Дараҷаи Низомӣ

Рутбаи ҳарбӣ — аломати фарқкунандаи ҳарбӣ аст, ки вобаста ба таҳсилот, мансаби ишғолкарда ва собиқаи хидмат ба хидматчиёни ҳарбӣ ва уҳдадорони ҳарбӣ дода мешавад.

Дараҷабандии низомӣ сомонае мунтазам барои ташхиси силсиламаротиб дар нерӯҳои мусаллаҳ ё ниҳодҳое аст, ки тавассути низом созмондеҳӣ мешаванд. Дараҷаҳои низомӣ нишондиҳандаи донишу коршиносиву шоистагии афсарон дар раҳбарӣ ва фармондеҳии ягоне аз нерӯҳои мусаллаҳ ҳастанд.

Дараҷаҳои низомӣ маъмулан бо нишонаҳое намоёнидаву шинохта мешаванд, ки дар пӯшоки ҳамсон дӯхта ё часпонда шудаанд.

ТоҷикистонНерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Афсарон
Поя Солорон Сардорон Саркардагон Размомӯзон
Сардӯшиҳо
Ҷашнӣ
Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ
Ҳаррӯза Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ
Размӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ
Дараҷаҳо
кунунӣ
Генерали артиш Генерал-полковник Генерал-лейтенант Генерал-майор Полковник Подполковник Майор Капитан Лейтенанти калон Лейтенант Лейтенанти хурд Курсант
пешниҳодӣ Артишсолор Сипаҳсолор Лашкарсолор Гундсолор Сарҳанг Сарҳангёр Саргурд Сарвон Таҳморо Таҳмдор Таҳмовар Размомӯз
Ҳамто дар НАТО[en] OF-9 OF-8 OF-7 OF-6 OF-5 OF-4 OF-3 OF-2 OF-1 OF(D) and student officer
Тоҷикистон Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон
Поя Размсозон Размоварон Сарбозон
Сардӯшиҳо
Ҷашнӣ
Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ
Ҳаррӯза Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ
Размӣ
Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ Дараҷаи Низомӣ
Дараҷаҳо
кунунӣ
Прапоршики калон Прапоршик Старшина Сержанти калон Сержант Сержанти хурд Ефрейтор Қаторӣ
пешниҳодӣ Размсоз Размпардоз Размозмо Разморо Размдор Размовар Размюз Сарбоз
Ҳамто дар НАТО[en] OR-9 OR-9 OR-8 OR-7 OR-6 OR-5 OR-4 OR-1


Дараҷаи Низомӣ

Рутбаи ҳарбӣ — аломати фарқкунандаи ҳарбӣ аст, ки вобаста ба таҳсилот, мансаби ишғолкарда ва собиқаи хидмат ба хидматчиёни ҳарбӣ ва уҳдадорони ҳарбӣ дода мешавад.

Дараҷаҳои низомии тоҷикӣ реша дар таърихи низомии мардумони эронитабор доранд ва аз истилоҳоту лақабҳо ва мансабҳои низомии Ашкониён, Сосониён, Сомониён ва дараҷаҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон баргирифта ва ё аз рӯи онҳо сохта шудаанд.

Деринатарин ёдкард аз нерӯҳои размии ниёкони тоҷикон дар «Авесто» ва сангнавиштаҳои шоҳаншоҳони Ҳахоманишӣ боз монда, ки *kāra-мардум-сипоҳ’ (< ҳиндуурупоӣ: *koro-s, *kori̯o-sҷанг; сипоҳ, лашкар’ < олмонӣ: Heerартиш; нерӯи заминӣ’; инглисии куҳан: Hereартиш’) ва *spāda- ‘сипоҳ’ хонда шудаанд.

Дар нерӯҳои размии Эрони бостон нақши вижаеро гардунасаворон доштанд, ки дар «Авесто» raθaē-štar- (аз авестоӣ: raθa-гардуна’ + štar- ‘истода’) номида шудаанд. Ҳамин вожа дар забони порсии миёна: artēštār шуда ва «артиш» аз он гирифта шудааст.

Сипоҳи Ҳахоманишиён

Сипоҳи Ҳахоманишиён
Ягонҳо Шумори нерӯҳо Фармондеҳ
*daθa- 10 сарбоз *daθapati-
*θata- 100 сарбоз *θatapati-
*hazāra- 1 000 сарбоз *hazārapati-
*baivara- 10 000 сарбоз *baivarapati-
*spāda- 60 000 сарбоз *spādapati-

Нерӯҳои мусаллаҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) бар пояи радабандии даҳ-даҳӣ созмон ёфтаву ба забони порсии бостон: *spāda- [сипоҳ] хонда мешудаанд. Дар сипоҳи Ҳахоманишиён аз 10 сарбоз як *daθa- [даҳа] ташкил мешуда ва сардораш *daθapati- [даҳбад] хонда мешудааст. Аз 10 даҳа як *θata- [сада] ташкил мешуда ва фармондеҳаш *θatapati- [садбад] номида мешудааст. Аз 10 сада як *hazāra- [ҳазора] ташкил мешуда ва фармондеҳаш *hazārapati- [ҳазорбад] хонда мешудааст. Аз 10 ҳазора як *baivara- [бевара] ташкил мешуда, ки фармондеҳаш *baivarapati- [беварбад] номида мешудааст. Сарфармондеҳи сипоҳи Ҳахоманишиён *spādapati- [сипаҳбад] хонда мешудааст.

Агар шумори нерӯҳои ин ягонҳоро бо воҳидҳои низомии артишҳои имрӯзӣ ҳамсанҷӣ кунем, даҳа бо отделение, сада бо рота, ҳазора бо полк, бевара бо дивизия ва сипоҳ бо армия баробар мешаванд. Бо ҳамин қиёс, даҳбад бо сержант ё старшина, садбад бо лейтенант ё капитан, ҳазорбад бо майор ё полковник, беварбад бо генерал-майор ё генерал-лейтенант ва сипаҳбад бо генерал-полковник ё генерали артиш баробар мешаванд.

Сипоҳи Ашкониён

Сипоҳи Ашкониён
Ягонҳо Шумори нерӯҳо Фармондеҳ
*radag 10 сарбоз *radagpān
wast 100 сарбоз wast-sālār
drafš 1 000 сарбоз drafš-sālār
gund 10 000 сарбоз gund-sālār
spāδ 50 000 сарбоз spāδpat ё spāδbad

Дудмони паҳлавии Ашкониён (Соли 250 п.м. — 224), ки ҷойгузини дудмони юнонии Селевкиён (312 — 64 п.м.) шуд, созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифт. Радабандии сипоҳи Ашкониён чунин будааст:

Дар сипоҳи Ашкониён даҳаҳо ба забони паҳлавӣ *radag (рада), садаҳоwast [васт], ҳазораҳоdrafš [дирафш], бевараҳоgund [гунд] номида мешуданд. Фармондеҳони ин ягонҳо мутаносибан wast-sālār [васт-солор], drafš-sālār [дирафш-солор] ва gund-sālār [гунд-солор] хонда мешуданд. Нерӯҳои мусаллаҳи Ашкониён низ чун замони Ҳахоманишиён spāδ [сипоҳ] ва фармондеҳашон spāδpat ё spāδbad [сипаҳбад] номида мешуд.

Бояд гуфт, ки сипоҳи подшоҳии Арманистон, ки фармонбардори Эрон буд, низ ҳамчун сипоҳи Ашкониён ба гунд, дрош ва вашт бахшбандӣ мешуд. Ҳануз ҳам дар Нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон рота ба забони арманӣ. Վաշտ [вашт], ҳанг — գունդ [гунд] ё Զորագունդ [зӯрагунд], сарҳанг — Գնդապետ [гндапет] ва генерал-полковник — գեներալ—գնդապետ [general-gndapet] номида мешаванд.

Сипоҳи Сосониён

Мақолаи асосӣ: Сипоҳи Сосониён
Сипоҳи Сосониён
Ягонҳо Шумори нерӯҳо Фармондеҳ
radag 10 сарбоз *radagbān
tahm 100 сарбоз tahmdār
wašt 500 сарбоз wašt-sālār
drafš 1 000 сарбоз drafš-sālār
gund 5 000 сарбоз gund-sālār
spāh 10 000 сарбоз spāhbed
artēštārān artēštārān-sālār

Нерӯҳои мусаллаҳи Сосониёнро сипоҳ (порсии миёна: spāh) меномиданд, ки бузургтарин ягони он гунд (порсии миёна: gund) будаву 5 000 сарбозро дар бар мегирифта ва фармондеҳашро гундсолор (порсии миёна: gund-sālār) мехонданд. Ҳар гунде аз чанд дирафш (порсии миёна: drafš) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 1 000 сарбоз дошт. Ҳар дирафше аз ду вашт (порсии миёна: wašt) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 500 сарбоз дошт. Ҳар ваште аз чанд таҳм (порсии миёна: tahm) созмон меёфт, ки ҳар кадоме 100 сарбоз доштанд. Ҳар таҳме аз чанд рада (порсии миёна: radag) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 10 сарбозро дар бар мегирифт. Фармондеҳи дирафш дирафшсолор (порсии миёна: drafš-sālār), фармондеҳи вашт ваштсолор (порсии миёна: wašt-sālār), фармонеҳи таҳм таҳмдор (порсии миёна: tahmdār) ва фармондеҳи рада эҳтимолан радабон (порсии миёна: *radagbān) номида мешуд.

Фармондеҳи сипоҳ сипаҳбад (порсии миёна: spāhbed) хонда мешуд. Дар шоҳаншоҳии Сосонӣ баландпоятарин мақоми низомӣ пас аз шоҳаншоҳ артишдорон-солор (порсии миёна: artēštārān-sālār) буд, ки бино бар қаринаҳо, унвони дигаре барои «Эрон сипоҳбед» (порсии миёна: Ērān spāhbēd) аст, ки то замони подшоҳии Хусрав Анӯшервон болотарин мақоми низомӣ дар шоҳаншоҳии Сосониён буд.

Бо таваҷҷуҳ ба ҳамномии ягонҳои размии сипоҳи Арманистон бо Эрон дар замони Сосониён, метавон гуфт, ки шумори нерӯҳо дар ягонҳои размии сипоҳи Сосониён низ бо сипоҳи Арманистон ҳамсону баробар будааст. Чунончи, дар сипоҳи Арманистон ҳар гунд аз ду ё се дирафш ташкил меёфт ва дирафш низ, агар онро бо коҳорт (ягони размии сипоҳи Рум, ки маъмулан аз 500 – 600 сарбоз ташкил мешуд) ҳамсанҷӣ кунем, аз ду вашт созмон меёфтааст. Дар садаҳои IV — V милодӣ нерӯҳои размии подшоҳии Арманистон аз сипоҳҳо (ҳар кадоме 10 ҳазор сарбоз доштаанд), гундҳо (2 000 – 3 000 сарбоз), дирафшҳо (1 000 сарбоз), ваштҳо (500 сарбоз) ва ҳамчунин ягонҳои хурдтар – садаҳо ва даҳаҳо ташкил мешудаанд. Ин сохтори созмонии сипоҳи Арманистон ҳамсониҳои бисёре бо сипоҳи Рум ва бештар аз он бо сипоҳи Эрон дар замони подшоҳии Сосониён дошт. Аз деворнивиштаҳои сипоҳиёни Сосонӣ дар куништи яҳудиёни шаҳри Дура-Европос метавон донист, ки садаҳо таҳм ва даҳаҳо рада номида мешудаанд.

Чуноне ки аз ҷадвали радабандии сипоҳи Сосониён дида мешавад, сохтори сипоҳи Сосониён ба сохтори артишҳои имрӯзӣ наздиктар аст. Чунончи, аз рӯи шумори нерӯҳо рада бо отделение, таҳм бо рота, вашт бо батальон, дирафш бо полк, гунд бо бригада ва сипоҳ бо дивизия баробар аст. Бо ҳамин қиёс, размовар бо сержант ё старшина, таҳмдор бо лейтенант, ваштсолор бо капитан, дирафшсолор бо полковник, гундсолор бо генерал-майор ё генерал-лейтенант ва сипаҳбад бо генерал-полковник ё генерали артиш баробар будаанд.

Пайвандҳо

Манобеъ

Tags:

Дараҷаи Низомӣ Таърихчаи дараҷаҳои низомии тоҷикӣДараҷаи Низомӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Тоҷикон (китоб)Бемориҳои дилМаданиятшиносӣҶигарҶалолуддини БалхӣВаколатномаРанди Африқои ҶанубӣВарзиш ТВХадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонПиряхИбораҳои зарфӣҲуқуқҳои инсонЗаминАъзои ҷумлаДарахтАндозАттори НишопурӣОсиёи Ҷанубу ШарқӣСайфи ФарғонӣАрифмометрҲофизСаҳифаи аслӣШуурГули хайрӣФеҳристи баландтарин қуллаҳои ЗаминОсорхонаи таърихии вилояти СуғдЗистшиносӣДастурамалДарёҳои ТоҷикистонҲуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии ТоҷикистонКитоби МуқаддасНоҳияи ПанҷакентВладимир ЛенинВазифаи ҳифзи ВатанҶонишинҳои нафсӣМеҳмет БоздагБуҷети давлатӣВазорати мудофиаи Ҷумҳурии ТоҷикистонТахачБоқӣ РаҳимзодаДонишгоҳи миллии ТоҷикистонНишони ТоҷикистонБемориҳои ирсӣТаърихФеъл (дастури забон)Инкори инкорЭронҶадвали даврии унсурҳои кимиёӣФурӯғи ФаррухзодПешояндҳои аслӣАҳолии ЗаминФотеҳ НиёзӣҚазоқистонТуркияӮзбекистонЧилучорчашмаАдади натуралӣНишони давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонДилБонки ЭсхатаБосмачиҳоВавилон-МобайлКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонАхбори Академияи Илмҳои Ҷумҳурии ТоҷикистонИбораҳои сифатӣМуайянкунандаИбора (мазмунҳо)ВосеъШаҳрҳои ТоҷикистонМамнӯъгоҳи РомитАстағфируллоҳБарномаи компютерӣАҳолии ЭронПули миллӣВилояти СуғдМасъуди ҚумӣРӯзи ваҳдати миллӣ (Тоҷикистон)🡆 More