Скандий

Ска́ндий (лот.

Scandium; бо аломати Sc ишора карда мешавад) — элементи зергурӯҳи иловагии гурӯҳи сеюм ва даври чорӯми системаи даврии элементҳои кимиёвӣ ба ҳисоб рафта рақами тартибиаш 21 аст. Моддаи соддаи скандий (рақами CAS: 7440-20-2) металли нуқрамонанди сафед буда, тобиши махсуси зард дорад. Дар ду навъи кристаллӣ вуҷуд дорад: α-Sc бо панҷараи гексагоналии шакли магний,β-Sc бо панҷараи ҳаҷман марказонидашудаи кубӣ, температураи гузариши α↔β 1336 °C. Скандий ба гурӯҳи металлҳои нодир дохил мешавад. Аввалин бор дар нимҷазираи Скандинавия кашф шуда, номи он ҷойро гирифтааст. Компоненти асосии хулаҳои сабук буда, дорои 3,2 г/см3 зичӣ ва дар 15410С гудохта мешавад. Скандий истифодабарии васеъ дорад, барои хӯлаҳои сабуке, ки дар варзиш барои тайёр кардани бейсбол, софтбол, қисмҳои эҳтиётии велосипедҳо, чангакҳои голфқапанда, арматураи хаймаҳо, дар соҳаи аслиҳасозӣ, таҳқиқотҳои металлургӣ, лампаҳои шиддатнокиашон баланд, электроника ва шуоъҳои лазерӣ кор фармуда мешавад. Ҳарчанд скандий элементи парешон набошад, ҳам бо силикатҳои оҳану магний (пироксенҳо, биотит ва амфиболҳо) омехтаи муқаррарӣ ва паҳншуда дорад, вале дар таркиби онҳо миқдори камро дар бар мегирад ва консентратсияи Sc2O3 аз 5 то 10 г/т-ро ташкил мекунад. Скандий дар Австралия, Хитой, Қазоқистон, Норвегия, Украина, Русия ва Мадагаскар захира дорад, ба шакли комплексӣ чун омехта истеҳсол мешавад. консентратсияи скандий дар оби баҳр 0,00004 мг/л мебошад. Скандий аз рӯи хосиятҳои кимиёвиаш ба алюминий шабоҳат дорад.

Адабиёт

Сбор и обработка вторичного сырья цветных металлов : Учебник для вузов по специальности "Металлургия металлов" / Г. А. Колобов, В. Н. Бредихин, В. М. Чернобаев. – М. : Металлургия, 1993. – 288 с.

Инҷоро ҳам бингаред

Скандий 
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Скандий дорад

Tags:

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Бадоеъу-с-саноеъ (Шоҳин)СомониёнЭшони НуриддинҷонБактерияҳоБавосирИскандари МақдунӣИбораҳои феълӣНизомии ГанҷавӣЧилучорчашмаАдадРӯзи ҷаҳонии коргарВилоятҳои ТоҷикистонБемориҳои ҷигарАбдураҳмон ҚодирӣЛатифаДавлати ФаластинДомулло Ҳикматуллоҳи ТоҷикободӣДавлат ва инқилобОбхезӣБаёнотБиогеосенозБобоҷон ҒафуровАстағфируллоҳФоробӣБуҷети давлатӣШириншо ШотемурҶӯрабек НазриевДавлати ҚарохониёнҒурурВаридСиёҳалафНамакАдабиёти тоҷикГузариш NintendoБандакҳои хабарӣЭраҷ МирзоАмрикои ШимолӣСафедаҳоДулонаБандак (забоншиносӣ)Забони форсӣСулҳТаърихи Ҷумҳурии ТоҷикистонКишоварзӣ дар ТоҷикистонЗаминларзаХунпешобӣТоҷикистонПайвандак (дастури забон)Кӯҳҳои ТоҷикистонҚоидаи ҳаракати роҳМухотабАл-ҚонунЛоиқ ШералӣҲол (забоншиносӣ)ДандонНерӯгоҳи барқи обии РоғунКумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонВитаминҳоБемории вабоБоғҳои муаллақи БобилИнсонЧароғи роҳнамоҶомеаи шаҳрвандӣПиряхҳои ТоҷикистонЛубнонИммунитетҶумлаи амрӣИттиҳоди ШӯравӣҲокимияти сиёсӣАмрикоАҳолии ТоҷикистонАдабиёти кӯдакПойтахтБемории силИсм (дастури забон)Бану МӯсоҚоидаҳои имлои забони тоҷикӣДавлати СомониёнҒарибии Астарабодӣ🡆 More