Карикатура

Корикотур (итол. caricatura, аз caricare — муҳобот кардан, муболиға кардан) — тасвире, ки ҷиҳатҳои манфии мавзӯъро бо мақсади ҳаҷв намудан ва фош кардан, қасдан ё мазҳакаомез аз будааш зиёдтар нишон медиҳад; жанри санъати тасвирӣ; рассоми ва ҳайкалтарошӣ)-ро ба кор мебарад.

Карикатура
Корикотури русӣ дар замони Ҷанги Якуми Ҷаҳон

Корикотурро дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ё маишӣ офарида, ба он матни мухтасари пурмазмун илова мекунанд. Унсурҳои Корикотур дар боқимондаҳои попирусҳои Мисри Қадим, осори муҷассамасозӣ ва зарфҳои мусаввари Юнон, фрескаҳои Руми Қадим, муҷассамаҳои ороишии маъбадҳои садаҳои миёна ва минётури китобҳо вомехӯранд. Литография барои ривоҷёбии корикотур имкон дод ва баробари пайдоиши рӯзномаю маҷаллаҳо корикотур ба воситаи тавони таблиғот табдил ёфт. Тавсеъаи корикотур бо муборизаҳои шадиди таърихӣ барои озодии миллӣ ва синфӣ алоқаи мустаҳкам дорад. Дар пешрафт ва тавсеъаи корикотур хидмати рассомон У. Ҳугорт, Ҷ. Гилрей (Инглистон), Ф. Гӯйё (Испониё) ва дигарон шуҳрати ҷаҳонӣ доранд.

Барои ташаккул ва тавсеъаи корикотур дар Тоҷикистон маҷаллаҳои ҳаҷвии «Машраб», «Мулло Мушфиқӣ», «Бигиз», «Ширинкор», «Мушфиқӣ» (солҳои 20—30-юм), «Оинаи ТоҷикТА» (дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ), «Хорпуштак» (аз солҳои баъдиҷангӣ) ҳиссаи калон гузоштаанд. Корикотурнигорони тоҷик X. Расулов, П. Гейвандов, Б. Протасов, Д. Сафоев ва дигирон дар асарҳои худ ҷиҳатҳои манфӣ ва музирри ҷамъиятиро маҳкум ва фош мекарданд.

Карикатура
Зану шавҳар баҳсу мунозира мекунанд
Рассом Гезина Терборг. Ҳоланд, асри XVII
Карикатура
Автопортрет
Рассом Рембрандт карикатураи худро кашидааст. Ҳоланд, асри XVII
Карикатура
Маймунҳо карта бозӣ мекунанд
Ҳоланд, асри XVII
Карикатура
Вақте ки одамон танҳо як чизро дӯст медоранд, хандовар аст
Рассом Ҷейкоб Ҷорденс. Дар расм одамоне акс ёфтаанд, ки дар тарафи чап танҳо ширро дӯст медоранду говро таъриф мекунанд, дар тарафи рост одамоне, ки танҳо майро дӯст медоранду ангурро ситоиш мекунанд. Ҳоланд, асри XVII

Нигаред

Tags:

Забони итолиявӣМуболиға

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

1 майПойгоҳи додаҳоСармояҶанги Бузурги ВатанӣМирзо ТурсунзодаАвстралияАмниятКӯлҳои ТоҷикистонБедилБемориҳои пӯстНоҳияҳои тобеи ҷумҳурӣАминокислотаҳоАҳмади ДонишБонки ЭсхатаИттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиатҚоидаҳои имлои забони тоҷикӣИттилоотКонибодомСайёҳӣ дар ТоҷикистонУзвҳои таносули мардонаБиткуинҲуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандЧашмЧеҳраҳои мондагор (китоб)БритониёБактерияҳоВазири фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонАдабиёти тоҷикАтомХилофати АббосиёнВилоятҳои ТоҷикистонМанипур20 июлДавлати ҲайтолиёнМушаки компютерДавлаталӣ СаидВитаминҳоҲисорГумрукЧистонҲиндустонФарзонаи ХуршедУбайди ЗоконӣУқёнуси ОромҲиндуияТоҷикон (китоб)Прокуратураи генералии Ҷумҳурии ТоҷикистонҲоҷӣ Ҳусайни КангуртӣМусулмон21 августАдолати судӣДевонНавоварӣҲизби сиёсӣИҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонДилСоли 2022МексикаНизомии ГанҷавӣОфтобБачадонЯздгирди IIIҚирғизистонПайдоиши ҳаётЗуҳалНамакБаргГурҷистонКишоварзӣ дар ТоҷикистонКалимаАндоз аз молу мулки ғайриманқулКонститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонИнтернет дар Тоҷикистон🡆 More