Митро Меҳр

Меҳр (Митро) Хуршед – Худои нур ва Офтоб, Хуршед, чароғи Осмон ва адолат дар ақоиди қадимаи динии эрониёни бостон.

Парастиш дар замонҳои қадим

Дар замонҳои қадими тотаърихӣ асотирӣ ва даврони аввали пайдоиши таърихи хаттӣ Худои нур ва Офтобро Митро (Меҳр) мегуфтаанд ва пайдоиши ин идро таърихнигорони қадиму нав ва мардумшиносону гоҳшиносон ба ин ном алоқаманд донистаанд. Таърихан Митро (дар забони ҳиндии қадим Mitra, дар «Авесто»- Migra) маънои Худои дӯстӣ, аҳд, ризоият, таҳаммул ва дар аасри сеюми қабл аз мелод ҳамчун Худои Офтоб шинохта шуда будааст. Ҳануз дар асри V то мелод дар шаҳри Мемфиси Миср маъбади худои эронӣ Митра вуҷуд дошт. Дар давраи империяи Рим парастиши Митра дар бисёр мамлакатҳо расм гардида, то ҷазираҳои Британия расида буд.

Митроро дар Эрони қадим ба сифати ҳаками тавонгари наҷотбахши байни қувваҳои некӣ (Ҳурмузд) ва бадӣ (Аҳриман) медонистаанд. Баъдтар дар Рими қадим дар зери таъсири дини зардуштӣ ҷараёни митропарастӣ (охири асри I то мелод ва аасри II мелодӣ) пайдо мешавад. Дар Арманистони қадим ин калима ба шакли Меҳр – Худои Офтоб, чароғи Осмон ва адолат парастида шуда, хонақои Офтоб дар ш. Гарни (асри якуми м.) ва қурбонихонаи Мхери дур (дари Мхер) дар ш. Ван бунёд карда мешавад. Номҳои армании Мигран, Мгер аз номи худои Меҳр сарчашма дорад, ки маънои офтобӣ, симои нурро дорад. Номҳои миллии халқи тоҷик ҳам то ҳол он номҳои бо меҳр алоқамандро нигаҳ дошта омадааст (Бузургмеҳр, Меҳрангез, Меҳрофарин, Меҳрона ва ғайра). Дар матнҳои суғдӣ ва парфиёнӣ расули (фиристодаи) сеюми дини монивӣ Митро ном дорад. Дар Бобулистон ва Бохтари қадим низ ҷараёни митропарастӣ тараққӣ ёфта будааст.

Парастиши Хуршед

«Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст»

— Эмомалӣ Раҳмонов, «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», 2006, с.263

).

Ҳамин хусусиятро инсонҳои замони бостон эътироф намуда, аз гармии Хуршед баҳра мебурданд ва алоҳида онро ниёиш карда, пасон, рўшноӣ ва оташро ба он нисбат дода, ин унсурҳои табииро кашф карданд ва ба онҳо эътиқод оварда, ба парастишашон оғоз намуданд. Нахуст аз ҳама ба назари мо Хуршед ҷилвагар мешавад. Чунки бидуни Хуршед ҳаёт вуҷуд надорад. Маҳз ба воситаи рўшноии он тамоми мавҷудоти олами зинда дар ҳаракат аст. Инсонҳои замони бостон, ки ҳанўз нутқ надоштанд, дар канори тамоми мавҷудоти олам аз гармии Хуршед баҳра мебурданд. Баъд аз он ки инсон соҳиби гуфтор гардид ва андешаашро ифода мекардагӣ шуд, ки ин тахминан 40-50 ҳазор сол аст (ниг.: Старостин А.С. У человека был один праязык / Знание сила, 2003, №8) ба муҳити худ бо назари устураӣ менигарист. Ба таври комил намедонист, ки чаро Хуршед мебарояд, гармо ва сармо ҳаст ва ғайра. Маҳз барои ҳамин аз ҳамон замонҳои бостон инсонҳои ҷомеаи ибтидоӣ, ки акнун дар бораи муҳити зисти худ меандешиданд, ба Хуршед эҳтироми зиёд доштанд. Онро муқаддас меҳисобиданд. Баракати зиндагии худро ба он пайваст медонистанд. Ҳамин буд, ки дар тамоми гўшаву канори дунё ба Хуршед, баъдҳо ҳамчун рамзи он ба оташ чун падидаи муқаддас эҳтиром мегузоштанд. Ба хусус дар он кишварҳое, ки дар он ҷо сармо бештар аст, чун рамзи Хуршед аз оташ гулхани хурду бузург афрўхта, дар гирди он шодиву сурур менамуданд (ниг. Иди Сада. Ҳамчунин маҳз Хуршед аст, ки бар пояи рўшноии он дар рўи замин, одамон ба кишоварзӣ машғул мешаванд. Бо самари кишту кори худ рўзгори хешро пеш мебаранд.

Адабиёт

  • Раҳимов Д. Меҳрпарастӣ // Донишномаи фарҳанги мардум. – Душанбе, 2015.
  • Раҳимов Д. Нигоҳе ба ҷашнҳои миллӣ ва ойинҳои суннатии тоҷикон. – Душанбе, 2011;
  • Ҳазратқулов М. Эътиқоду анъанаҳои бостонии Аҷам. – Душанбе, 1986.

Пайвандҳо


Tags:

Митро Меҳр Парастиш дар замонҳои қадимМитро Меҳр Парастиши ХуршедМитро Меҳр АдабиётМитро Меҳр ПайвандҳоМитро Меҳр

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Амрикои ҶанубӣДонишгоҳи миллии ТоҷикистонҲуқуқвайронкунии маъмурӣҲуқуқи кӯдакТоҷиконШаҳрҳои ТоҷикистонРӯзномаи «Оила»Аввалин Бонки Молиявии ХурдСураи БақараЛубнонШаҳри қадима (Уршалим)Шӯриши СпитаменМарминҷонГурҷистонБорбадҚаҳҳор МаҳкамовСебНоҳияи СангворРубоӣПомидорБемориҳои пӯстБунёди ВикимедияФирдавсӣМоҳиҳоКалимаАнҷумани ПайвандКамоли ХуҷандӣБедилВйетнамЗабти давлатҳои Осиёи Миёна аз ҷониби РусияБайнаннаҳрайнТоҷикфилмМирсаид МиршакарВавилон-МобайлТаърихи инқилоби Бухоро (китоб)СагАрманистонИсмоили СомонӣРутбаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонҶонибеки МуродСаъдуддини ВаровинӣНоҳияи Ҷалолиддин БалхӣКитоби МуқаддасТаърихи ТоҷикистонНоҳияи ПанҷҶӯрабек НазриевСтандарти байналмилалии рақамгузории китобНоҳияи ХовалингАҳолии ТоҷикистонБонки миллии ТоҷикистонҚирғизистонБемориҳои санги гурдаСозҳои мусиқӣБадахшонНоҳияи ФархорСайёҳӣ дар ТоҷикистонҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»Мастона ЭргашеваБактерияҳоВазорати мудофиаи Ҷумҳурии ТоҷикистонОриёӣШутурПрезидентҳои ЛубнонНомҳои Худо дар исломДилТаърихМубтадоРеал Мадрид (бошгоҳи футбол)Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонДавлати СомониёнБоғСайф Раҳимзоди АфардӣСалоҳияти ПрезидентҲуқуқи оилавӣ🡆 More