Воҳиди хӯроки чорво — воҳиди ченак ва андозагирии ғизонокии умумии хӯроки чорво.
Аввалҳои садаи XIX олими олмонӣ Албрехт Тэер бо мақсади таҳлили сифатии ғизонокии хӯроки чорво хасбедаи марғзор (ғизои маъмулии чорво)-ро пешниҳод намуд. Миқдори ҳар гуна хӯроки чорво, ки аз ҷиҳати ғизонокӣ ба 100 қадоқ (1 қадоқ — 109,5 г) хасбеда баробар буд, эквиваленти хасбедаи хӯроки чорво номида шуд. Аз рӯи таҳқиқи кимиёии хӯроки чорво муайян карданд, ки ба 100 қадоқ хасбедаи марғзор 90 қадоқ беда, 200 қадоқ картошкапоя, 350 қадоқ барги қаҳрабошалғам, 460 қадоқ лаблабуи хӯроки чорво, 600 қадоқ карам баробар аст. Солҳои 60 садаи XIX дар асоси таркиби кимиёии хӯрок ва ба чорво додани моддаҳои ғизоӣ тартиби арзёбии ғизонокии хӯроки чорво (тибқи миқдори моддаҳои ҳозим) пешниҳод шуд. Ченаки ғизонокии хӯроки чорво дар ҳар мамлакат гуногун буд. Хусусан воҳиди хӯроки чорвои скандинавӣ, эквиваленти оҳар (крахмал) ва воҳиди хӯроки чорвои шӯравӣ маъмул гашт. Дар воҳиди хӯроки чорвои шӯравӣ, ки айни ҳол дар Тоҷикистон низ истифода мешавад, ба сифати воҳид ғизонокии 1 кг сулии хушк қабул шудааст. Ҳангоми баҳо додан ба ғизонокии хӯроки чорво ғайр аз воҳиди хӯроки чорво миқдори протеини ҳозим, калсий, фосфор, каротинҳо, барои хуку мурғон таркиби аминокислотавии сафеда ва витаминҳои гурӯҳи В низ ба назар гирифта мешавад. Дар асоси воҳиди хӯроки чорво меъёри хӯроки чорворо муайян намуда, барои онҳо вояи хӯрок тартиб медиҳанд.
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Воҳиди хӯроки чорво, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.