Донишгоҳи давлатии Данғара - муассисаи давлатии таълимии таҳсилоти олии касбии бисёрсоҳа мебошад.
Муассиси Донишгоҳ Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Донишгоҳ дар вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара кучаи марказӣ 25 ҷойгир аст.
Донишгоҳи давлатии Данғара бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013, №205 дар заминаи филиали ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар ноҳияи Данғара таъсис дода шудааст. Сарпарасти донишгоҳ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мақоми донишгоҳ мактаби олии касбӣ буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад.
Сиёсати бунёдкорона ва башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илму маориф ва маърифатнокии ҷомеа шоистаи таҳсину пайравӣ буда, дар ҷумҳурӣ гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Дастуру супоришҳои Роҳбари Давлатро дар мулоқот ва дарсҳои сулҳ, ки 1-уми сентябр пайваста дар муассисаҳои таълимӣ бо кормандони соҳаи маорифи кишвар баргузор мегарданд, ҳамчун ҳуҷҷатҳои раҳнамунсоз қабул карда, баҳри татбиқи ин дастуру супоришҳо мудом саъю кӯшиш доранд.
Донишгоҳи давлатии Данғара бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013 №205 дар заминаи Филиали ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар ноҳияи Данғара таъсис дода шудааст.
Донишгоҳи давлатии Данғара бо мақсади таъмини болоравии сифати таьлим дар доираи Консепсияи миллии ислоҳоти маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурнамо ва роҳҳои пайгиронаи воридшавии кишварамонро ба фазои ягонаи таҳсилоти Аврупо, ки самти муҳими он гузариш ба низоми кредитии таҳсилот аст, дар амал татбиқ намуда, ҷараёни таълим аз соли таҳсилёби инҷониб тибқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст.
Донишгоҳи навтаъсис илова ба 15 номгӯи ихтисосҳои дар самтҳои забонҳо, муҳандисӣ, агротехнологӣ ва иқтисодӣ дар назди пешина Филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар ноҳияи Данғара амалкунанда 10 номгӯи нави ихтисосҳоро дар самти илмҳои табиатшиносӣ таъсис дода, аз рӯи онҳо низ қабули довталабонро аз соли 2013 ба роҳ монд.
Раванди ташкил ва гузаронидани корҳои таълимӣ дар Донишгоҳи давлатии Данғара чун дар дигар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ аз рӯи ҳар ду низом – низоми анъанавӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ ба роҳ монда шудааст. Донишгоҳ аз оғози соли таҳсили 2013-2014 пурра ба низоми таҳсилоти кредитӣ гузаронидани тамоми ихтисосҳои дар назди Донишгоҳ амалкунандаро тасдиқ намуд. Қисми таълим бо ҷалби намояндагони садорати факултетҳо ва мудирону омӯзгорони кафедраҳо дар як муддати кӯтоҳ нақшаҳои тамоми ихтисосҳои донишгоҳро пурра ба низоми кредитӣ мураттаб гардонида, тасдиқ ва мавриди истифода қарор дод. [1]
Донишгоҳ дорои 8 факултет ва кафедраи ҳарбӣ мебошад.
Ректори Донишгоҳ - Шоҳиён Нурали Набот, номзади илми техникӣ, доктори илми педагогика [3] Бойгонӣ шудааст 20 октябри 2020 сол.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Донишгоҳи давлатии Данғара, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.