Рустам Латифзода

Рустам Барот Латифзода  — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI.

Номзад дар интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон (2020), Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон.

Рустам Латифзода
Латифзода Рустам Барот
Таърихи таваллуд: 27 ноябр 1960(1960-11-27) (63 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Восеъ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ: Рустам Латифзода Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Институти кӯҳшиносии шаҳри Санкт — Петербург
Ҳизб: Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: сиёсатмадор

Зиндагинома

Латифзода Рустам Барот 27 ноябри соли 1960 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Институти кӯҳшиносии шаҳри Санкт — Петербургро бо ихтисосҳои инженер — гидротехник ва инженер — эколог хатм намудааст.

Дар вазифаҳои усто, инженер, инженери калони КСМ-31 ва Муассисаи махсусгардонидашудаи сохтмонии «Тоҷикводстрой», сармутахассис, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассис, сармутахассиси шуъбаҳои комплекси агросаноатӣ, экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали Вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Маркази илмию тадқиқотии ҳифзи захираҳои оби Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиати Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати захираҳои об, илм ва техникаи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин мебошад. Узви Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мебошад.

1 марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. 17 марти соли 2020 Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин интихоб гардидааст.

Ҳаёти шахсӣ

Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад. Ҳамсараш Раҳмонова Дилором соҳибкор мебошад. Писари калонии ӯ Латипов Ҷовид, корманди ширкати IRS, писари дигараш Латифзода Наврӯз дар вазорати корҳои хориҷӣ ба ҳайси консули Тоҷикистон дар Амрико фаъолият мекунад.

Духтари бузургаш Зебунисои Рустам корманди бонки тиҷоратии «Арванд» ва духтари худрияш Латипова Меҳринисо, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Эзоҳ

Tags:

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон (2020)Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонҲизби аграрии Тоҷикистон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

АдабиётҚонунВазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии ТоҷикистонОсиёи МарказӣДастгоҳи иҷроияи Президенти ТоҷикистонТандурустӣ дар ТоҷикистонСозмони Милали МуттаҳидДавлатУқобАдабиёти кӯдакТаърихМасдарНоҳияи Абдураҳмони ҶомӣМаркетингЧашмпизишкӣБавосирМавлонозодаБарномаи компютерӣЗабонАмнияти миллӣКамолуддин БиноӣСаидқул БилоловТурсунзода (шаҳр)Фарзонаи ХуршедСаида ФайзалиеваРубоӣФарҷ (узв)Тоҷикон (китоб)Маликушшуаро БаҳорВилоятҳои ТоҷикистонНоҳияи ВаҳдатМуҳаммадВазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии ТоҷикистонФазонавардКишоварзӣ дар ТоҷикистонБоғи ҳайвоноти ДушанбеУзвҳои таносули мардонаХуҷандТуркияНавзодРӯзномаи «Оила»ҚобусномаҚазоқистонПойтахтҲуқуқ ба ҳаётКалимаҚуръонЗарбулмасалИсмҳои мураккабФеҳристи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонҲуқуқи меҳнатӣДонишгоҳи давлатии омӯзгории ТоҷикистонЛатифаНерӯгоҳи барқи обии НоракНоҳияи ПанҷакентҶӯрахон ОбидпурУнсурулмаъолии КайковусҒуриёнПокистонИстихораҶумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонҚаҳрамони ТоҷикистонИнтихоби табиӣКӯҳҳои ТоҷикистонАбдуллои СултонҶалолуддини БалхӣХазинаи АмударёАбдуллоҳ Ибни СабаъМисрГумрукЗабони туркманӣСаҳифаи аслӣҲахоманишиёнГург🡆 More