Озода Нурсаидова: сарояндаи ӯзбек

Озода Нурсаидова — номи пурра Озода Саидзода Парпиевна (Нурсаидова) (ӯзбекӣ: Ozoda Saidzoda Parpiyevna (Nursaidova)) - сароянда, оҳангсоз, коргардон ва аъзои узви коргардонҳои Mesam дар Туркия.

Озода Нурсаидова
ӯзбекӣ: Ozoda Saidzoda
Озода Нурсаидова: Зиндагинома, Фаъолият, Дискография
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд Озода Саидзода Парпиевна
Номи пурра Озода Саидзода Парпиевна (Нурсаидова)
Таърихи таваллуд 9 октябр 1974(1974-10-09) (49 сол)
Зодгоҳ Тӯйтеппа, Вилояти Тошканд, ҶШСӮ, ИШ
Солҳои фаъолият 1994-то ҳол
Кишвар Озода Нурсаидова: Зиндагинома, Фаъолият, Дискография Ӯзбекистон
Пеша(ҳо) Сароянда
Коргардони мусиқӣ
Оҳангсоз
Сабк Эстрада, поп, мақом, etnic-modern

Зиндагинома

Озода Нурсаидова 9 октябри соли 1974 дар вилояти Тошканд таваллуд шудааст.

Соли 1999 факултаи сурудхонии суннатиро дар Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи Ашрафӣ хатм кардааст.

Фаъолият

Озода фаъолияти эҷодии худро аз сурудани мусиқии шарқӣ, таронаҳо ва мақоми байналмиллалӣ оғоз карда, дар ин самтҳо хуб кор кардааст. Соли 1994 дар фонди тиллоии ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон ду тарона бо номи "Мугулчаи наво" ва "Инонма"-ро сароидааст. Ҳамон сол Мухаммад Юсуф бо шеър-таронаи «Mуҳаббат қайдасан»-ро эҷод кард. Ин тарона хело машҳур шуд. Сароянда дар болои худ сахт кор кардан гирифт. Ӯ боз ду таронаи «Этмасмидим» ва «Отажон»-ро баровард. Соли 1997, "Мухаббат қайдасан?"-ро клип намуд, ки ин клипи аввалини ӯ гардид. Ҳамон сол ӯ аввалин албоми мусиқии худро омода карда, пешкаши мухлисон кард. Соли 1999 албоми дуюмашро ба шунавандагон расонд. Худи хамон сол консерти яккаашро пешкаши тамошобинон кард. Соли 2001 барандаи ҷоизаи "Беҳтарин овозхони сол" шуд. Дар кишварҳои дигар Озода Саидзодаро ҳам овозхон ҳам оҳангсоз мешиносанд.

Зимнан, Озода Нурсаидова, ки дар авоили солҳои 2000-ум дар Ӯзбекистон маҳбубияти бесобиқа пайдо карда буд, барои бисёре аз овозхонҳои шинохта монеи пешравӣ арзёбӣ мешуд. Овози ӯро ба таври ғайрирасмӣ барои 13 сол мамнӯъ эълон намуданд. Аввалин мамнуият дар соли 2003 оғоз ёфт. Соли 2006 ин ҳолат боз такрор шуд. “Ба Сурхондарё рафтам. Мо бояд консерт медодем. Мо баромад кардем, ба мо маблағ надоданд. Консерти дуюм дар Шурчӣ дар буд. Ташкилкунандагон ба мо ваъда доданд, ки якбора маблағи ду консертро медиҳанд. Мо ба консерти дуюм рафтем. Маро дар қаҳвахонае, ки дар наздикии варзишгоҳ воқеъ буд, гузоштанд. Навозандагони ман дар стадион буданд ва ба ҳунарнамоӣ омодагӣ медиданд. Вақти баромад кардан расид, аммо маро аз қаҳвахона касе набурд. Издиҳом ба намоиш гузоштанд. Соли 2003 буд. Вақте ба Тошканд баргаштам, фаҳмидам, ки ба далели ин консерт маро манъ кардаанд.” - гуфт Саидзода. Сурудҳои хонанда дар экранҳои радио ва телевизион дигар намоиш дода намешуданд. Озода Нурсаидова, ки мехост дар хориҷа кор кунад, вале модараш намехост, гумон дошт, ки кораш дар Ӯзбекистон тамом мешавад. Бо вуҷуди ин, ӯ бори дигар кӯшиш кард. Бо вуҷуди мушкилот Озода дар соли 2018 таронаи “Я Ҳабибӣ”-ро пешкаши мухлисон кард ва ин тарона ба яке аз маъруфтарин таронаҳои соли 2018 табдил ёфт.

Ба саволе, ки чаро насабатон Нурсаидоваро ба насаби Саидзода иваз кардед, ӯ ҷавоб дод: “Дар шиносномаи аслӣ насабам Нурсаидова аст, аз хурдӣ номи бобоямро мегирифтам, барои ҳамин ба Саидзода иваз кардам".

Таронаҳои ӯ аз қабили «Қанийди», «Эслама мени», «Сокини Ишқ», «Соғинди дил», «Аждодлар», «Кечиринг она», «Лейли», «Сен бўлмасанг бошқаси», «Ламбо», «Ҳаяти» хит мебошанд.

Дискография

  • 1997 — «Muhabbat qaydasan»
  • 2000 — «Ketma».
  • 2001 — «Asrasin»
  • 2002 — «Endi man ketaman»
  • 2003 — «Ishq sharobi»
  • 2004 — «Orzularim»
  • 2006 — «Bu kuylar kechagimas»
  • 2010 — «Tinglanmagan qushiqlar»
  • 2014 — «E’tirof et»

Ҷоизаҳо

  • 2001 — Тарона дар номинатсияи «Беҳтарин сарояндаи сол»
  • 2002 — Замин дар номинатсияи «Беҳтарин сарояндаи сол» 

Эзоҳ

Tags:

Озода Нурсаидова ЗиндагиномаОзода Нурсаидова ФаъолиятОзода Нурсаидова ДискографияОзода Нурсаидова ҶоизаҳоОзода Нурсаидова ЭзоҳОзода НурсаидоваЗабони ӯзбекӣТуркия

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Номгӯйи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонЗакотАбурайҳони БерунӣЭронГармкунакБонки тиҷоратӣСаъдӣНосири ХусравApple Inc.Вазири фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонЗабоншиносӣРавоншиносЗабти давлатҳои Осиёи Миёна аз ҷониби РусияШаҳристонҳои расмӣ гардонидашуда23 июнНуқтаҳои канории ТоҷикистонНерӯгоҳи барқи обии РоғунБухороМаҷмӯъи маҳсулоти дохилӣЗардуштКислотаКатибаи БесутунСармояЗуҳалШаби қадрУмари ХайёмДонишгоҳи Ню-ЙоркКалимасозӣСоли 2022Ҷонишинҳои шахсӣСаноати ТоҷикистонПрезиденти ТоҷикистонВилояти ЧелябинскАллергияБактерияҳоҚоҳир РасулзодаМеханикаСоли 2024КарбогидратҳоИмом БухорӣДевонЗаминВарзиш ТВРӯзаОзарбойҷонФизикаи квантӣДонишИқтисоди миллӣПӯсидагии дандонФарҳанги ТоҷикистонБразилияДарсБарномаи зиддивирусӣҲаёти ҷинсӣПасояндМатлубахон СатториёнРамазонПиряхБэтменMozilla FirefoxБеларусҲокимияти давлатӣҲуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандГурӯҳи хунӣАвесто14 октябрВйетнамСоли 2021Сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии ТоҷикистонБемориҳои асабВазорати адлияи Ҷумҳурии ТоҷикистонАналгетикЗабони барноманависӣ10 августВавилон-МобайлФизика🡆 More