Саидқул Билолов

Саидқул Билолов (5 октябри 1953, ноҳияи Данғара, вилояти Хатлон) — овозхон ва оҳангсози тоҷик, Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1994).

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999). Барандаи Ҷоизаи Рӯдакӣ (2002).

Саидқул Билол
Саидқул Билолов
Таърихи таваллуд 5 октябр 1953(1953-10-05) (70 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Данғара
Пеша(ҳо) овозхон, оҳангсоз
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999)

Зиндагинома

Саидқул Билолов 5 октябри соли 1953 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Соли 1963 ба Мактаб-интернати миёнаи мусиқӣ хореографии ҷумҳуриявӣ (имрӯз ба номи М. Атоев) дохил гардида, соли 1971 онро бомуваффақият хатм менамояд Замоне, ки ҳамагӣ 12 сол дошт, фаъолияти овозхонии худро шурӯъ кард. Ӯ феълан аз муваффақтарин оҳангсозон ва хонандагони муосири тоҷик аст, ҳарчанд худро ситора намедонад. Саидқул Билолов аз аввалин хатмкардаҳои мактаби мусиқии Малика Собирова мебошад.

Солҳои 1971—1976 дар факултаи созҳои халқии (рубоб) Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода таҳсил кардааст.

Аз соли 1982 то имрӯз Саидқул Билолов дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сароянда, роҳбари бадеии Ансамбли «Дарё», директори маъмурияти ҷалби дастаҳои ҳунарӣ кор мекунад. Солҳои 2000—2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва кор бо ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Соли 2000 вакили мардумии МН МО Тоҷикистон интихоб щудааст..

Эҷодиёт

Беш аз 300 суруду тарона, бадеҳа, сюитаҳои созӣ-овозии ӯ дар хазинаи радио маҳфузанд. Санъати тоҷикро дар Австрия (1979), Испания (1984), Руминия (1986), Белгия (1994), Германия (1997, 2000), Туркия (2000), Франсия (2005), Хитой (2006), Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон (2007), Қатар, ИМА (2008), Ҳиндустон (2008) муаррифӣ намудааст.

Ҷоизаҳо

Бо унвонҳои фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1994), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999), Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ (2002), Ордени «Дӯстӣ» (2005) ва медали «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Осор

Сабти нотавии сурудҳои С. Билолов дар китобҳои «Дарёи суруд» (2002, 2007) ва «Дилнома» (2011) нашр шудаанд.

    Сурудҳо ва сюитаҳо

Эзоҳ

Адабиёт

  • Таджикская музыка. Д., 2003;
  • Энсиклопедияи Кӯлоб. Д., 2006;
  • Донишномаи Шашмақом. Д., 2009.
  • Мусиқишиносон ва оҳангсозони Тоҷикистон. — Душанбе, 2011.

Tags:

Саидқул Билолов ЗиндагиномаСаидқул Билолов ЭҷодиётСаидқул Билолов ҶоизаҳоСаидқул Билолов ОсорСаидқул Билолов ЭзоҳСаидқул Билолов АдабиётСаидқул Билолов19535 октябрВилояти ХатлонНоҳияи ДанғараОвозхонОҳангсозҲунарпешаи халқии Тоҷикистон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Кишоварзӣ дар ТоҷикистонКислотаНавзодАлюминийФарҳанги ТоҷикистонХуҷандАтеросклерозЗарфи сабабТазкирату-л-авлиёМирзо ТурсунзодаФеҳристи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонСайфи ФарғонӣЛайлӣ ва МаҷнунҒурурВикипедияРӯзи модарГулОсиёи МарказӣМарокашАлгоритмҚалъаи ҲисорГимнастикаСутунмуҳраТовусШайбониёнВазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии ТоҷикистонСӯхторНоҳияи Кӯҳистони МасчоСохти шумораҳоШоҳаншоҳии ҲахоманишӣДилшод НазаровРисолаи дилкушоЗабони тоҷикӣИсаак НютонАпрелТашхисЗардуштиёнАрастуНамунаи адабиёти тоҷик (китоб)ВитаминҳоАфсонаҶӯрабек НазриевМамнӯъгоҳи РомитНизоми иқтисодӣАспТемурмаликКӯлҳои ТоҷикистонЗабоншиносӣБританияи Кабир (мазмунҳо)ЗаминларзаИқболи ЛоҳурӣАморати БухороПудинаДарахтШутурҚонунДавлати ҲайтолиёнГармчашма (табобатгоҳ)Феъл (дастури забон)СифатҲукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонИбораҳои исмӣАннотатсияҶазои маъмурӣИмом БухорӣАдабВикипедияи ТоҷикӣРӯзи кайҳоннавардонДушанбеҶонишинҳои нафсӣМисрБонки ҷаҳонӣТахти СангинҚоидаи ҳаракати роҳТобеъшавии Осиёи Миёна ба империяи РусияҚалъаи ХуҷандМубтадоҒарибии АстарабодӣМаҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон🡆 More