Лашкарсолор

Лашкарсолор (форсӣ: لشکرسالار‎) — дараҷае солорӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз гундсолор ва поинтар аз сипаҳсолор дорад ва баробар бо дарёбон дар нерӯи дарёӣ аст; генерал-лейтенант.

Лашкарсолор
Лашкарсолор Лашкарсолор
Сардӯшии Нерӯи заминӣ Сардӯшии Нерӯи ҳавоӣ
Кӯтаҳнивишт форсӣ: لشکرسالار
Кишвар Лашкарсолор Тоҷикистон
Дараҷаи болотар Сипаҳсолор
Дараҷаи поинтар Гундсолор
Ҳамто
Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи поинтар:
Гундсолор
Лашкарсолор
Лашкарсолор
Дараҷаи болотар:
Сипаҳсолор

Лашкарсолор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми созмонии ҷонишини вазорати дифоъ, умури дохилӣ, амният, сардори ситод ё фармондеҳии лашкарро дорад, ки ягони роҳкунишие хурдтар аз сипоҳ ва бузургтар аз гунд буда ва таҷҳизоту ҷангафзорҳои лозим барои иҷрои амалиёти размӣ дорад; дивизия.

Вожашиносӣ

«Лашкарсолор» аз ду вожа сохта шудааст: лашкар (форсӣ: لشکر‎ < порсии миёна: laškar < порсии бостон: *raxša-kara-посдоранда; поянда’ < эронии бостон: *raxš- + *kara-посдорӣ кардан’) + солор (форсӣ: سالار‎ < порсии миёна: sālār < паҳлавӣ: sarδār < эронии бостон: *sara-dāra-).

Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (лашкар) + исм (солор)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст. «Солор» гунае дигар аз «сардор» аст, ки аз куҳантарин замонҳо ба маънои «раҳбар, пешво, фармондеҳ; генерал» дар номгузории мақому дараҷаҳои низомӣ ба кор меравад.

Пешина

Лашкар ҳамчун ягони размӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву бевара (порсии бостон: *baivara-) номида мешуда ва онро беварабад (порсии бостон: *baivarapati-) фармондеҳӣ мекард. Бевара аз 10 ҳазора (порсии бостон: *hazāra-) ташкил мешуд ва 10 000 сарбозро дар бар мегирифт.

Бевара дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод224), ки созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буд, гунд (паҳлавӣ: gundлашкар; гурӯҳ, даста’ < эҳтимолан аз эронии бостон: *vr̥nda-сипоҳ; гунд’) ном гирифта ва фармондеҳи он гунд-солор (паҳлавӣ: gund-sālār) хонда мешуд.

Дар сипоҳи Сосониён (224 — 651 милодӣ) низ ҳамин радабандӣ ва номгузорӣ ба кор мерафта, вале ҳар гунд аз 5 дирафш (порсии миёна: drafš) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 1 000 сарбозро дар бар мегирифт. Фармондеҳи гунд дар сипоҳи Сосониён низ гундсолор (порсии миёна: gund-sālār) номида мешуд.

Аммо аз миёнаҳои садаи V дар канори истилоҳи «гунд» истилоҳи «лашкар» (порсии миёна: laškar) низ ба кор мерафтааст. Истилоҳи «лашкар» (форсӣ: لشکر‎) дар осори адабии форсӣ, бавижа «Шоҳнома», бисёр ба кор рафтааст. Чунончи, Фирдавсӣ гуфта:

Бирав бо сипоҳе ба кирдори кӯҳ,
Гузин кун зи гурдони лашкар гурӯҳ.

Дар сипоҳи Сомониён, Ғазнавиён ва Салҷуқиён фармондеҳи лашкарро «солори лашкар» ва «амири лашкар» мегуфтанд. Чунончи, «солори лашкар» дар «Шоҳнома» борҳо ба кор рафта ва аз бофтор чунин бар меояд, ки он мансабе поинтар аз сипаҳсолор буда ва мақоми ҷонишинӣ доштааст, чуноне ки генерал-лейтенант дар артишҳои урупоӣ ҷонишини генерал будааст:

Чунин гуфт солори лашкар ба шоҳ,
Ки «Фармони ту бартар аз чарху моҳ,
Бад-он сон шавам, к-ам ту фармон диҳӣ,
Ту шоҳи ҷаҳондориву ман раҳӣ».

Сипаҳро ба солори лашкар супурд,
Бирафту ҷаҳондидагонро бибурд.

Фарҳангистони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинии артиш дар соли 1935 «лашкар»-ро ҷойгузини истилоҳоти туркӣ-муғулии «тумон» (форсӣ: تومان‎ < муғ. түмэн) ва фаронсавии «дивизюн» (форсӣ: دیویزیون‎ < фр. division) ва «сарлашкар»-ро ҷойгузини «амири тумон» кард, ки ҳамакнун дар Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дараҷае баробар бо генерал-лейтенант аст.

«Лашкар» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ва «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» оварда шудааст.

Бо таваҷуҳ ба ин додаҳо, вожаҳои «лашкар» ва «лашкарсолор», ки дар қиёс бо «гундсолор» аз ибораи «солори лашкар» сохта шудааст, барои ҷойгузин кардани истилоҳи русии «дивизия» (аз лаҳӣ: dywizja < лот. dīvīsiō «бахш») ва дараҷаи низомии «генерал-лейтенант» (аз олмонӣ: Generalleutnant) ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд.

Нишонаҳои дараҷаи гундсолорӣ

Нишонаҳо Лашкарсолор 
Артиши Сурх
Лашкарсолор 
Артиши Шуравӣ
Лашкарсолор 
Артиши Тоҷикистон
Нишонаи
гиребонӣ

Сардӯшӣ
Лашкарсолор  Лашкарсолор  Лашкарсолор  Лашкарсолор  Лашкарсолор  Лашкарсолор  Лашкарсолор  Лашкарсолор  Лашкарсолор  Лашкарсолор  Лашкарсолор 
нишонаи остин
(мундир, кител ва гимнастёрка, шинел)
(1940—1943)
нишонаи гиребонии
нерӯи заминӣ
(1940—1943)
...
нерӯи ҳавоӣ
(1940—1943)
...
саҳроӣ
(1941)
сардӯшии
нерӯи ҳавоӣ
(1943—1955)
… саҳроии
нерӯи заминӣ
(1943—1955)

ҷашнии
нерӯи заминӣ
(1955—1991)
… нерӯи ҳавоӣ
(1955—1991)
… саҳроӣ
(1993—)
… нерӯи заминӣ

(1993—)
… нерӯи ҳавоӣ
(1993—)

Пайвандҳо

Эзоҳ

Tags:

Лашкарсолор ВожашиносӣЛашкарсолор ПешинаЛашкарсолор Нишонаҳои дараҷаи гундсолорӣЛашкарсолор ПайвандҳоЛашкарсолор ЭзоҳЛашкарсолорВазорати дифоъВазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии ТоҷикистонГундсолорДараҷаи низомӣДарёбонЗабони форсӣНерӯи дарёӣНерӯи заминӣНерӯи ҳавоӣСипаҳсолорСолор

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

СиёсатшиносӣНишони давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонТоҷикистон дар соли 1997Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонОрҳан БийиклӣВазорати фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонҶумҳурии Мардумии ЧинСоли 2020ПуркунандаАлифбои арабӣҲол (забоншиносӣ)Донишгоҳи аграрии ТоҷикистонШабакаи иҷтимоӣБонкКитобхонаи миллии ТоҷикистонКамхунӣҲуқуқ ба манзилМарокашОсиёМуҳаммад ҒоибИндонезияРежими сиёсӣДубайтӣСимин БеҳбаҳонӣАломатҳои китобатСубҳи ҷавонии моАбдусалом ДеҳотӣДаромадФоробӣМаркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон19 декабрШушХадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонКаломНоҳияи ДеваштичКалимаБарги зулфҶумҳурии Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонСалоҳияти ПрезидентИмороти Муттаҳидаи АрабӣНаврӯзДастгоҳи иҷроияи Президенти ТоҷикистонНазмИҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонВазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии ТоҷикистонБайт (шеър)Ҳуқуқи молиявӣКапитализмҲикояҳои хурд-хурдНармафзорАудитҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»Кӯлҳои ТоҷикистонБадоеъу-с-саноеъ (Шоҳин)ФизикаШоҳаншоҳии АшконӣСаттор ТурсунПайдоиши ҳаётАбдуллои СултонДарсТоҳириёнБозори дохилии қоғазҳои қиматнокДавлати ҒазнавиёнДавлати ҚарохониёнИммунитетҶоми ҷаҳонии футбол 2022АқиқаХат (навиштор)Забони тоҷикӣКонститутсияи ТоҷикистонЛатифаМулло НуровПиряхМир Мафтун🡆 More