Дарвоз

Дарвоз (форсӣ: درواز‎) — яке аз бахшҳои таърихии Тоҷикзамин аст, ки сарзаминаш ҳамакнун миёни ноҳияҳои Тавилдара, Дарвозу Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вулусволиҳои панҷгонаи Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон, аз ҷумла Хвоҳон, Кӯфоб, Шикай ва Нусай ва Моймай тақсим шудааст.

Дарвоз
Ноҳияи Дарвози Тоҷикистон
Дарвоз
вулусволии Дарвози Афғонистон

Таърих

Роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва форсизабони садаҳои миёна номи Дарвозро Карон (форсӣ: کران‎) овардаанд ва маркази онро шаҳри Карон ёд кардаанд. Ба гуфти мардуми Дарвоз номи бостонии ин сарзамин Маҳистон (форсӣ: مهستان‎) будааст.

Дарвоз аз замони Сомониён то соли 1877 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Қаламрави подшоҳии Дарвоз сарзамини имрӯза Тавилдара, Дарвозу Ванҷ дар Тоҷикистон ва ноҳияҳои панҷгонаи Дарвози Хвоҳон, Кӯфоб, Шикай, Нусай, Моймай дар Афғонистон аз ду канори рӯди Панҷро дар бар мегирифт.

Соли 1878 амири Бухоро ба Дарвоз лашкар кашид. Пас аз набардҳои хунрез лашкари шоҳи Дарвоз аз Қалъаи Хумб ба рустои Кеврон ақиб нишаст. Ҷанги сарнавиштсоз барои подшоҳии Дарвоз дар рустои Кеврон сурат гирифт ки бо шикасти лашкари Дарвоз анҷом пазируфт. Шоҳ ва шоҳзодагони Дарвоз ки дар миёни онҳо Абулфайзхон ва писари хурдсолаш Муҳаммад Валихон низ буданд ба Фарғона ҳиҷрат карданд. Муҳаммад Валихон дертар яке аз дипломатҳои барҷастаи Афғонистон шуд. Аморати Бухоро Дарвозро бекигарӣ гардонд ва идораи умури онро ба бек супурд.

Соли 1895 бекигарии Дарвоз ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид ва канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.

Дарвоз дар солҳои 1878 – 1920 яке аз бекигариҳои Бухоро буд ва бек дар Қалъаи Хумб менишаст ва мир хонда мешуд.

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Тоҷикистон Дарвоз бахше аз вилояти Ғарм гардид, ки то соли 1929 вуҷуд дошт. Вилояти Ғарм дар он сол ба округ табдил дода шуд. Соли 1931 округи Ғарм барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеъи ҷумҳурӣ шуд. Солҳои 1931 — 1936 сарзамини Ғармро ба ноҳияҳо бахш карданд ва Дарвоз яке аз навоҳии Ғарм шуд. Соли 1938 округи Ғарм дубора бунёд ва соли 1939 вилояти Ғарм гашт, ки то соли 1955 барҷой буд. Дар он сол бахши ғармии вилоят дубора зери фармони ҷумҳурӣ ва бахши дарвозии он бо номи ноҳияи Қалъаи Хумб ба Вилояти мухтори Бадахшон дода шуданд. Ноҳияи Қалъаи Хумб 26 июни 1991 бо Қарори № 318 Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон Дарвоз номида шуд.

Мардум

Мардуми Дарвоз ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Дар гӯиши дарвозӣ вижагиҳои забони порсии садаҳои IX - XIV ҳамчунон пойдоранд. Забони мардуми Дарвоз дар садаҳои пешин яке аз забонҳои эронии шарқӣ ва монанд ба забонҳои суғдӣ, балхӣ ва забонҳои помирӣ будааст аммо дар садаҳои IX - XIV дарвозиён порсизабон гаштанд.

Китобшиносӣ

Tags:

АфғонистонВилояти БадахшонВилояти Мухтори Кӯҳистони БадахшонЗабони форсӣНоҳияи ВанҷНоҳияи ДарвозНоҳияи Куф ОбНоҳияи МоимаиНоҳияи НусаиНоҳияи ТавилдараНоҳияи ХвоҳонНоҳияи ШекаиТоҷикистон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Ҷанги шаҳрвандӣАдабиётшиносии тоҷикии асри 19СарезВулгаризмҳоОдинаАлоқа дар ТоҷикистонБобунаПизишкӣВазорати маориф ва илми Ҷумҳурии ТоҷикистонСадри ЗиёҲафт муъҷизаи оламБосмачиҳоВазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии ТоҷикистонМуҳаммадГенерал-губернатории ТуркистонСӯхтагӣҲазрати ИсоБозиҳои олимпӣИёлоти ИМАБарномаи таълимӣВоҳидҳои бузургиҳои физикӣАнтисептикаМуҳиддин АминзодаҶопонМучалВикиМантиқШаҳрҳои ТоҷикистонҶумҳурии ТоҷикистонМаркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЗарфи замонЧеҳраҳои мондагор (китоб)Алберт ЭйнштейнАндоз аз молу мулки ғайриманқулИмперотурии УсмонӣАврупоНай (сози мусиқӣ)ИнформатикаТурсун ӮлҷабоевМуайянкунандаФирдавсӣБемориҳои санги гурдаСайёраДубайГоҳшумории ҳиҷрӣАҳолӣРутбаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонВирусҳоУмари ХайёмДавлати ҒазнавиёнҲамадонАспВладимир ЛенинФизикаМушхор (ҷинси рустанӣ)Кӯҳҳои ТоҷикистонЗабони арабӣҲамлаи Эрон ба Исроил (2024)ИроқКонодоКислотаПешояндНоҳияи ПанҷакентБоқӣ РаҳимзодаСалмони ФорсӣСомонАрастуМусиқии ТоҷикистонЭнергияЮНЕСКОДавлати СелевкиёнҲамсадоАбулқосим Фирдавсӣ. «Шоҳнома» (Дастхат)ТрансформаторКарбогидратҳоҶонишин (дастури забон)🡆 More