Раҳим Саидзода

Раҳим Саидзода (Саидов Раҳимҷон Ҳамроқулович; 7 июни 1969, ноҳияи Москва, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — ходими давлатӣ, доктори илмҳои техникӣ (2018), профессор.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2022).

Раҳим Саидзода
Раҳим Ҳамро Саидзода
Раҳим Саидзода
21 феврали соли 2022 — то ҳол
Нахуствазир Қоҳир Расулзода
Президент Эмомалӣ Раҳмон
Пешгузашта Муҳаммадюсуф Имомзода
Таваллуд 28 апрел 1959(1959-04-28) (64 сол)
Ном ҳангоми таваллуд Саидов Раҳимҷон Ҳамроқулович
Дараҷаи илмӣ доктори илмҳои техникӣ
Унвони илмӣ профессор
Ҷоизаҳо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ (1999), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2010)

Зиндагинома

Раҳим Саидзода 7 июни соли 1969 дар ноҳияи Москва ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна солҳои 1986—1993 дар факултети автомобил ва роҳҳои автомобилгарди Донишкадаи политехникии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Дар вақти таҳсил, солҳои 1987—1989 дар сафи Артиши Шӯравӣ (шаҳри Горкий, Федератсияи Русия) хидмати ҳарбӣ намудааст.

Корнома

  • 1995—1997 — Ассистенти кафедраи «Бехатарии фаъолияти инсон ва экология»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
  • 1997—1999 — Муаллими калони кафедраи «Бехатарии фаъолияти инсон ва экология»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
  • 2003—2003 — Сардори сектори илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
  • 2003—2005 — Мудири кафедраи «Бехатарии фаъолияти инсон ва экология»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
  • 2004—2005 — Муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
  • 2005—2009 — Директори Колеҷи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
  • 2009—2010 — Сардори раёсати атестатсия, акредитатсия ва иҷозатномаҳои муассисаҳои таълимии хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 2010—2011 — Муовини сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 2011—2015 — Сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 2015—2017 — Сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маорифи ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 2017—2019 — Муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
  • 2019—2022 — Директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСиС» дар шаҳри Душанбе

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 2022 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.

Фаъолияти илмӣ

Раҳим Саидзода соли 1998 рисолаи илмии номзадиашро дар мавзӯъи "Хӯлаҳои алюминий ва берилий бо баъзе маталҳои нодирзаминӣ" ҳимоят кардааст. Соли 2017 рисолаи докториашро дар мавзӯъи "Сохторбандӣ ва хосиятҳои физикӣ-химиявии хӯлаҳои сабуки алюминий бо металлҳои нодирзаминӣ ва ишқорзаминӣ" ҳимоят кардааст.

Ҷоизаҳо

Раҳим Саидзода бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (1999), нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2010) ва дигар ифтихорномаю дипломҳо қадрдонӣ шудааст.

Эзоҳ

Tags:

Раҳим Саидзода ЗиндагиномаРаҳим Саидзода КорномаРаҳим Саидзода Фаъолияти илмӣРаҳим Саидзода ҶоизаҳоРаҳим Саидзода ЭзоҳРаҳим Саидзода7 июнВилояти КӯлобНоҳияи МоскваСоли 1969ҶШС Тоҷикистон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Бозор СобирУзвҳои пешобҲиссача (дастури забон)Давлати исломии Ироқу ШомИқтисодМор­фология (мазмунҳо)Забони русӣЭнергияҚаҳрамони ТоҷикистонТрансформаторҲукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонМаорифпарварӣРӯзи ҒалабаТандурустӣ дар ТоҷикистонМактабҲол (забоншиносӣ)Пиряхи ВанҷяхВараҷаДубайтӣАҳмад ЗоҳирРаиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии ТоҷикистонҚоидаҳои имлои забони тоҷикӣМаркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонҲамсадоИқболи ЛоҳурӣБаскетболТемурмаликИстилоҳҲикояҳои хурд-хурдСироҷиддини ФозилСурияВоҳидҳои забонБандакҳои хабарӣНоҳияи ШуғнонРӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонЗебуннисо РустамоваВНМОДузанагӣ ё серзанагӣВазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии ТоҷикистонҲуқуқи кӯдакКайҳоншиносӣПрокуратураСарвазири Ҷумҳурии ТоҷикистонЗарф (дастури забон)Кафшиёти бузурги ҷуғрофиёӣSomon.tjЛатифаҶалол ИкромӣНавзодСоли 2020Маҳмадулло ЛутфуллоевСиғаи амрӣФеъл (дастури забон)Нишони ТоҷикистонАдабиёти бадеӣНидоБлез ПаскалҶалолуддини БалхӣТемурНизоми гумрукӣFTPРӯзи кайҳоннавардонНоҳияи ДеваштичЧеҳраҳои мондагор (китоб)Аҳолии ЗаминНерӯгоҳи барқи обии РоғунОбхезӣХати лотинӣБарномаи компютерӣФалсафаи исломӣУзвҳои таносулҶумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонНонПуркунандаМаънои аслӣ ва маҷозии калимаҳоШоир🡆 More