Ноҳияи Қубодиён

Ноҳияи Қубодиён (форсӣ: ناحیۀ قبادیان‎) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Ноҳияи Қубодиён
Ноҳияи Қубодиён дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Ноҳияи Қубодиён Тоҷикистон Ноҳияи Қубодиён
Вилоят : Хатлон
Марказ: Қубодиён
Замони таъсис : 27 октябри 1939
Раиси ноҳия: Сабурзода Мирзодавлат
Абдолӣ (аз 2023)
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 1834,4 км²
Шумораи шаҳракҳо : 1
Шумораи ҷамоатҳо : 6
Мардум
Аҳолӣ (2022) : 195,1 ҳаз. кас
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ, ӯзбeкӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа : KA
Код ISO : TJ.KТ.KA
Пешшумора : +992 3251
Нишонии почта : 735140
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 03РТ

Ин ноҳия 27 октябри соли 1939 дар бахше аз вилояти Сталинобод дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта ва дар солҳои 19301970 ба ёди Анастас Микоян, яке аз раҳбарони шӯравӣ, ноҳияи Микоянобод номида мешуд.

Аз 4 январи соли 1944 ин ноҳия бахше аз вилояти Қӯрғонтеппа шуд.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Қубодиён (форсӣ: قبادیان‎) аст, ки дар канори рӯди Кофурниҳон, шохоби рости рӯди Панҷ, 94 км ҷанубу ғарбтар аз Бохтар ва 2 км дуртар аз истгоҳи роҳи оҳан ҷой дорад. Аз Қубодиён то Душанбе 198 км роҳ аст. Ин шаҳрак дар солҳои 1930 — 1970 Микоянобод ном дошт.

Ҷойгоҳ

Ноҳияи Қубодиён бо сарзамине 1834,4 км² дар дараи рӯди Кофурниҳон ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Рӯдакӣ, дар шарқ — бо ноҳияи Дӯстӣ, дар ғарб — бо ноҳияи Шаҳритӯс аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дар ҷануб — бо ноҳияи Қалъаи Зол аз ноҳияҳои Вилояти Қундузи Афғонистон ҳаммарз аст.

Таърих

Мардум дар дараи рӯди Кофурниҳон аз нимаи дувуми ҳазораи I пеш аз милод маскун буда ва шабакаи густардаи обёрӣ падид оварда будаанд. Киштзори каронаи рости ин рӯдро ҷӯйе обёрӣ мекардааст, ки саргаҳаш 18 км шимолтар аз шаҳраки Қубодиён ҷой дошта аст. Як ҷӯи дигар киштзори каронаи чапи рӯдро обёрӣ мекардааст.

Номи Қубодиён дар манобеъи садаҳои миёна ба гунаҳои форсӣ: «قبادیان»‎, форсӣ: «قوادیان»‎ ва форсӣ: «قباذیان‎» омада ва дар он замон сарзамини миёни рӯдҳои Сурхондарё ва Вахшро меномиданд.

Нахустин бор аз Қубодиён ба гунаи форсӣ: «قبادیان»‎ дар «Торихи Табарӣ», навиштаи Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, дар замони лашкаркашии Асад ибни Абдуллоҳ ба Хутталон дар соли 725 ёд шудааст.

Дар садаи IX м. Қубодиён яке аз бахшҳои Хутталон, ва дар садаи X м. дар замони аморати Сомониён — бахше аз вилояти Чағониён будааст.

Бино бар навиштаи ас-Самъонӣ, Қубодиён дар садаи XII м. «ноҳияе ободон» аз бахшҳои Балх будааст. Қубодиён дар садаҳои миёна яке аз калонтарин шаҳрҳои Мовароуннаҳр буда. Сарзамини Қубодиён чанд шаҳри бузургу ободон доштааст, ки дар миёни кӯҳсор дар поёноби рӯди Кофурниҳон ва начандон дур аз Омударё ҷой доштаанд.

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Қубодиён бахше аз вилояти Қурғонтеппа гардид ки то соли 1929 вуҷуд дошт. Вилояти Қурғонтеппа дар он сол ба округ табдил дода шуд. Соли 1931 округи Қурғонтеппа барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеъи ҷумҳурӣ шуд. Аз 4 январи соли 1944 ин ноҳия бахше аз вилояти Қурғонтеппа шуд.

Мардум

Мардуми Қубодиён ба забони тоҷикӣ ва ӯзбeкӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2016, ноҳияи Қубодиён 169,8 ҳаз. тан ҷамъият дошт..

Сол 2021 2022
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
191,4 195,1

Бахшбандӣ

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Қубодиён 1 шаҳрак ва 6 ҷамоат. дорад:

Ҷамоатҳои ноҳияи Қубодиён
Ҷамоат Аҳолӣ,
2015
Қубодиён, шаҳрак 12 200 (2020)
Заркамар 11 787
Навобод 11 200
Носири Хусрав 35 248
Эшмурод Ниёзов 18 682
Тахти Сангин 36 769
20-солагии Истиқлол 20 889 (2010)
Ӯтақара Назаров 22 107 (2017)

Ҳукумат

Сарвари ноҳияи Қубодиён Раиси Ҳукумати он аст, ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Қубодиён Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Қубодиён барои 5 сол интихоб мекунанд.

Иқтисодиёт

Омӯзишу парвариш

Ниҳодҳои фарҳангӣ

Беҳдошту беҳзистӣ

Адабиёт

  • Ат-Табари, Абу Джафар Мухаммад ибн Джарир. «История пророков и царей», пер. В. И. Беляева, О. Г. Большакова, А. Б. Халидова. Ташкент. Фан. 1987
  • Abu Аli Ahmad ibn Omar ibn Rosteh. Kitab al-a’lak an-nafisa. Ed. M. J. de Goeje. Bibliotheca geographorum arabicorum. Pars 7. — Lugduni Batavorum: E. J. Brill, 1967.
  • Shamsaddin Abu Abdullah Mohammad ibn Ahmad al-Moqaddasi. Descriptio Imperii moslemici. Ed. M. J. de Goeje. Bibliotheca geographorum arabicorum. Pars 3. — Lugduni-Batavorum, 1967.
  • Дьяконов М. М. Археологические работы в нижнем течении реки Кафирнигана (Кобадиан). Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 2. — М. — Л.
  • Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX — начала XIII вв. Ташкент: «Узбекистон». 1996.

Эзоҳ

Tags:

Ноҳияи Қубодиён ҶойгоҳНоҳияи Қубодиён ТаърихНоҳияи Қубодиён МардумНоҳияи Қубодиён БахшбандӣНоҳияи Қубодиён ҲукуматНоҳияи Қубодиён ИқтисодиётНоҳияи Қубодиён Омӯзишу парваришНоҳияи Қубодиён Ниҳодҳои фарҳангӣНоҳияи Қубодиён Беҳдошту беҳзистӣНоҳияи Қубодиён АдабиётНоҳияи Қубодиён ЭзоҳНоҳияи ҚубодиёнВилояти ХатлонЗабони форсӣНоҳияТоҷикистон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Нусратулло МахсумЧашмБемории силКонститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонҶонишин (дастури забон)Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонПасояндҳои аслӣНоҳияҳои тобеи ҷумҳурӣСубҳи ҷавонии моХат (навиштор)Нишони ТоҷикистонБемории қандАдади натуралӣМӯъмин ҚаноатСистемаи шошаю таносулАнгиштПуркунандаВазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии ТоҷикистонХоқонии ШервонӣТобистонЗоғБонкРоботБританияи Кабир (мазмунҳо)ВаксинаАмсилаҚазоқистонГалактикаҒунчаҳои захмӣҶӯрабек НазриевЛубнонВазорати фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонИттиҳоди ШӯравӣПиряхМуҳаммад Закариёи РозӣБайнаннаҳрайнДонишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ПанҷакентОсиёи МиёнаФарҳанги луғатБандакҳои хабарӣФизикаКабкМир МафтунСиёсати хориҷии ТоҷикистонМирсаид МиршакарВазорати мудофиаи Ҷумҳурии ТоҷикистонҲуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии ТоҷикистонҲизби сиёсӣАннотатсияНоҳияи ВахшПойтахтҲуқуқҳои инсонАфсонаҲайзДавлати ҚарохониёнЗарф (дастури забон)ТоҷмаҳалЗанбӯри асалТавротШириншо ШотемурҶонишинҳои нафсӣПешояндГардиши моддаҳо дар табиатСохти феълҳоБулбулИбораҳои сифатӣВикипедияи ТоҷикӣРаҳим МасовЭшони НуриддинҷонИстихораНоҳияи ЛахшБритониёи КабирРубоиёти ХайёмНишони давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонБемориҳои дилНерӯгоҳи барқи обии Роғун🡆 More