Ноҳияи Дарвоз: ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ноҳияи Дарвоз (форсӣ: ناحیه درواز‎) — яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст, ки дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Ноҳияи маъмурӣ
Ноҳияи Дарвоз
Ноҳияи Дарвоз
Ноҳияи Дарвоз: Ҷойгоҳ, Таърих, Иқтисод
HGЯO
Кишвар Ноҳияи Дарвоз: Ҷойгоҳ, Таърих, Иқтисод Тоҷикистон
Тобеъи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Шомили 4 ҷамоат
Маркази маъмурӣ Қалъаи Хумб
Раиси ноҳия Абдураҳмонзода Саидбурҳон
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 14 декабри 1930
Масоҳат 2824,5 км²
Баландӣ
  • · Миёна


  • 3000 м
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 23 500 нафар (2022)
Баҳодиҳии аҳолӣ  (2015)
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа DA
Рамзи ISO 3166-2 TJ.BK.DA
Коди телефон +992 3552
Нишонаи почта 736400
Домени интернет tj
Коди мошинҳо 04 TJ
Ноҳияи Дарвоз дар харита
Ноҳияи Дарвоз дар харита
Ноҳияи Дарвоз: Ҷойгоҳ, Таърих, Иқтисод Парвандаҳо дар Викианбор
Ноҳияи Дарвоз: Ҷойгоҳ, Таърих, Иқтисод
Пули дусти миёни Ноҳияи Дарвоз: Ҷойгоҳ, Таърих, ИқтисодТоҷикистон ва Ноҳияи Дарвоз: Ҷойгоҳ, Таърих, ИқтисодАфғонистон дар мантиқаи Дарвоз. Ноҳияи Дарвоз, Ноҳияи Нусаи!

Ин ноҳия 14 декабри соли 1930 бо номи ноҳияи Қалъаи Хумб таъсис ёфта аст. Бар асоси Қарори № 318 Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 26 июни 1991 номи бостонии он баргардонда ва ноҳияи Дарвоз номида шуд.

Маркази ин ноҳия деҳаи Қалъаи Хумб (форсӣ: قلعۀ خمب‎) аст, ки 241 км шимолтар аз шаҳри Хоруғ дар резишгоҳи рӯди Хумбоб ба рӯди Панҷ ҷой дорад.

Ҷойгоҳ

Ноҳияи Дарвоз дар дараи рӯди Панҷ ва кӯҳсори Дарвоз ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Сангвор аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар ғарб ва ҷанубу ғарб — бо ноҳияҳои Ховалинг, Муъминобод ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар шарқ — бо ноҳияи Ванҷ аз ноҳияҳои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дар ҷануб — бо вулусволиҳои Нусай, Шикай, Хоҳон ва Кӯфоби вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз аст.

Ноҳияи Дарвоз 2824,5 км² масоҳат дорад.

Таърих

      Фитрат аз рӯи адаб изҳори нодонӣ кунад,
      Варна Юнон бурдаанд хокистари Дарвозро.

Роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва порсизабони садаҳои миёна номи Дарвозро Карон (форсӣ: کران‎) овардаанд ва маркази онро шаҳри бостонии Карон (форсӣ: کـِوران‎) донистаанд. Ба гуфти мардуми Дарвоз, номи бостонии ин сарзамин Маҳистон (форсӣ: مهستان‎) будааст.

Дарвоз аз замони Сомониён то соли 1877 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Қаламрави подшоҳии Дарвоз сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои тоҷикии Сангвор, Дарвоз ва Ванҷ ва вулусволӣҳои афғонистонии Хоҳон ва (Дарвоз (форсӣ: درواز‎) дар ду канораи рӯди Панҷро дар бар мегирифтааст.

Соли 1878 амири Бухоро ба Дарвоз лашкар кашид. Пас аз набардҳои хунрез лашкари шоҳи Дарвоз аз Қалъаи Хумб ба рустои Кеврон ақиб нишаст. Ҷанги сарнавиштсоз барои подшоҳии Дарвоз дар рустои Кеврон сурат гирифт ки бо шикасти лашкари Дарвоз анҷом пазируфт. Шоҳу шоҳзодагони Дарвоз, ки дар миёни онҳо Абулфайзхон ва писари хурдсолаш Муҳаммад Валихон низ буданд, ба Фарғона ҳиҷрат карданд. Муҳаммад Валихон дертар яке аз дипломатҳои барҷастаи Афғонистон шуд. Аморати Бухоро Дарвозро бекигарӣ гардонд ва идораи умури онро ба бек супурд.

Соли 1895 бекигарии Дарвоз, ки дар ҳар ду канораи рўди Панҷ ҷой дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид ва канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.

Дарвоз дар солҳои 1878 — 1920 яке аз бекигариҳои Бухоро буд ва бек дар Қалъаи Хумб менишаст ва мир хонда мешуд.

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Дарвоз бахше аз вилояти Ғарм гардид, ки то соли 1929 вуҷуд дошт. Вилояти Ғарм дар он сол ба округ табдил дода шуд. Соли 1931 округи Ғарм барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеъи ҷумҳурӣ шуд. Солҳои 1931 — 1936 сарзамини Ғармро ба ноҳияҳо бахш карданд ва Дарвоз яке аз навоҳии Ғарм шуд. Соли 1938 округи Ғарм дубора бунёд ва соли 1939 вилояти Ғарм гашт, ки то соли 1955 барҷой буд. Дар он сол бахши ғармии вилоят дубора зери фармони ҷумҳурӣ ва бахши дарвозии он бо номи ноҳияи Қалъаи Хумб ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дода шуданд. Ноҳияи Қалъаи Хумб 26 июни 1991 бо Қарори № 318 Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон ноҳияи Дарвоз номида шуд.

Иқтисод

Дар ноҳияи Дарвоз 16 корхонаи истеҳсолӣ мавҷуд аст.

Беҳдошт

Дорои филиали Маркази тиббии Оқохон.

Фарҳанг

Дорои мактаби президентӣ, ки дар соли 2020 ифтитоҳ шуд ва барои 480 нафар хонанда пешбинӣ шудааст ва боғи фарҳангӣ-фароғатӣ.

Мардум

Мардуми Дарвоз ба гӯиши дарвозии забони форсӣ сухан мегӯянд. Дар гӯиши дарвозӣ вижагиҳои забони форсии садаҳои IX - XIV ҳамчунон пойдоранд. Забони мардуми Дарвоз дар садаҳои пешин яке аз гурӯҳи забонҳои помирӣ, ки ба забонҳои эронии шарқӣ тааллуқ дошта аст аммо дар садаҳои IX — XIV дарвозиён форсизабон гаштанд.

Бар пояи омори соли 2015, ноҳияи Дарвоз 22 000 тан ҷамъият дошт.

1992 2011 2013 2014 2015 2016 2017 2018 2019 2020 2021 2022
18,800 21,300 21,500 21,700 22,000 22,400 22,800 23,300 23,700 24,000 23,300 23,500

Бахшбандӣ

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Дарвоз 4 ҷамоат:

Ҷамоатҳои ноҳияи Дарвоз
Ҷамоат Аҳолӣ Деҳаҳо
Вишхарв 2 973 Вишхарв, Бровг, Ҷорф, Кеврон, Курговад, Пошхарв, Тоғмай, Хурк, Шодаг, Убагн, Висхарв
Қалъаи Хумб (ҷамоат) 8337 Қалъаи Хумб (шаҳрак), Анҷирак, Дашти Луч, Дуробак, Зев, Зинг, Дашти Паткуноб, Рузвай, Сангевни Дароз, Хек, Хумбиварӣ, Хушарвак, Ширг, Даштак, Пешун, Умарак
Нулванд 3 577 Сангевн, Жагу Марғ, Зиғар, Пунишор, Ушхарв,

Хостав, Шикев, Ёгед, Ширговад, Яхчисор

Сағирдашт 8 864 Сағирдашт, Инкӯҳ, Камчак, Кулумбаи Боло, Лухч, Оҳангарон (н. Дарвоз), Рубот, Садика, Сайдон, Сайёд (н. Дарвоз), Сафедорон, Чухкок, Шохорон, Қалъаи Ҳусайн, Хур
Калонтарин деҳаҳои Дарвоз
Деҳаҳо Аҳолӣ
Кеврон 1 129 тан
Қалъаи Хумб 1 909 тан
Ёгед 854 тан
Зинг 839 тан
Даштак 669 тан
Рузвай 636 тан
Хумби Варӣ 553 тан

Ҳукумат

Сарвари ноҳияи Дарвоз Раиси Ҳукумати он аст, ки ӯро Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Дарвоз — Маҷлиси намояндагони халқӣ аст, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Дарвоз ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Эзоҳ

Манобеъ

  • Постников А.В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0

Пайвандҳо

Tags:

Ноҳияи Дарвоз ҶойгоҳНоҳияи Дарвоз ТаърихНоҳияи Дарвоз ИқтисодНоҳияи Дарвоз БеҳдоштНоҳияи Дарвоз ФарҳангНоҳияи Дарвоз МардумНоҳияи Дарвоз БахшбандӣНоҳияи Дарвоз ҲукуматНоҳияи Дарвоз ЭзоҳНоҳияи Дарвоз МанобеъНоҳияи Дарвоз ПайвандҳоНоҳияи ДарвозВилояти Мухтори Кӯҳистони БадахшонЗабони форсӣНоҳияТоҷикистон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ҲормонБиогеосенозШуурСозмони ҳамкории ШанхайФарҷ (узв)Аттори НишопурӣҶонибек ҚувноқФалсафаАмрикоКитоби МуқаддасСоли 2024Забонҳои ҷаҳонIPv6Вилояти Мухтори Кӯҳистони БадахшонГурбаЗанбӯри асалДонишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати ТоҷикистонШирхӯронОсиёи МиёнаКитоби сурхи Ҷумҳурии ТоҷикистонНигора ХоловаСайёраMicrosoft WindowsНидоҶанги шаҳрвандии ТоҷикистонБемориҳои чашмМироҷ АбдуллоевСохти таркибии пешояндҳоҒунчаҳои захмӣВазорати мудофиаи Ҷумҳурии ТоҷикистонСиёсатшиносӣРамзҳои давлатии ТоҷикистонАврупоСармоягузорӣМир Сайид Алии ҲамадонӣВазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии ТоҷикистонАломатҳои роҳИнгилистонРоботНерӯгоҳи барқи обии НоракҚосим РоҳбарРоманПайвандак (дастури забон)ТашхисПиряхБобоҷон ҒафуровЛолаКислотаҒарибии АстарабодӣГулдӯзӣВавилон-МобайлПучакСомониёнБадруддин ҲилолӣТрансформаторЭронАфсонаВаколатномаДақиқӣТаъсиси созмонҳо ва ҳизбҳои сиёсӣДилАломатҳои роҳ дар ТоҷикистонПрезиденти ТоҷикистонЛибоси миллии тоҷиконВаридРӯзномаи «Оила»Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудДавлати СомониёнДонишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин АйнӣИнтернетБемории ғалаёни хунЗарфи тарзи иҷрои амалШакли идораи давлат🡆 More