Анҷибар

Анҷибар, атранҷибар, анҷибари бӯё (Pelargonium roseum) — як навъ нимбутта ё буттаи худрӯй.

Анҷибар
Анҷибар
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ

Дар шароити Тоҷикистон зироати яксола аст. Пояаш рост ё андак хамидаи сершох (1 — 2 м қад мекашад). Баргаш панҷамонанд (дарозиаш 4 — 5 см, бараш 5,5 — 7,5 см), думчадор, барги навсабзаш серпашмак. Гулаш гулобӣ, 5-барга (хӯшааш 2 — 12-гула). Анҷибар аслан аз Африқои Ҷанубист. Онро дар бисёр кишварҳои дунё парвариш карда, аз баргу пояаш равғани эфир мегиранд. Анҷибарро ба Тоҷикистон соли 1931 овардаанд. Анҷибар зироати гармипарвард аст. Тирамоҳ пеш аз кишт ба замин нурии органикӣ андохта, чуқур (27 — 30 см) шудгор мекунанд. Анҷибарро аз қаламча зиёд менамоянд. Баргу пояи Анҷибар барои истеҳсоли равғани эфир, одатан, моҳҳои август — сентябр ғундошта мешавад. Солҳои пеш дар хоҷагиҳои пешқадами ҷумҳурӣ аз ҳар га анҷибарзор 500—600 сентнер баргу пояи сабз ҷамъ оварда мешуд. Аз 1 т баргу пояи анҷибар 1400—1500 г равғани эфир мегиранд. Сифати равғани эфири анҷибар аз рӯи миқдори гераниол ва ситронеллоли таркиби он муайян карда мешавад. Равғани эфири анҷибари гулобӣ 51,8 — 51,9 % ситронеллол ва 21,4 — 20,2 % гераниол дорад; ментол ном моддаи таркиби равғани эфир набояд аз 15 % зиёд бошад. Равғани эфири анҷибарро дар атриёт, қаннодӣ, тиб ва истеҳсоли локу ранг фаровон истифода мебаранд.

Адабиёт

  • Қосимов Ҷ. К. (ва диг.), Зироатҳои Тоҷикистон, Д., 1975;
  • Ҳоҷиматов М., Анҷибар, дар кит.: Энсиклопедияи Советии Тоҷик (ЭСТ), ҷ. 1, Д., 1978;
  • Крачковская Л., Алимов Ф., Рекомендации по возделыванию герани в Таджикской ССР, Д., 1987;
  • Полуденный Л. В., Сотник Е. Е., Эфирно-масличные и лекарственные растения, М., 1979;
  • Флора Таджикской ССР, т. 6, Л., 1981.

Сарчашма

Tags:

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Тандурустӣ дар ТоҷикистонДаромадБарги зулфСайид Алӣ ХоманаӣОриёӣБачадонКумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонҲуқуқДонишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ПанҷакентФеҳристи орденҳои ИҶШССагҲуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии ТоҷикистонКалимаҳои туфайлӣВитамини DЗарфи сабабДавлати СомониёнРубоиёти ХайёмАлоқа дар ТоҷикистонИмороти Муттаҳидаи АрабӣҲисорОзарбойҷонСайф Раҳимзоди АфардӣКамоли ХуҷандӣИсаак Нютон12 январФароштурукНасрониёнФеҳристи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонCSSКонститутсияи ТоҷикистонИлмҳои техникӣМулло НуровАфандӣАлгоритмАнварӣРангИлмҶумлаЗарафшондарёДар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд (тафсир)СаломатӣГурдаЗебоишиносӣҲизби халқии демократии ТоҷикистонДавлати СаффориёнИнсонВоҳидҳои забонКонденсаторТуркияҶанги ҷаҳонии дувумАрастуТӯби футболБешаи палангонНишони ТоҷикистонМақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣЧаканАшӯр СафарШушФаронсаАспСоли 633Арабистони СаудӣҲаёти ҷинсӣБозии шоҳонаи УрИттифоқи нависандагони ТоҷикистонҚонунКумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонСӯхторЯманНоҳияи ВаҳдатАз адои ҷазо озод намуданАфриқоБандак (забоншиносӣ)ТабхолҶашни СадаМактабЧеҳраҳои мондагор (китоб)Давлати ҳуқуқбунёд🡆 More