2020 Тавофуқномаи Оташбаси Қарабоғи Кӯҳӣ  Эрон аз имзои тавофуқнома истиқбол кард ва умедворӣ ҳосил кард, ки дар минтақа сулҳ оғоз хоҳад ёфт
  • 2020 Тавофуқномаи Оташбаси Қарабоғи Кӯҳӣ  Вазири умури хориҷаи Покистон баёнияеро баён кард, ки дар он гуфта мешавад: «Мо ҳукумат ва мардуми бародарони Озарбойҷонро бо озодкунии сарзаминашон табрик мекунем.».
  • 2020 Тавофуқномаи Оташбаси Қарабоғи Кӯҳӣ  Вазири умури хориҷаи Туркия Мавлуд Чавушоғлу Озарбойҷонро баъди баимзокунии созишнома табрик намуд.

Эзоҳ

Tags:

2020 Тавофуқномаи Оташбаси Қарабоғи Кӯҳӣ Замина2020 Тавофуқномаи Оташбаси Қарабоғи Кӯҳӣ Мазмуни изҳорот2020 Тавофуқномаи Оташбаси Қарабоғи Кӯҳӣ Аксуламал2020 Тавофуқномаи Оташбаси Қарабоғи Кӯҳӣ Эзоҳ2020 Тавофуқномаи Оташбаси Қарабоғи КӯҳӣВладимир ПутинИлҳом АлиевНикол ПашинянПрезиденти Озарбойҷон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ҚоҳираЗайнуддин Маҳмуди ВосифӣАбуҳомид Муҳаммади ҒазолӣАфриқоНазарияи нисбияти омКумитаи миллии олимпии ТоҷикистонӮзбекистонҶумлаИдрокСубҳон СаидовСудонХунМушхорАхборСохти таркибии пешояндҳоАфлотунЭнсиклопедияи Миллии ТоҷикАндози мустақимБобунаМушхор (ҷинси рустанӣ)АрастуОбхезӣЗарфи замонВилоятҳои ТоҷикистонМеҳмон БахтӣСаҳифаи аслӣСайёҳӣ дар ТоҷикистонОриёӣВазорати маориф ва илми Ҷумҳурии ТоҷикистонБеларусНизоми бонкии ТоҷикистонАннотатсияМаънои аслӣ ва маҷозии калимаҳоПудинаҚувваҳои мусаллаҳи ТоҷикистонБандина (тиб)Тахти СангинПарандаКитобхонаи миллии ТоҷикистонПодшоҳии юнонии БохтарСаломатӣСоли 2001Президенти ТоҷикистонСаҳеҳи БухорӣАндоз аз молу мулки ғайриманқулЗабони лотинӣФердинан МагеланҲизби сиёсӣПойтахтФайласуфНоҳияи ҲисорУқёнуси ОромЁдгориҳои табиатСурхаконБюрократияЁддоштҳо (Айнӣ)ЛейкоситҲизби сотсиалистии ТоҷикистонСадриддин АйнӣОсиёи МиёнаАрзиш (илми иқтисод)ФутболСарбадоронМактабБадахшонСурияБПНМЛатвияИммунитетДмитрий МенделеевБонки миллии ТоҷикистонСоли НавДулонаФарзонаи ХуршедСӯхтагӣҲиссаҳои нутқАндоз аз даромади шахсони воқеӣ🡆 More