Эворист Голуо

Эворист Голуо (фр. Évariste Galois; 25 октябри 1811, Бур-ля-Рен, О-де-Сен, Фаронса — 31 майи 1832, Порис, Фаронса) — риёзидон фаронсавӣ, асосгузори алгебраи муосир.

Эворист Голуо
фр. Évariste Galois
Эворист Голуо
Таърихи таваллуд 25 октябр 1811(1811-10-25)[…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 31 май 1832(1832-05-31)[…] (20 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ назарияи Голуо[d]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Имзо Имзо
Эворист Голуо Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

Дар литсеи подшоҳии Луи-ле-Гран таҳсил карда, аз 16-солагӣ ба омӯзиши амиқи математика оғоз намуд. Соли 1829 ба Мактаби олии Порис дохил гардид, вале ба сабаби ширкат дар ҳаракатҳои инқилобӣ ӯро аз мактаб хориҷ карданд. Эворист Голуо барои ширкат дар ҳаракатҳои зидди подшоҳ ду бор ҳабс шудааст. Ӯ соли 1832, баъди озод шуданаш, дар синни 21-солагӣ аз тарафи душманони сиёсиаш дар дуэл кушта шуд. Қобилияту истеъдоди Эворист Голуо зуд ошкор шуда буд: дар 15-солагӣ ӯ оид ба математика маълумоти амиқ гирифта, дар синни 16-18-солагӣ натиҷаҳои муҳимро дар назарияи муодилаҳои алгебравӣ ба даст овард. Дар 20-солагӣ Эворист Голуо тавонист математикаи садаи XIX-ро ба дараҷаи баланд бардорад.

Таҳқиқот

Аз асарҳои илмиаш «Ёддоштҳо оид ба ҳалшавии муодилаҳо дар радикалҳо» нисбатан машҳур буда, дар он пешниҳодҳои муҳимми назарияи Эворист Голуо ифода ёфтаанд. Эворист Голуо дар асараш «Аз назарияи адад» назарияи майдонҳои охирнок (майдон, гурӯҳ, тақсимкунандаи нормалӣ ва ғайра)-ро таҳия намудааст. Чанд рӯз қабл аз дуэл Эворист Голуо ҳамаи фикрҳои худро тасвият дода, ба дӯсташ О. Шевалйе мактуб (васиятномаи математикӣ) менависад, ки дар он теоремаҳои асосии интегралҳои функсияи алгебравиро таҳия кардааст (онро дертар Б. Риман дар асарҳояш кашф мекунад). Таҳқиқоти Ж. Лагранж ва Н. Абелро дар бораи ҳалли муодилаҳои алгебравӣ давом дода, назарияе ба вуҷуд овард, ки дертар назарияи Галуа ном гирифт. Соли 1846 Ж. Лиувилл ҳамаи асарҳои Эворист Голуоро ҷамъ карда, дар «Маҷаллаи математикаи асил ва таҷрибавӣ» интишор намуд. Баъди ин ғояҳои Эворист Голуо таваҷҷуҳи математикҳои замонаашро ба худ ҷалб намуданд ва ба туфайли «Рисолае оид ба гузориш»-и К. Жордан, асарҳои баъдии Ф. Клейн ва С. Ли комилан дарк карда шуданд.

Ба номи Эворист Голуо танӯрае дар тарафи нонамоёни Моҳ номгузорӣ шудааст.

Эзоҳ

Адабиёт


Tags:

Эворист Голуо ЗиндагиномаЭворист Голуо ТаҳқиқотЭворист Голуо ЭзоҳЭворист Голуо АдабиётЭворист Голуо1811183225 октябр31 майЗабони фаронсавӣМатематикаПорисФаронса

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Рӯзи ҷаҳонии коргарТашкилоти буҷетӣКаломӮзбекистонБонки миллии ТоҷикистонДараҷаи низомӣДаромадСоли 2024КапитализмИтолиёЗабони инглисӣПанҷакентЗарфи маконРусияОшобаАдабиёти тоҷикКӯҳБонки ҷаҳонӣРӯзи кайҳоннавардонИнтернетМасҷиди НабавӣГурдаМор­фология (мазмунҳо)БлогТобеъшавии Осиёи Миёна ба империяи РусияДориюши IIВладимир ЛенинЭшони НуриддинҷонСарезФутболНоҳияҳои тобеи ҷумҳурӣКонститутсияи ТоҷикистонАлишер НавоӣОсорхонаи миллии ТоҷикистонВирусҳоУзвҳои таносули занонаЧароғи роҳнамоАҳолии ЗаминБонкНеъмат ҚаробоевҲуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандШоҳаншоҳии ҲахоманишӣҶанги ҷаҳонии якумБаҳористонБомдод (намоз)АминҳоХуҷандУзвҳои пешобСайф Раҳимзоди АфардӣМир Сайид Алии ҲамадонӣЗабонЗабони арабӣҶумҳурии Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонИстаравшанНависандаПизишкӣМуҳаммадИстихораМухотабШерҶоми ҷаҳонии футбол 2022Конститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонАндозАфсонаЭнергияОбҶалол ИкромӣИмороти Муттаҳидаи АрабӣШӯрои Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонИттиҳоди АврупоПешояндГули садбаргРақобат14 апрелЗиндагиномаи ҳазрати МуҳаммадЧеҳраҳои мондагор (китоб)Рутбаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон🡆 More