Иҷлосияи Xvi Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — дар шаҳри Хуҷанд аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 баргузор гардидааст.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқло­лияти миллӣ таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.

Таърих

Дар шароити фалаҷ гаштани сохторҳои ҳокимияти давлатӣ ва хатари парокандагии давлат дар арафаи Иҷлосияи XV1 Шӯрои Олии ҶТ «Изҳороти Шӯрои Олии ҶТ, ки 26 ноябри соли 1992 қабул гардид, ба мардуми Тоҷикистон умед ба ояндаро ато кард. Дар изҳорот зикр гардида буд:

«муҳимтарин дастоварди кори иҷлосия тантанаи Қонун аз болои қонуншиканӣ, бозгаштан ба роҳи конститутсионии ҳалли масъалҳои тезу тунди иҷтимоию сиёсӣ мебошад, ки ҷомеаро ба изтироб овардаанд»

— Изҳороти Шӯрои Олии ҶТ, 26 ноябри соли 1992

Дар замони бӯҳрони сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иҷлосия як қа­­­­тор санадҳои ҳуқуқӣ қабул кард, ки онҳо ба фаъол на­мудан ва таҳким додани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд.

Қарорҳои иҷлосия

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даровардани тағйи­ру иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи гурезагон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯ­зи сулҳ ва ризояти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон кар­дани 26 ноябри соли 1992, Қонунҳои Ҷумҳурии То­ҷикистон дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар бораи сохтори Шӯ­рои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар бораи ташкил намудани вилояти Хатлон дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин шумор буданд.

Бинобар вуҷуд надоштани шароит дар давраи муайян масъалаи даст кашидан аз ҳокимияти президентӣ ба муҳокимаи депутатҳои халқ гузошта шуд. (Раҳмон Набиев собиқ Президенти Тоҷикистон дар иҷлосия баромад намуда аз мансаби президентӣ озод намуданашро изҳор намуд). Дар лоиҳаи қа­рор, ки ба баррасии депутатҳои халқ пешниҳод гардид, пеш­бинӣ шуда буд, ки ваколатҳои мансуб ба Президент мин­баъд ба уҳдаи Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои Олӣ, Ҳукумат ва қисман ба уҳдаи Раёсати Шӯрои Вазирон вогузор карда ша­вад. Бинобар ин моддаи 99-и Конститутсия дар таҳрири нав пешниҳод гардид. Мутобиқи он Шӯрои Олӣ бо пеш­ниҳоди Шӯрои Вазирон вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таш­кил менамуд ва ё барҳам медод. Масъалаҳои таъйин ва бозхонди намояндагони дипломатӣ ва консулгарӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ, ки пештар ваколати Президент ба шумор мерафт, ба зиммаи Раёсати Шӯрои Олӣ таҳвил гардид. Тибқи моддаи 109 Конститутсия Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷ­икистон ва Сарфармондеҳи тамоми қувваҳои мусаллаҳи Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ба ҷои Девони Ва­зирон ташкил додани Шӯрои Вазирон ба мақсад мувофиқ до­нис­та шуд. Аз ин рӯ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Консти­тут­сияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қа­бул гардид. Акнун дар байни Иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ ма­қомоти олии ҳокимияти халқӣ Раёсати Шӯрои Олӣ ба шу­мор мерафт, ки он давлатро ба таври кул идора мекард. Бар­ҳам додани идоракунии Президентиро дар Иҷлосияи XVI Шӯ­рои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси он Эмомалӣ Раҳмон (Э.Ш. Раҳ­монов) ҳамчун роҳи пешгирӣ намудани мансабталошиҳо ва во­ситаи мустаҳкам сохтани мавқеи давлатамон дар арсаи ҷа­ҳонӣ ҳисобида буд.

Аввалин рамзҳои давлатии Тоҷикистон

30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 ноябри соли 2022 дар суханронӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри таърихии «Арбоб» Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ин рӯйдоди тақдирсозро оғози раванди давлатсозии тоҷикон номиданд.

«Раванди давлатсозии мо маҳз аз ҳамин иҷлосия оғоз гардид ва аз ин лиҳоз, 30-солагии ин рӯйдоди тақдирсоз барои мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни дар ҳақиқат бузург ва таърихӣ ба ҳисоб меравад»

— Эмомалӣ Раҳмон

..

Ба гуфти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Ноумедиву парешонӣ ҷомеаи моро ба дараҷае фаро гирифта буд, ки бисёриҳо ба зинда мондан ва раҳоӣ ёфтан аз ин вартаи ҳалокатбор бовар надоштанд. Маҳз бо дарназардошти вазъияти зикршуда, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид менамоянд, ки рӯйдоди сӣ сол пеш дар ҳамин толор бавуҷудомада қадами нахустин ба хотири аз парокандагӣ наҷот додани миллати тоҷик ва аз хатари азбайнравӣ ҳифз кардани давлати тозаистиқлоли тоҷикон буд.

— Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бори дигар ёдовар шуданд, ки пас аз расидан ба истиқлолу озодӣ миллати тоҷик ба ҷойи он, ки баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба эъмори як давлати муосири миллии худ оғоз намояд, ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд..

Нигаред низ

Эзоҳ

Tags:

Иҷлосияи Xvi Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ТаърихИҷлосияи Xvi Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарорҳои иҷлосияИҷлосияи Xvi Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аввалин рамзҳои давлатии ТоҷикистонИҷлосияи Xvi Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонИҷлосияи Xvi Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигаред низИҷлосияи Xvi Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ЭзоҳИҷлосияи Xvi Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон16 ноябр2 декабрСоли 1992ХуҷандШӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Ҷонишинҳои шахсӣҚувваҳои мусаллаҳи ТоҷикистонҲуқуқҳои инсонҲамлаи Эрон ба Исроил (2024)ЗардуштАдабиёти бадеӣАҳолии ДушанбеСозмони ҳамкории ШанхайАгентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонЗоир РаҳмонзодаКамоли ХуҷандӣСиёсатшиносӣБемориҳои сироятӣАлифбои форсӣРустамҲулбукЗарфи миқдору дараҷаМаҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонХуфтанНамози қасрАморати БухороИттиҳоди АврупоСиғаи шартӣ-хоҳишмандӣАбулмаъолӣ Насруллоҳи МуншӣШутурСурайё ҚосимоваСоли 1888БаргЗарбСаноати ТоҷикистонЛутфия АбдулхолиқзодаПули миллӣАпрелЗабони ӯзбекӣОсиёТуркияИлмГардиши моддаҳо дар табиатАҳолии ЗаминСарбадоронИҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонҶШС ТоҷикистонХудкушӣАмир ОлимхонЮсуф ва ЗулайхоГандумДарахтҶонишинҳои манфӣМузаффар (амир)Аъзои ҷумлаҲол (забоншиносӣ)Низомии ГанҷавӣИнформатикаБемориҳои санги гурдаТоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонРӯзи кайҳоннавардонАдабиётВазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии ТоҷикистонПадарМартОдинаЗабонхатНишони давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонФотосинтезШоҳномаДинСифатGoogleУбайд РаҷабАдадҳои ирратсионалӣҶанги ҷаҳонии дувумДавлати СалҷуқиёнҶонишинҳои таъйинӣАлгоритмАнгиштВазифаи ҳифзи табиатТаълим🡆 More