Litecoin

Litecoin (аломат: Ł) - ин қисми ҷудошудаи Bitcoin, низоми пирингии электронӣ аст, ки рамзарзи ҳамномро истифода мебарад.

Барои таъмини амалкунӣ ва ҳимояи низом усулҳои криптографӣ истифода мешаванд.

Litecoin
Litecoin
Навъ рамзарз, free and open-source software[d] ва занҷираӣ блокӣ[d]
Муаллиф Charlie Lee[d]
Навишташуда дар C++
Нахустин нусха 7 октябр 2011
Охирин нусха
Иҷозатнома MIT License[d]
Вебгоҳ litecoin.org
Litecoin Парвандаҳо дар Викианбор

Litecoin барои мубодила ба Bitcoin ё ки пулҳои оинӣ дар нуқтаҳои мубодилаи арзҳо, ҳамчунин барои пардохти электронии молҳо ё ки хизматрасониҳои фурӯшандаҳои омодаи қабули он истифода шуда метавонад.

Фарқият байни биткойнҳо ва лайткойнҳо

Litecoin ҷузъи ҷудошудаи дуюмини Bitcoin баъд аз Namecoin мебошад ва аз он танҳо фарқиятҳои ночиз дорад:

Дар блокчейни биткойн блоки нав дар ҳар 10 дақиқа пайдо мешавад, дар шабакаи лайткойн бошад, ин ҷараён ҳамагӣ 2,5 дақиқаро мегирад. Барои ҳамин, амалиётҳо дар шабакаи litecoin 4 маротиба зудтар ба амал меоянд, арзиши онҳо нисбати биткойн 3-5 пасттар аст.

Майнинги лайткойнҳо боз меистад, вақте ки миқдори умумии тангаҳои коркардшуда ба 84 млн расад. Миқдори ҳадди ақали биткойнҳо 4 маротиба камтар – 21 аст.

Агар биткойн дар SHA-256 кор кунад, он гоҳ Лайткойн аз scrypt, ки аз ҷониби афсари бехатарии FreeBSD Колин Персивал коркард шудаст, истифода мебарад. Функсияи scrypt майнингро сабук мекунад.

Таърих

Litecoin тавассути муштарӣ бо коди кушод дар GitHub санаи 13 октябри соли 2011 нашр шудааст.

Дар ноябри соли 2013 Litecoin ба капитализатсияи бозорӣ дар ҳаҷми 1 миллиард доллар расид.

Дар оғози соли 2014 дастаи коркардкунандагони Litecoin алфа-версияи барномаи Android-ро интишор намуд.

Дар моҳи майи соли 2017 дар таъминоти барномавии Litecoin дастгирии SegWit фаъол карда шуд.

Дар моҳи сентябри соли 2017 амалиётҳои аввалини атомарӣ гузаронида шуданд. Дар 4 рӯз амалиётҳо байни Litecoin ва Decred, Litecoin ва Vertcoin, Litecoin ва Bitcoin гузаронида шуданд.

Дар августи соли 2021 капитализатсияи Litecoin 12,2 миллиард долларро ташкил дод.

Эзоҳ

Tags:

Биткуин

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Мирзо ФайзалӣАсри санг дар ТоҷикистонПиряхТоҷикфилмНишони ТоҷикистонФарҳанги луғатМолик ибни АнасСагПойтахтРусияЛоиқ ШералӣЛатифаApple Inc.Сурайё ҚосимоваВебгоҳЗабони инглисӣРеал Мадрид (бошгоҳи футбол)Ибораҳои шуморагӣНосири ХусравҶашни СадаТоҷикистонНоҳияи ХуросонЗабони тоҷикӣДавлати СаффориёнНерӯгоҳи барқи обии РоғунАрабистони СаудӣҲайзНавзодАнқараСоли 2000Маориф дар ТоҷикистонКитоби МуқаддасНусратулло МахсумВйетнамНоҳияи ВосеъМаркетингВузӯИроқҚалъаи ҲисорАмрикоСаратонТемуриёнИбни СиноСарбадоронФутболБозиҳои варзишӣҲизбҳои сиёсии ТоҷикистонШоҳмурод РустамФарҳангСотим УлуғзодаКитобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим ЛоҳутӣЗиндагиномаи ҳазрати МуҳаммадҶонишинҳои саволӣҚоидаҳои имлои забони тоҷикӣКислотаШуурАндозАппендиситДонишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ПанҷакентФеъл (дастури забон)Ҷанги таҷовузкоронаБемориҳои пӯстДавлатҲиротРӯзи забони давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонҲаёти ҷинсӣГурдаВазорати молияи Ҷумҳурии ТоҷикистонСаҳифаи аслӣСоли 2009БадахшонЗаминМаҷаҳКирми ҷигармак🡆 More